Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Баҳисобгирии муҳосибӣ

Бобомуродов Бобомурод Элмуродович

Мудири кафера

Бобомуродов Бобомурод Элмуродович

номзади илми иқтисод, дотсент


Кабинет: 307

E-mail: b.bobomurodov@tgfeu.tj

Маълумот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Фанҳои таълимӣ: Назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ, Баҳисобгирии молиявӣ, Таърихи ҳисобдорӣ, Тафтиш ва назорат

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Идоракунии хароҷотҳо дар соҳаи саноати хӯрокворӣ.

Нашрияҳои асосӣ: 1-А Бобомуродов Б.Э. Асосҳои назариявии даромадҳои хоҷагии хонаводаҳо дар низоми нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ / Б.Э. Бобомуродов// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ. ISSN 2413-5151. 2019/№8. - С.126-131. 2-А Бобомуродов Б.Э. Ҷанбаҳои назариявии иртиботи мутақобилаи молия бо дигар категорияҳои иқтисодӣ дар раванди тақсимнамоии арзиш / Г.Н. Оймаҳмадов, Б.Э. Бобомуродов, Ғ.Р. Расулов // Паёми молия ва иқтисод. № 4 (20). ISSN 2663-0389. 2019. - С.44-52. 3-А Бобомуродов Б.Э. Масоили назариявии ташаккули захираҳои молиявии хоҷагиҳои хонавода./ Б.Э. Бобомуродов// Паёми молия ва иқтисод. № 1 (21). ISSN 2663-0389. 2019. - С.140-147. 4-А Бобомуродов Б.Э. Хоҷагии хонавода ҳамчун категорияи иқтисодӣ ва зинаи мустақили низоми молиявӣ.//Маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ «Низоми идоракунии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир» - Душанбе: Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Молия”, 2014. саҳ. 214-219. 5-А Бобомуродов Б.Э. Захираҳои молиявии хонаводаҳо: таносуби мақбули байни андӯхту истеъмол. //Маводҳои конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ. «Назария ва амалияи рушди соҳаҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - Душанбе: ДМИТ, 2015. саҳ.79-84. 6-А Бобомуродов Б.Э. Ташаккул ва гурӯҳбандии захираҳои молиявии хонаводаҳо.//Маводҳои конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ. «Тоҷикистон ва бозори ҷаҳонии қоғазҳои қиматнок: замина ва имкониятҳои иштирок» - Душанбе: ДМИТ, 2018. стр.174-181. 7-А Бобомуродов Б.Э. Бухгалтерский учет- составная часть управленческой и информационной системы организации. // Сборник материалов респ. научно-практ. конф. «Актуальные вопросы отраслевой статистики в Республике Таджикистан: методы и методологические аспекты» - Душанбе: ФЭИТ, 2018. стр.109-114. 8-М Бобомуродов Б.Э. Вобастагии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ва сарбории нафақаи аҳлу аёл.// Маҷмӯаи фишурдаҳои конференсияи илмӣ - назариявии ДДМИТ бахшида ба Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ –Душанбе: ДДМИТ, 2018. стр.34-35. 9-А Бобомуродов Б.Э. Вопросы учета нематериальных активов в рыночной экономике.// Сборник материалов межд. научно-практ. конф. «Таджикистан в условиях глобализации: национальные и международные аспекты» - Душанбе: ТГФЭУ, 2018. стр.79-82 10-А Бобомуродов Б.Э. Финансы домашних хозайств и их место в теории финансов. // Сборник материалов респ. научно-практ. конф. «Состояние банковской системы Республики Таджикистан в условиях финансового кризиса» - Душанбе: ТГФЭУ, 2019. стр.102-107. 11-А Бобомуродов Б.Э. Персональный бухгалтерский учет домашнего хозайства: проблемы теории./ Б.Э. Бобомуродов, Б.К. Рахматов.// Сборник материалов респ. научно-практ. конф. «Бухгалтерский учет и его совершенствовние» - Душанбе: ТАУ имени Ш.Шотемир, 2020. стр.386-392. 12-А Бобомуродов Б.Э. Иқтидори сармоягузории пасандозҳои хонаводаҳо дар шароити буҳрони эътимод ба низоми молиявӣ./Ш.Қ.Хайрзода, Б.Э. Бобомуродов// Маводҳои конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ. «Нақши мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амният ва рушди иқтисодӣ» - Душанбе: ДДМИТ, 2020. стр.79-84.


