Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Фанҳо

ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ «АУДИТ ВА РЕВИЗИЯ»

  • Аудит – яке аз фанҳои асосӣ барои тамоми ихтисосҳои иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, барои ба донишҷӯён пешниҳод кардани донишҳои асоснок оид ба мафҳумҳои санҷиши аудиторӣ, банақшагири аудиторӣ, далелҳои аудиторӣ, таваккали аудиторӣ ва дигар мафҳумҳо мусоидат менамояд. Ҳамчунин фанни аудит маҷмӯи маълумотҳои назариявию амалӣ оид ба ҷараёни ташкили аудити фаъолияти субъектони иқтисодӣ, рафти санҷиш ва натиҷаҳоро аз санҷишҳои гузаронидашуда ба донишҷӯён таъмин менамояд. Аз бар кардани фани мазкур ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки онҳо қобилияти гузаронидани санҷиш ва таҳлили фаъолияти дилхоҳ корхонаҳоро аз бар намоянд.

  • Асосҳои аудит – ҳамчун фанни баззавӣ барои ихтисосҳои аудит ва ревизия, баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дониста шуда, барои дигар ихтисосҳои иқтисодӣ ҳамчун фанни зарурӣ дониста мешавад. Фанни асосҳои аудит асосҳои назариявии ташкил ва гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ, усулҳо ва қоидаҳои илман асосноки санҷишҳои аудиторӣ, инчунин дигар самтҳои ба ташкили чорабиниҳои санҷишӣ алоқамандро дар бар мегирад.

  • Аудит ва назорат – яке аз фанҳое мебошад, ки барои ба донишҷӯён омӯзонидани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалӣ оид ба мазмун ва моҳияти аудит, фаъолияти аудиторӣ, моҳияти назорат, усулҳои назоратӣ, моҳияти корҳои назоратӣ дар амалияи фаъолияти корхонаю муассисаҳо, ҷараёни ташкили фаъолияти санҷиши аудиторӣ ва корҳои назоратӣ мусоидат менамояд.

  • Асосҳои фаъолияти ревизионӣ барои ихтисосҳои иқтисодӣ яке аз фанҳои асосӣ ба шумор рафта, барои омода кардани донишҷӯёни дорои донишҳои амиқи назариявию амалии фаъолияти назоратию ревизионӣ мусоидат менамояд. Дар рафти омӯзиши фан донишҷӯён як қатор мафҳумҳоро аз қабили назорат, ревизия, принсипҳо, методҳо, банақшагирӣ, вазифаҳои назорат нақши назорат дар идоракунии иқтисодиёт, намудҳои назорат, банақшагирии рафти ревизия, ҳуҷҷатноккунии натиҷаҳои ревизия, хулосаҳо ва дархостҳо оид ба маводҳои аз натиҷаҳои ревизия ба дастомада аз бар менамоянд.

  • Назорат ва тафтиш. Бо мақсади омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи аудит ва ревизия, баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит ва дигар ихтисосҳои иқтисодӣ, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй мебошад, зарур аст, ки донишҷӯёнро бо донишҳои назариявию амалии соҳаи назорат ва тафтиш таъмин намоем. Бинобар ин омӯзиши фанни назорат ва тафтишро барои таъмини чунин шароит муҳим шуморидан мувофиқи мақсад аст.

  • Назорати молиявӣ ва аудит. Фанни назорати молиявӣ ва аудит яке аз фанҳои муҳими кафедраи аудит ва ревизия ба ҳисоб рафта, дар ҷараёни омӯзиши фанни мазкур донишҷӯён ба механизми назорати молиявӣ, рафти назорат, натиҷаҳои назорати молиявӣ ва аудит ва дигар самтҳои лозимӣ шиносоӣ пайдо менамоянд. Дар шароити имрӯза идора кардани муносбатҳои молиявӣ аз сатҳи баланди корҳои назоратӣ вобастагии калон дорад. Бо мақсади таъмини самаранок истифодабарии захираҳои молиявӣ дар ҶТ мақомотҳои дахлдор таъин шудаанд, ки корҳои назоратиро дар соҳаи идоракунии молиявӣ ба роҳ мемонанд.

  • Назорат ва аудити фаъолияти суғурта. Фанни назорат ва аудит барои тахассуси суғурта яке аз фанҳои муҳим ба ҳисоб рафта, баҳри омӯзонидани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалӣ оид ба мазмун ва моҳияти аудити фаъолияти суғуртавӣ, аудити ҳисоботҳои молиявии ширкатҳои суғуртавӣ, аҳамияти санҷиши аудиторӣ ва назорат дар таъмини дуруст истифодабарии дороиҳои ширкатҳои суғуртавӣ, нақши усулҳои назорат дар пешрафти корҳои назоратӣ – тафтишии фаъолияти ширкатҳо, рафти чорабиниҳои назоратӣ дар амалияи фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ, мусоидат менамояд.

  • Стандартҳои байналмилалии аудит. Фанни стандартҳои байналмилалии аудит барои тайёр намудани иқтисодчиён аз руи ихтисоси аудит ва ревизия, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит ва дигар ихтисосҳои иқтисодӣ яке аз фанҳои асосӣ ва муҳим ба шумор меравад. Чунки мақсади омузиши фан ба мутахассисони оянда омӯзонидани донишҳои назариявию амалӣ оид ба методология ва ташкили санҷиши аудиторӣ дар заминаи талаботҳои стандартҳои байналмилалии аудит мебошад. Нақши стандартҳои байналмилалии аудит дар пешрафти фаъолияти ширкатҳои аудиторӣ нақши ҳалкунгандаро мебозад. Фанни мазкур имконият медиҳад, ки хизматрасонии аудиторон бо сифати баланд иҷро карда шаванд. Фанни стандартҳои байналмилалии аудит имконият медиҳад, ки донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ ба маҷмӯи стандартҳои байналмилалии соҳаи аудит шиносоӣ пайдо намоянд. Стандартҳои байналмилалии аудит дар таъмини эътимоднокии ҳисоботи молиявӣ нақши ҳалкунанда дошта, барои гузаронидани санҷиши аудитории баландсифати фаъолияти молиявию-хоҷагидорӣ мусоидат менамояд.

  • Аудит дар бонкҳо. Фанни аудит дар бонкҳо ҳамчун фанни муҳим дониста шуда, асосҳои назариявию амалии фаъолияти аудиториро дар муассисаҳои бонкӣ нишон медиҳад. Дар фанни мазкур маълумотҳои илман асосноки соҳаи аудити бонкӣ ва таҷрибаи ширкатҳои намунавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи донишҷуён расонида мешавад.

  • Ташаккули аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Фанни таълимӣ иттилооти заруриро оид ба таърихи ташаккули аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва марҳилаҳои ташаккулёбии он дар бар гирифта, ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки то аз таърихи пайдоиши аудит ва раванди ташаккулёбии он огоҳ бошанд. Фани таълимӣ таърихи ташаккул ва ҷараёнҳое, ки барои ташаккули аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кардаанд ва карда истодаанд, бо далелҳои устувор дар бар мегирад.

  • Усулҳои аудити андозбандӣ дар корхонаҳо. Дар ин фан усулҳои аудити андозбандӣ, ки дар фаъолияти корхонаҳо мавриди истифода қарор мегиранд, омӯхта мешавад. Фанни мазкур дорои объект ва усули омӯзиш буда, барои ба мутахассисони соҳаҳои иқтисодӣ таъмин кардани донишҳо оид ба усулҳои аудити андозбандӣ дар корхонаҳо мусоидат менамояд.