Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Андоз ва суғурта

Мукимов Кудбуддин Мирзоджонович

Мудири кафедра

Муқимов Қудбуддин Мирзоҷонович

Номзади илмҳои иқтисод, дотсент


Кабинет: 105

Ауд.: Бинои таълимии I

E-mail: k.muqimov@tgfeu.tj

Маълумот: Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: «Природа и факторы инфляционных процессов в условиях переходной экономики (на примере Республики Таджикистан)»

Нашрияҳои асосӣ: 1. Монография: «Инфляционные процессы в Республике Таджикистан: природа и факторы», Душанбе, 2013г., «Ирфон», 160 стр., 10п.л. 2. Васоити таълимӣ: «Андоз ва андозбандӣ дар пурсиш ва посух», Душанбе, 2014 «Олами китоб», 102-саҳ, 7,0 ҷ.ч. 3. Дастури таълимӣ: «Ҳисоббаробариҳои молиявӣ», Душанбе, 2018; ҶДММ «Нашри камол», 164-саҳ, 10,3 ҷ.ч. 4. Дастури таълимӣ: «Намунаи супоришҳои тестӣ аз фанни математика дар иқтисодиёт», барои таҳсилоти кредитӣ, Душанбе, 2018; Муассисаи нашриявии «Олами дониш», 206-саҳ, 12,8 ҷ.ч. 5. Научная статья: «Систематизация продукта как эффективное условие государственного регулирования банковской деятельности», Вестник ТНУ, №3,2018, стр. 63-65; 6. Научная статья: «Исследование банковского кредитования в направлении развития предпринимательства», Вестник ТНУ, №4, 2018, стр. 37-41; 7. Научная статья: «Совершенствование институциональных предпосылок привлечения инвестиционных ресурсов в экономику Республики Таджикистан», Вестник ТГФЭУ, №3 (11), 2017, стр. 34-41; 8. Научная статья: «Проблемы регулирования инфляции в Таджикистане: анализ и механизмы», стр. 111-116, Материалы международной научно-практической конференции на тему: «Эффективность управления государственными финансами и его значение в устойчивом развитии национальной экономики», Душанбе, 1-2 декабря 2016г. «Нашр», 224 стр.; 9. Научная статья: «Зеленая экономика как основа повышения эффективности инвестиционных вложений в сельское хозяйство Таджикистана», Материалы международной научно-практической конференции на тему: «Проблемы развития международного туризма в Республики Таджикистан », Душанбе, 3 декабря 2016г.; 10. Научная статья: «Особенности инфляционных процессов в Таджикистане», стр. 148-159, Материалы международной научно-практической конференции на тему: «От исследования к политике и от политики к практике в количественных социально-экономических исследованиях в современной экономической эре», Душанбе, 22-23 октября, 2015г. «Нашр», 160 стр.; 11. Мақолаи илмӣ: Мақоми фаъолияти соҳибкорӣ дар ташакулёбӣ ва рушди корхонаҳои хурд ва миёна, саҳ. 36-39, Маводҳои конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Назария ва амалияи рушди соҳаҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Душанбе, 10 ноябри соли 2015, ДМИТ, 260 саҳ. 12. Мақолаи илмӣ: «Нақш ва мақоми сиёсати андоз дар пешравии фаъолияти соҳибкории хурд ва миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», саҳ. 176-184, Маводҳои конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мушкилоти рушди устувори иқтисодӣ ва инсонӣ», 28 октябри соли 2014, Душанбе, 2014, 400 саҳ. 13. Мақолаи илмӣ: «Сохти низоми андоз ва таъсири он ба рушди устувор дар ҷомеъа», саҳ. 204-210, Маводҳои конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мушкилоти рушди устувори иқтисодӣ ва инсонӣ», 28 октябри соли 2014, Душанбе, 2014, 400 саҳ. 14. Мақолаи илмӣ: «Таъсири ҷараёнҳои таваррум ба низом ва методикаи ҳисобдории муҳосибӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ», саҳ. 68-71, Маҷмӯаи мақолаҳои конференсияи илмӣ-назариявии апрелии ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни ДМИТ бахшида ба Соли оила, 24-25 апрели соли 2015, Душанбе, 2015, 388 саҳ. 15. Научная статья: «Государственная регистрация предпринимателей. Первые достижения», стр. 124-128, Сборник статей апрельской научно-теоретической конференции профессорско-преподавательского состава и студентов ФЭИТ, посвященной Году семьи, 24-25 апреля 2015г., Душанбе, 2015, 388 стр. 16. Мақолаи илмӣ: «Нақши андозҳои ғайримустақим дар ташаккулдиҳии даромади буҷети давлатӣ», саҳ. 281-285, Маҷмӯаи мақолаҳои конференсияи илмӣ-назариявии апрелии ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни ДМИТ бахшида ба 20-солагии таҷлили Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-26 апрели соли 2014, Душанбе, 2014, 608 саҳ. 17. Мақолаи илмӣ: «Нақш ва аҳамияти андози иҷтимоӣ дар таъмини ҳифти иҷтимоии аҳолӣ», саҳ. 285-288, Маҷмӯаи мақолаҳои конференсияи илмӣ-назариявии апрелии ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни ДМИТ бахшида ба 20-солагии таҷлили Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-26 апрели соли 2014, Душанбе, 2014, 608 саҳ. 18. Научная статья: «Инвестиционный климат в переходной экономике: сущность, содержание и структура», стр. 48-55, Вестник Финансово-экономического института Таджи- кистана (научный журнал), Душанбе, 2013г. 19. Научная статья: «Экономические ученые об основах формирования смешанной экономики», стр. 123-128, Сборник статей апрельской научно-теоретической конференции профессорско-преподавательского состава и студентов ФЭИТ, Часть 1, 2013г., Душанбе, 2013, 432 стр. 20. Научная статья: «Формы инфляции и некоторые особенности их проявления в экономики Таджикистана» Вестник Таджикского национального университета (научный журнал), 2011г., №7, 0,6 п.л.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «АНДОЗ ВА СУҒУРТА»

