Дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ рӯзи 3-юми ноябри соли равон бо иштироки ҳайати устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ бахшида ба 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ доир гардид.

Дар он ёрдамчии калони Прокурори шаҳри Душанбе, мушовири адлияи дараҷаи 2 Беҳрӯз Сафарзода, сардори раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибов, дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ Саидислом Абдуҷабборзода ва мутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқӣ Сайвалии Наҷибулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, декани факултет Мастура Бӯриева ҳозиринро бахшида ба 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ин санади олии ҳуқуқиро нишонаи соҳибистиқлолӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва омили рушди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон номид.

Сипас, Беҳрӯз Сафарзода, Саидислом Абдуҷаборзода ва Сиёвуш Ҳабибов зимни суханрониҳо қайд намуданд, ки Конститутсия шоҳсутун ва шиносномаи миллат, санади тақдирсоз ва таъминкунандаи сарнавишти миллат мебошад, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои бунёдкорию созандагӣ, ки мақсади ниҳоии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоист, мусоидат менамояд.

Баъди ба даст овардани истиқлол, барои рушди давлату давлатдорӣ зарурати муайян сохтани сохтор, идора ва пойдории давлатдорӣ санаде бояд мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад. Ҳамин тавр, Конститутсияи нав қабул гардида, санади асосӣ шинохта шуд.

Дар ҳақиқат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз беҳтарин конститутсияҳо ҳисобида мешавад. Он ифодакунандаи арзишҳои волотарини инсонӣ буда, ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои инсон зери ҳимояи он қарор доранд.

 

Тағоймурод Эшзода