Менеҷменти молиявӣ

мудири кафедра
Саидаҳмадов Фаррух Бобоқулович
н.и.и., дотсент
Ауд.: Бинои таълимии II
Утоқ: 115
E-mail: f.saidahmadov@tgfeu.tj
Маълумот: Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Сармоягузориҳои байналхалқӣ
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Баъзе муаммоҳои низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯза . Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ дар шароити иқтисодиёти кушодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои конференсияи илмӣ – назарявии Ҷумҳуриявӣ (Душанбе, 19 феврали соли 2016) саҳ; 203. Ҳавасмандгардонии андозӣ рушди соҳибкории истеҳсолӣ. Маҷмӯи мақолаҳои конфронси илмӣ – назариявии устодон ва донишҷӯёни ДМИТ бахшида ба 25 солагарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22-23 апрели-2016). Саҳми Бонки милли Тоҷикистон дар устуворнигоҳдории сиёсати пулию қарзӣ. Конфронси илми –амалӣ Ҷумҳурияви дар мавзӯи «Рушди хизматрасониҳои молиявӣ дар шароити ҳамгироии хоҷагии Ҷаҳони» (Душанбе 31- марти соли 2017). Назорати молиявӣ ва такмили он дар шароити муосир п а ё м и донишгоҳи миллии тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ) бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ. Душанбе: «Cино» 2015 2/4. (169). Маркетинги кишоварзи вазифаҳо ва таҳлилӣ доираи макетингӣ Академияи илмҳои кишоварзи Тоҷикистон инистути иқтисодиёти кишоварзи маводҳои семинари илмию амалии минтақавӣ «Арзёбии иқтисодии маҳсулоти км\ишоварзи дар бозорҳои озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон» Душанбе 2018.
Нашрияҳои асосӣ: Баъзе муаммоҳои низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯза Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ дар шароити иқтисодиёти кушодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои конференсияи илмӣ – назарявии Ҷумҳуриявӣ (Душанбе, 19 феврали соли 2016) саҳ; 203.
ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «МЕНЕҶМЕНТИ МОЛИЯВӢ»
Кафедраи менеҷменти молиявӣ мувофиқи фармони ректори ДМИТ аз 30.05.2012, таҳти № 1/6.2 ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ ташкил карда шудааст. Талаботи ташкил намудани кафедра барои мусоидат дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси замони муосир, барои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати молияи вилотятҳо, ноҳияҳо, шуъбаҳои молиявии корхонаҳо, ташкилотҳо, бонкҳо, лоиҳаҳои инвеститсионӣ, нафақавӣ ва дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ, ки донишҳои касбӣ дар соҳаи молия, иқтисодиёт, талаб менамоянд, алоқамандӣ дорад. Кафедраи менеҷменти молиявӣ тахассусӣ буда, дар он аз ду ихтисос 1-25010410 менеҷменти молиявӣ ва 1-26010303 идоракунии молияи давлатӣ матахассис тайёр мекунад.
Дар назди кафедра маҳфили илмии «менеҷер- сармоягузор» ,ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва ба корҳои илмӣ омодасозии онҳо фаъолият менамояд. Дар маҳфилҳои мазкур донишҷӯён таҳти роҳбарии профессорону дотсентон ва омӯзгорони калони кафедра бо гузоришу маърӯзаҳои илмӣ дар семинару маҳфилҳо иштирок менамоянд ва ба конфронсҳои дохилидонишгоҳию олимпиадаҳо ва берун аз он пешбарӣ карда мешаванд. Дар раванди фаъолият кафедра конфронс ва мизҳои мудаввари илмӣ-амалиро дар мавзӯҳои гуногуни молиявӣ, бонкдорӣ, ва сармоягузорӣ мунтазам дар он устодон ва донишҷӯён бо маърӯзаҳои худ баромад менамоянд.
Кафедра барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методиро дар асоси талаботи кунунӣ ва раванди таълимӣ таҳия карда баромад, ки ба шароити нави таълим ва хоҷагидорӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҳоло кафедраи менеҷменти молиявӣ яке аз кафедраҳои асосии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ мебошад, ки барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи молия ва иқтисодиёт саҳм мегузорад. Дар кафедра устодони соҳибтаҷриба аз рӯи ихтисосҳои менеҷменти молиявӣ, ва идоракунии молияи давлатӣ, мудири кафедра н.и.и.,дотсент Нуров Ш.С., н.и.и.,дотсент Ҷураев Х.Ғ., н.и.и.,дотсент Мирзоева Е.Ш.., ассистентон Амиров М.С. Саъдиев Ҳ.Ф., Файзуллоев К.Ҷ. Ҳакимова М.С., ва Толибова Ш.М. кор ва фаъолият намуда истодаанд.