Кафедраи андоз ва суғурта, яке аз ҷузъи таркибии факултети иқтисод ва бизнес ба шумор рафта, дар тайёр намудани мутахассисони касби равияи андозу андозбандӣ, суғурта ва кори реклама саҳми муайянеро ишғол менамояд.

Фаъолияти кафедра дар самти таълимӣ, таълими-методӣ, илмию тадқиқотӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва тарбиявӣ то имрӯз бо нақша ва мақсадҳои дар доираи талаботи МТОК мутобиқ буда, мунтазам анҷом ёфта истодааст. 

Кафедрҳои андоз ва андозбандӣ ва суғурта мувофиқи фармоиши ректори ДМИТ аз 30.05.2012, таҳти №1/6.2 ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ дар алоҳидагӣ таъсис дода шуда буданд ва то моҳи сентябри соли 2023 фаъолият намуда, бинобар сабаби зарурияти истеҳсолӣ мувофиқи фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 04.09.2023 таҳти рақами №196/Ш “Дар бораи муттаҳид намудани кафедраҳо ва гузаронидан ба кори дигари доимӣ” кафедраи андоз ва андозбандӣ ва кафедраи суғуртаи факултети иқтисод ва бизнес муттаҳид карда шуда, ба кафедраи андоз ва суғурта табдили ном карда, айни замон фаъолият намудаистодааст, ки мувофиқ ба ҳаҷми сарбории муайянгардида, дар гурӯҳҳои низоми таҳсили кредитӣ фаъолияти худро пеш мебарад.

Кафедраи андоз ва суғурта кафедраи тахассусӣ буда, дар он се ихтисос: ихтисосҳои 1-25010403-андоз ва андозбандӣ, 1-25010404-суғурта ва 1-2301020303-кори реклама амал мекунанд. Дар тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои худ кафедра ба вазоратҳо, кумитаи андоз, хадамоти гумрук, идораи назорати суғуртавӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ, корхонаву муассисаҳо ва ғайра саҳмгузорӣ намуда истодааст. 

