Дар мавзуи “Нақши Конститутсия дар бунёди ҷомеаи навин” 5-уми ноябри соли равон дар назди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ маҳфили илмии донишҷӯён тањти унвони “Ҳуқуқдони замони муосир”  баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро мудири кафедра профессор Ҷамрод Бобозода оғоз намуда, иброз дошт, ки маърифати конститутсионӣ маънои шинохти амиқи Конститутсия, арзишҳои он ва истифодаи оқилонаи ҳуқуқу озодиҳои дар он пешбинишударо дорад. Ин маърифат яке аз рукнҳои асосии ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад. Маърифати конститутсионӣ омили муҳимест барои рушди ҷомеаи солим, адолатпарвар ва ҳуқуқбунёд.

Барои устувории давлат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардум, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд Конститутсияро бишносад, ба он эҳтиром гузорад ва дар асоси он амал кунад. Маърифати конститутсионӣ маънои шинохтани мазмун, моҳият ва амалкарди Конститутсия ва дигар санадҳои асосии қонунгузориро дорад.

Устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Савриддин Ятимов иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосӣ дар рушди иқтисоди миллӣ нақши калидӣ дорад. Он бо муайян кардани шаклҳои гуногуни моликият, таъмини озодии фаъолияти иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқи моликият ва танзими сиёсати иқтисодии давлатӣ заминаи устувори ҳуқуқиро барои рушди иқтисод фароҳам меорад.

Дар маҳфил донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-24010302 Умедаи Хуҷамурод дар мавзуи “Конститутсия ва маърифат ду пояи асосии давлатдории миллӣ”, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-24010302 Қурбонова Парвина дар мавзуи “Конститутсия асоси тамаддуни демократӣ ва озодии инсон”, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-24010302 С. Каримов дар мавзуи “Конститутсия - бахтномаи миллат” ва донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-24010302 Љ. Сулаймонов дар мавзуи “Конститутсия - кафили ҳуқуқи инсон” баромад намуданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия