Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Фаъолияти бонкӣ

Муслихова Тахмина Тагоевна

Мудири кафедра

Муслихова Тахмина Тағоевна

номзади илми иқтисод, дотсент


Утоқ: 311

E-mail: t.muslikhova@tgfeu.tj

Маълумот: Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ

Фанҳои таълимӣ: Фаъолияти бонкӣ, муомилоти пул ва карз, ташкили фаъолияти бонки марказӣ

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Ташаккул ва рушди низоми бонкӣ, таҳлили фаъолияти бонкҳои тичоратӣ

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Заминаҳои ташаккули рақобатпазирии корхонаҳо дар шароити гузариш: дар мисоли корхонаҳои КАС ҶТ

Нашрияҳои асосӣ: Пешгӯии самараноки соҳаи кишоварзии минтақа. Паёми ДДМИТ- с. 2020. Мукаммалгардонии муносибатҳои заминдорӣ дар соҳаи кишоварзӣ. Паёми ДДМИТ- с. 2020. Бозори фондӣ. китоби дарсӣ – с. 2020. Ҷанбаҳои методологии рушди маконии иқтисодиёти минтақавӣ. Паёми ДДМИТ- с. 2021. Пояҳои назариявию методологии равиши маконӣ дар рушди назарияи иқтисодиёти минтақавӣ. Паёми ДДМИТ- с. 2021.

Таърихи кафедраи «Фаъолияти бонкӣ»

     Мувофиқи қарори Шӯрои олимони Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ таҳти фармони №770/д-и аз 10 сентябри соли 2003 кафедраи «Фаъолияти бонкӣ» дар базаи кафедраи «Молия, муомилоти пул ва қарз» таъсис дода шуд. Кафедра фаъолияти самараноки худро пурра аз 19-уми сентябри соли 2003 баъд аз тавсиби фармони ректор дар бораи ба вазифаи мудири кафедра таъин шудани марҳум д.и.и., профессор Д.Г.Гулмирзоев оғоз гардид. Саҳми марҳум дар ташаккул ва рушди корҳои илмӣ-таълимию методии кафедраи фаъоияти бонкӣ зиёд буд. Дар давраи роҳбарии Гулмирзоев Д.Г. дар назди кафедра бонкӣ таълимӣ барои назарияро бо амалия алоқаманд намудан кушода шуд, ки барои таҷрибаи амалии кори донишҷӯён мусоидат мекард.

Кафедраи фаъолияти бонкӣ дар корҳои илмӣ – тадқиқоти қиёси донишкада дар баробари дигар кафедраҳои тахасусӣ мавқеи муайян дошта дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии он дар пешбурди фаъолияти устувори иқтисодӣ ва омодасозии кадрҳои варзидаи соҳавӣ мусоидат мекунад.

Кафедраи фаъолияти бонкӣ яке аз аввалин кафедраҳое мебошад, ки дар Донишкадаи Андоз ва ҳуқуқ ташкил карда шуда, фаълияти баъдинаашро дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон дар базаи ду кафедраи донишкадаҳо яъне Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Тоҷикистон таъсис ёфта, фаъолият намуда истода дар омодасозии кадрҳои соҳавӣ саҳми арзанда гузошта истодааст. Таъсисдиҳандаи кафедраи фаъолияти бонкӣ марҳум доктори илмҳои иқтисодӣ профессор академики академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмирзоев Д.Г. мебошад. Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 таҳти №169 мақоми худро иваз намуд ва он ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд, ки кафедраи фаъолияти бонкӣ бо номи петараи худ дар зерсохтори факултети молия ва қарз нигоҳ дошта шуд.

Мақсади асосии таъсис намудани кафедра дар омода намудани мутахасисони гуногун соҳаи донишгоҳ ва ташкил намудани таълими босифати фанҳои «Фаъолияти бонкӣ», «Муносибатҳои мукотибавии байнибонкӣ», «Идора кардани хатари бонкӣ», «Амалиётҳои бонкӣ», «Низоми бонки мамлакатҳои хориҷа», «Ташкили фаъолияти бонки марказӣ», «Таърихи бонкҳо», «Низоми пулию бонкӣ», «Коргузори дар бонк», «Фаъолияти амонатбонк», «Сиёсати молиявии бонкҳои тиҷоратӣ», «Бонки электронӣ», «Навовариҳои электронӣ дар бонк» буд. Дар кафедра аз давраи фаъолият то ин ҷониб олимон ва устодони ботаҷрибаи илми иқтисоди мактабҳои олии шаҳри Душанбе ба монанди марҳум Академик Гулмирзоев Д.Г, профессорон Умаров Ҳ.У., Мирсаидов А.Б.,Султонов З., дотсентон Ашуров Н., Солиев Н.Н., Султонзода Ҷ.У., Донахонов И.С., Ҷураев Б.М., Қурбонов М.,Пулодов Ҳ.Н., Миразизов ва дигарон дар кафеда ба донишҷӯён таълими илм додаанд.

Нахустин устодони ҷавон ва дастпарварони кафедра дар давраи таъсисёбии донишкада ва кафедраи «Фаъолияти бонкӣ» инҳо буданд: марҳум Гулмирзоев Д.Г.,Ашуров Н., Солиев Н.Н., ., Бобомуродов Б.Э., Донахонов И.С., Хайров Ш.,Қ., Ҷураев Б.М., Раҳимова А.В., Муслихова Т.Т., Қаюмова С.Р., ассистентон Тошева М.Ф., Эргашева М.

Дар тайёр кардани кадрҳои тахасусӣ ҳиссаи кафедраи «Фаъолияти бонкӣ» бениҳоят калон буда дар омодасозии кадрҳои варзидаи соҳавӣ саҳми назаррас дорад. Кафедра дар зери роҳбарии академик Гулмирзоев Д.Г. рушду нумуъ ёфта, рӯз то рӯз ба базаи мубоҳисави ва маҳфили илми иқтисоди мубадал ёфта буд. Корпуси педагогии кафедра мустаҳкам буда дар он барои сайқал додани дониши донишҷӯён як зумра чорабиниҳои илмӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки тибқи онҳо кафедра амал намуда истодааст. Имрӯз дар кафедраи фаъолияти бонкӣ: маҳфили илмии донишҷӯён, семинарии доимоамалкунандаи устодони кафедра баргузор мегардад. Дар кафедаи фаъолияти бонкӣ устодони зерин ба ҳайси мудири кафедра роҳбари намудаанд: Гулмирзоев Д.Г. ( солҳои 2003 – 2009) бо ҳамроҳии профессор Султонов З., дотсентон Миразизов, Ашуров Н., Солиев Н.Н.,Пулодов Ҳ.Н., муаллимони калон Бобомуродов Б.Э., Донахонов И.С., Ҷураев Б.М., Раҳимова А.В., Хайров Ш.,Қ., Ҷураев Б.М., Раҳимова А.В., Муслихова Т.Т., Қаюмова С.Р., ассистентон Тошева М.Ф., Эргашева М. ва дигарон кор мекарданд. Дар давраи роҳбарии Ашуров Н., Умаров Ҳ. (солҳои 2009 2011) Хайров Ш.Қ (солҳои 2012-2014)., Сандалов Ҳ. А (солҳои 2014-2018), Ашуров Ғ.М. (солҳои 2019-2020), Ғафуров Ғ.С. (солҳои 2020-2022), аз 12 уми марти соли 2022 то ин ҷониб роҳбарии кафедра ба зимаи Муслихова Т.Т во гузошта шудааст, ки дар мавзуъҳои гуногуни илмӣ дар якҷоягӣ бо ҳамроҳии устодон тадқиқот бурда истодаанд.

         Ҳоло кафедра яке аз кафедраҳои пешсафи донишгоҳ ба ҳисоб рафта, мутахассисони соҳаҳои зеринро омода менамояд:

• 1– 25010402 – кори бонкӣ, мутахассисонро дар самти фаъолияти бонкӣ, амалиётчиёни соҳаи бонкӣ, мутахассисони қарзӣ, хазиначӣ ва ғайра тайёр мекунад. Вобаста аз малакаҳои гирифташуда, хатмкунандагони ихтисоси "кори бонкӣ" метавонанд вазифаҳои гуногунро аз таҳлилгарони мутахассис то роҳбарони сатҳи олӣ дар ширкатҳо ва ташкилотҳои молиявӣ ишғол кунанд.

• 1-25010202 – иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ, мутахассисонро дар самтҳои ташкилотчии фаъолияти бонкӣ, молиячӣ, кормандони гуногуни ташкилотҳои молиявӣ ва вазорати молия омода менамояд. Хатмкунандагони ихтисоси "иқтисоди молиявӣ ва бонкӣ" метавонанд вазифаҳои гуногунро аз мутахассисони таҳлилгар то роҳбарони сатҳи олӣ дар ширкатҳо ва ташкилотҳои молиявӣ ишғол кунанд. Онҳо метавонанд дар фурӯши хизматрасонӣ дар самти молиявӣ, маркетинг, молия ва дигар шӯъбаҳои марбут ба фаъолияти молиявии ширкатҳо кор кунанд.

 

ҲАЙАТИ КАФЕДРА

       Ҳайати кафедраро 12 нафар омӯзгор ташкил медиҳад, ки аз онҳо 2-нафар доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, 6-нафар номзади илм, дотсент, 2– нафар муаллимони калон, 2-нафар ассистент ва 1 нафар корманди техникӣ мебошанд:

1.    Муслихова Тахмина Тағоевна– номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

2.    Шариф Раҳимзода – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор;

3.    Шарифзода Баҳром Маҳмуд– доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор;

4.    Субҳонзода Икром Субҳон – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

5.    Махшулов Саидхуҷа Ҷумаевич – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

6.    Хоҷаев Бахтиёр Бобораҷабович – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

7.    Аҳадов Исматилло Қаюмович – номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон;

8.    Мирсаидзода Азиз Азам– доктор PhD, муаллими калон;

9.    Раҳимова Азима Валиевна– муаллими калон;

10.    Сафаров Илҳом Нурмаҳмадович – муаллими калон;

11.    Шарбатов Сорбон Сулаймонович – ассистент;

12.    Мирзоев Ҳокимxон Ҳалимович – ассистент;

13.    Бобохонова Фарзона Сафаровна – оператор-ҳуҷҷатнигор.

 

РАВАНДИ ТАЪЛИМ

            Фанҳои тадрисшавандаи кафедра бисёре аз ихтисосҳои донишгоҳ омӯзонида мешаванд. Дар кафедра аз рӯйи 31 фанни таълимӣ дарсҳо гузаронида мешаванд. Аз рӯйи ҳамаи фанҳои таълимӣ барномаи таълимӣ ва барномаи корӣ (силлабус) таҳия ва тасдиқ гардидааст.

            Аз рӯйи фанни таълимӣ маводҳои таълимӣ рӯйи чоп омадаанд, ки барои азхудкунии донишҷӯён кӯмак менамоянд.

1.        Фаъолияти бонкӣ

2.        Муомилоти пул ва қарз

3.        Инноватсия дар бонкҳо

4.        Амалиётҳои бонкӣ

5.        Муносибатҳои мукотибавии байнибонкӣ

6.        Идораи хатари бонкӣ

7.        Фаъолияти бонки марказӣ

8.        Танзим ва назорати бонкӣ

9.        Технологияи молиявӣ дар кори бонки суғурта ва идоракунии дороиҳо

10.    Маркетинги бонкӣ

11.    Низоми бонҳои мамлакатҳои хориҷа

12.    Муқадимаи ихтисос

13.    Молия ва муомилоти пулӣ

14.    Навовариҳои электронӣ дар бонкҳо

15.    Низоми бонкдории исломи

16.    Фаъолияти бонкҳои байналмилалӣ

17.    Менеҷменти бонкӣ

18.    Фаъолияти ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ

19.    Мониторинги молиявӣ дар бонкҳо

20.    Арзёбҳ ва баҳодиҳии фаъолияти бонкӣ

21.    Низоми амалиятҳои электрони молиявӣ

22.    Таҳлил ва баҳодиҳии амалиётҳои бонкӣ

23.    Ташкили хизматрасониҳои электронӣ

24.    Низоми қарзию бонкҳо

25.    Баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ

26.    Назорат ва идоракунии дороиҳо

27.    Ташкил ва баҳодиҳии амалиётҳои бонкҳо

28.    Ояндабини ва ба нақшагири дар ташкилотҳои қарзи

29.    Баланд бардоштани рақобатпазирии низоми бонкҳо

30.    Таҳлил ва фаъолияти аудити бонкҳо

31.    Таҳлил ва баҳодиҳии муаммоҳои низоми бонкҳо