Сайри таърихии кафедра. Соли 1997 мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ н.и.и., дотсент Оймаҳмадов Г.Н. таъин гардид. Соли 1998 дар заминаи кафедраи андоз ва андозбандӣ, кафедраи муомилоти пул ва қарз таъсис дода шуд. Мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ н.и.и., дотсент Бегматов А.А. ва мудири кафедраи муомилоти пул ва қарз н.и.и., дотсент Оймаҳмадов Г.Н. таъин гардиданд. Баъдан дар соли 2003-ум тибқи фармони ректори Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, таҳти рақами №370-д/н аз 10.09.2003 дар заминаи кафедраи муомилоти пул ва қарз, кафедраҳои молия ва умури бонк таъсис дода шудаанд. Мудири кафедраи умури бонк д.и.и., профессор Гулмирзоев Д.Г. ва мудири кафедраи молия н.и.и., дотсент Оймаҳмадов Г.Н. таъин гардиданд. Тибқи фармоиши ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис ва сохтори кафедраҳо», таҳти рақами №44-д/н аз 1 феврали соли 2010 дар заминаи кафедраҳои молия  ва андоз ва андозбандӣ дар ҳайати факултети иқтисодиёт ва молия, кафедраи молия ва андоз таъсис дода шуд. Баъдан соли 2012 кафедраи андоз ва андозбандӣ мувофиқи фармони ректори ДМИТ аз 30.05.2012, таҳти №1/6.2 таъсис дода шуда, аз давраи соли 2012 то моҳи сентябри соли 2023 фаъолият карда, сарварии кафедраро устодони зерин: н.и.и., дотсент Ҷумъабоев Х.Қ., (2012-2016), н.и.и., дотсент Исломов Т.С., (2016-2020) ва н.и.и., дотсент Шукуров С.М., (2020-2023) ба ӯҳда доштанд. 

Тули солҳое, ки кафедраи андоз ва андозбандӣ ва кафедраи суғурта фаъолият кардааст, устодони соҳибтаҷриба аз қабили  дотсентон Бегматов А.А., Оймаҳмадов Г.Н., Орипов А.О., Маъдиев С., Шомуродов Ф., Ҷумабоев Х.Қ., Шаропов Н., Ҳомидов А.У., Сайфуров К., Камолов К.З., Шарипов У., ва дигарон кор ва фаъолият кардаанд. Бо ҷалби коршиносони соҳаи андоз, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораи назорати суғуртавӣ, ҳамчун воҳиди таркибии Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин аз раёсатҳо ва нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои суғуртавӣ КВД Тоҷиксуғурта дар фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии кафедраҳои зикршуда, иштирок намудаанд.

Тибқи фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 03.11.2023 таҳти рақами №281/Ш, айни замон сарварии кафедраи андоз ва суғуртаро н.и.и., дотсент Муқимов Қудбуддин Мирзоҷонович ба ӯҳда доранд.  

Кафедраи андоз ва суғурта тасмим гирифтааст, ки дар робитаи зич бо Кумитаи андоз назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораи назорати суғуртавӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ ҳамкориро ба роҳ монда, аз ҳисоби донишҷуён мутахассисони омадакардаи худро пайваста барои сафарбар намудан ба мақомотҳои зикргардида, пешниҳод намояд.

Дар назди кафедра масъалаи баланд бардоштани сифати таълим ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани мутахассисони оянда дар мадди аввал гузошта шудааст. Кафедра барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методиро дар асоси талаботи стандартӣ ва раванди таълимӣ таҳия карда ба шароити нави таълимӣ ва фаъолияти иқтисодию молиявӣ ҷавобгӯ гардонидааст. Айни ҳол, кафедраи андоз ва суғурта яке аз зерсохторҳои асосии факултаи иқтисод ва бизнес маҳсуб меёбад, ки барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла мутахассисони андозу суғурта саҳм гузошта истодааст.