Таърихи кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ

Тибқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбии муассисаҳои олии таълимӣ» ва банди 4 Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, таҳти № 36/И аз 9-уми июли соли 2010-ум кафедраи «Ҳисобдорӣ, таҳлил ва аудит» ҳамҷун кафедраи тахассусӣ таъсис ёфт. Бо фармони ректори ДМТ, таҳти № 38/И, аз 12 июли соли 2011 кафедраи мазкур ба ду кафедраи мустақил: «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит», «Омор ва таҳлил» ҷудо карда шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 227 аз 11 майи соли 2012 дар заминаи Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъсис дода шуд. Инчунин Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро соҳиб шуд, ки кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ бо ҳамин ном дар зерсохтори факултети ҳисобдорӣ ва омор нигоҳ дошта шуд. Бо қарори ШО ДМИТ, таҳти № 1 аз 30 майи соли 2014 ва фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон № 39 аз 31 майи соли 2014 сохтори ДМИТ ва дар таркиби факултети ҳисобдорӣ ва омор кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит тасдиқ карда шудааст. Мудирии кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудитро н.и.и., дотсент Раҳимов С.Ҳ. ба ӯҳда дошт. Бо фармони ректори ДМИТ, таҳти № 114/И, аз 8 июли соли 2014 кафедраи мазкур ба ду кафедраи мустақил: «Баҳисобгирии муҳосибӣ», «Аудит ва ревизия» ҷудо карда шуд. Аз моҳи ноябри соли 2014 то моҳи январи соли 2019 н.и..и., дотсент Пираков Р.М. ва аз моҳи феврали соли 2019 то моҳи феврали 2022 н.и.и., дотсент Маъдиев С вазифаи мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибиро ба ӯҳда доштанд. Тибқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 16.02.2022 то инҷониб иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бобомуродов Б.Э. мебошад. Дар солҳои 2009-2012 дар ташкил ва рушди кафедра устодони зерин саҳмгузор мебошанд: устодон Раҳмонов А.М., Раҳимов З., Раҳимов С.Ҳ., Аҳмадҷонова С., Солиев Н.Н., Исматов А.Ҳ., Бобомуродов П.Ҳ., Олимов Д.А.,Султонова С.М., кор ва фаъолият намудаанд. Ҳоло бошад дар кафедра устодони зерин кору фаъолият намуда истодаанд: доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифов З.Р., н.и.и., дотсент Маъдиев С., н.и.и. Бобомуродов Б.,Э., н.и.и. Олимов Д.А., н.и.и. Раҳматов Б.Қ., муаллимони калон Раҳимов З., Каримов Н.Я., Иброҳимов Т.Р., Султонова С., Шарифова Р., Қосимов Т., ассистентон Тоҷиддинова З.С., Бобомуродов П.Ҳ., Мирзозода А.Д., Тилакмуродова С.Д., Абдураҳмонов С., Ҳукматов Д.Ҷ., Раҷабов С.Р. Аз рӯи ихтисосҳои факултети ҳисобдорӣ ва омор, кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ яке аз кафедраҳои пешқадам дар ҷумҳурӣ ба шумор рафта, бо бисёр муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ робитаи зиҷи ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла, бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази такмили иҳтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти иқтисодиёти кишоварзии академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. Ҳамҷунин дар кафедра солҳои тӯлонӣ мутаҳассисони шинохтаи соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, кишоварзӣ ва устодони кафедра ба донишҷӯён зиёда аз 30 - фанни таълимӣ дарс мегӯянд. Яке аз мақсадҳои ниҳоии устодони кафедра ин таъмини донишҷӯён бо маводҳои таълимӣ мебошад. 

Ҳамзамон оид ба фанҳои таълимие, ки аз ҷониби устодони кафедра аз рӯйи ихтисосҳои: 

1. Ихтисоси 1-25010800-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, дар шуъбаи рӯзона; 

2. Ихтисоси 1-25010801-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо дар таҳсилоти рӯзона ва фосилавӣ;

3. Ихтисоси 1-25010803-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона; 

4.Ихтисоси 1-25010805-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона; 

5.Ихтисоси 1-25010814-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар ФИБ дар шуъбаҳои рӯзона. 

6. Ихтисоси 1-25010800-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар шуъбаи магистратура ва ихтисоси 25010801-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо дар шуъбаи ғоибонаи таҳсилоти 2-юми олӣ фаъолият карда истодаанд, таълим дода мешаванд.

Барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ, силлабус барои бахшҳои низоми таҳсилоти кредитӣ, тестҳо барои қабули имтиҳоноти фосилавию имтиҳоноти ҷамъбастӣ, мавзӯҳои лексионӣ дар шакли слайд, мавзӯҳои корҳои курсӣ ва рисолаҳои ҳатм, барномаи таҷрибаомӯзӣ, нақшаи дурнамои корҳои илмию амалии устодони кафедра дар намуди ҷопӣ ва электронӣ аз тарафи ҳайати профессорон ва дотсентони кафедра тайер карда шудаанд. Кафедра бо васоитҳои техникӣ пурра таъмин буда, дорои се адад компютери пайваст бо ҳати интернет ва се адад принтер мебошад, ки устодон аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар назди кафедра синфхонаҳои методӣ бо компютерҳо ва ба шабакаи Интернет пайваст карда шудааст. Бо ин васила имконият пайдо мешавад, ки донишҷӯён ва устодони ҷавон тамоми раванди тадқиқотҳои илмӣ бо истифодаи усулҳои муосири техникӣ дониши худро такмил диҳанд. Самти илмии кафедра аз соли 2012 то соли 2017 дар мавзӯи «Масъалаҳои ислоҳоти ҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот мувофиқи СБҲМ, ҳолати аудити дохилӣ ва берунӣ дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ» тасдиқ шуда буд, ки ба пуррагӣ ба анҷом расонида шуд. Мавзӯҳои нави самти илмии кафедра аз соли 2018 то соли 2022 бо номи «Ташаккули рушди Консепсияи миллии баҳисобгирии муҳосибӣ ва нақши он дар таъмини рушди устувори иқтисодиети миллӣ» равона карда шудааст, ки устодони кафедра вобаста ба ин мавзӯъ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодаанд. Кафедра дар тӯли фаъолияти худ ҳарсол конфронс, мизи мудаввар ва семенарҳои илмӣ-амалӣ мегузаронад. Инҷунин дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои фаннӣ амал мекунанд. Кафедра дорои заминаи пуриқтидори зеҳниву моддӣ - теҳникӣ ва кадрӣ буда, аз рӯи ихтисосҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир мутахассис омода мекунад.