Ҳайати устодони штатии кафедраи андоз ва суғурта дар соли таҳсили 2024-2025 инҳоянд:

1.Муқимов Қудбуддин Мирзоҷонович,  н.и.и., дотсент, мудири кафедра;

2.Исломов Тоҳир Султонмуродович, н.и.и., дотсент;

3.Шукуров Сӯҳроб Музафаршоевич, н.и.и., дотсент;

4.Шодиев Фирдавс Тошмаматович, н.и.и., муаллими калон;

5.Гулмуродзода Робиямоҳ Гулмурод, н.и.и., дотсент;

6.Ҳусайнов Муродали Сайдамирович, н.и.и., дотсент;

7.Халифазода  Ҷовидон Бобохон, н.и.и., муаллими калон;

8.Темуров Раҳматулло Маҳмадуллоевич, муаллими калон;

9.Маҳмадкаримов Хушнуд Шоҳабдураҳимович, муаллими калон;

10.Қарахонова Нигина Маҳмадназаровна, ассистент;

11.Ормонова Моҳрӯ Муҳаммадиевна, ассистент;

12.Қурбонова Шаҳноза Бобишоевна, ассистент;

13.Пирова Матлуба Мадалиевна, ассистент;

14.Умаршоева Шукуфа Содировна, ассистент;

15.Ҳабибова Гулрухсор Одинаевна, ассистент.


Ҳамкорони дохилаи кафедраи андоз ва суғурта дар соли таҳсили 2024-2025

1.Умарзода Навруз Нурулло, н.и.и., дотсент;

2.Ҷурахонзода Баҳодур Ҷурахон, н.и.и., дотсент;

3.Фатҳиддинзода Қадриддин Қамариддин, муаллими калон;

4.Баротов Амирхон Холмирзоевич, ассистент.

5.Абдусаторова Сафаргул, ассистент; 


Ҳамкорони берунаи кафедраи андоз ва суғурта дар соли таҳсили 2024-2025

1.Султон Бахтиёр, н.и.и., муаллими калон;

2.Холиқзода Зулфия Абдулло, муаллими калон; 

3.Асадуллозода Хуршед Асадулло, ассистент. 


Номгӯи  фанҳои кафедраи андоз ва суғурта барои соли таҳсили 2024-2025 

1. Андоз ва андозбандӣ  

2. Андозбандии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ

3. Андоз ва пардохтҳои гумрукӣ 

4. Андозбандии шахсони ҳукуқӣ 

5.Таъмини ҳуҷҷатгузорӣ дар мақомоти андоз

6. Низоми махсуси андозбандӣ

7. Низоми андозбандии мамлакатҳои хориҷӣ

8. Баҳисобгирӣ ва ҳисобот дар мақомоти андоз

9. Маъмурикунонии андоз

10. Суғурта

11. Суғуртаи давлатӣ

12. Суғуртаи сайёҳӣ

13. Нарх ва нархгузорӣ

14. Суғурта дар ФИХ

15. Фаъолияти реклама

16. Сиёсати андози муосир ва дурнамои рушди низоми андози ҶТ (магистр)

17. Баҳсҳои андозӣ ва ҳимояи субъектҳои андоз (магистр)

19. Назарияи андоз ва андозбандӣ

20. Ташкил ва усули тафтиши андоз

21. Кодекси андози ҶТ нимсолаи дуюм

22. Муқадимаи ихтисос

23. Андозбандии шахсони воқеӣ

24. Амалия оид ба усули ҳисоби андоз 

25. Андозбандии сектори молиявӣ

26.Таърих ва назарияи суғурта 

27.Фаъолияти суғурта 

28. Суғуртаи байналмилалӣ

29.Пешгӯӣ ва банақшагирӣ дар мақомоти андоз

30. Андозбандии сектори молиявӣ (магистр)

31.Таҷрибаи низоми андози мамлакатҳои пешрафта (магистр)

32.Андозбандии амалиёти молиявӣ (магистр)



Андозбандии шахсони ҳуқуқӣ