Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Фанҳо

ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ «ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ»

  • «Фаъолияти бонкӣ» - ҳамчун фанни таълимӣ ба ҳамаи донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона ва ғоибона ихтисосҳои иқтисодии амалкунандаи донишкада омӯзонида мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим бо мафҳумҳои асосии моҳияти бонк, амалётҳои бонкӣ ва фаъолияти бонкӣ шиносои пайдо менамоянд.

  • «Амалётҳои бонкӣ» - фанни таълимиест, ки ба донишҷӯёни ихтисоси «1-250402» хонда мешавад - «Амалётҳои бонкӣ», дараҷаи бакалавриат таълим дода мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим бо амалёти қарзӣ, қабули амонату пасандоз, амалётҳои сейфӣ, амалёти мубодилаи асъор, интиқоли маблағҳои пулӣ шиносои пайдо мекунанд.

  • «Низоми пулию бонкӣ» - фанни таълимии мазкур ба донишҷӯёни ихтисоси «1-25010402» - «Кори бонкӣ» пешбинӣ шуда, дар раванди омӯзонидани донишҷӯён тассавуротҳои илмӣ дар бораи таърихи пайдоиши пул, низоми пулӣ, агрегатҳои пулӣ, низоми бонкӣ, моҳияти бонк маълумот пайдо менамоянд.

  • «Муносибатҳои мукотибавии байнибонкӣ» - ба донишҷӯёни ихтисоси «Кори бонкӣ» омӯзонида шуда, маълумотҳоро дар бораи ҳисоботҳои муросилотии бонкҳои тиxоратӣ, ҳисобҳои ЛОРО, ҳисобҳои ВОСТРО, ҳисобҳои НОСТРО, системаи байналмилалии свифт меомузанд.

  • «Низоми бонкии мамлакатҳои хориxӣ» - таълим дар ихтисоси «1-25010402» - «Кори бонкӣ», дараҷаи бакалавриат гузаронида шуда, донишҷӯён дар бораи таърихи низоми бонкии мамлакатҳои хориxӣ, фаъолияти бонкҳои марказии хориxӣ ва фаъолияти бонкҳои тиxоратӣ инчунин муқоисаи низоми бонкии xумҳури бо низоми бонкии мамлакатҳои пешрафта.

  • «Фаъолияти бонкҳои байналхалқӣ» - фанни таълимиест, ки ба донишҷӯёни ихтисоси кори бонк омӯзонида мешавад. Дар раванди таълим онҳо Фаъолияти бонкҳои xаҳонӣ, амалётҳои бонкҳои байналхалқӣ, сохтори бонкҳои байналмилалӣ, сохтор ва сарсояи бонкҳои байналмилалиро аз худ менамоянд.

  • «Идора кардани хатари бонкӣ» - таълими фанни мазкур барои донишҷӯёни ихтисоси кори бонкӣ ва иқтисоди молиявӣ ва бонкӣ пешбини шудааст. Донишҷӯён дар раванди таълим бо як қатор масъалаҳои идора кардани хатарҳои бонкӣ аз он xумла хатари фоизӣ, хатари қарзӣ, хатари бозорӣ, хатари асъорӣ ва ғайра.

  • «Ташкили фаъолияти бонки марказӣ» - мақсади омӯзиши фанни мазкур иборат аст аз омӯзонидани донишҷӯёни ихтисоси 1-25010402 – кори бонкӣ бо шиносоии мақсади Бонки миллии Тоҷикистон, вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, хароҷотҳои Бонки миллии Тоҷикистон, дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва муносибати Бонки миллии Тоҷикистон бо дигар ташкилотҳои қарзӣ.

  • «Фаъолияти амонатбонк» - фанни мазкур барои донишҷӯёне, ки дар ихтисоси кори бонкӣ таҳсил менамоянд, омӯзонида мешавад. Донишҷӯён метавонад аз ин фан маълумотҳо оиди намудҳои пасандозҳо, амонатҳо хизматрасонии камуналӣ, хизмати нафақа ва дигар намуди амалёт ва хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» маълумот гиранд.

  • «Танзим ва назорати бонк» - мақсади таълими фанни мазкур дар ихтисоси 1-25010402 – «Кори бонкӣ» фани мазкур донишҷуёнро ба танзим даровардани низоми бонкӣ, назорат бурдан аз болои бонкҳои тиxоратӣ, риоя намудани қонунҳои бонкдорӣ, назорати дохилӣ ва берунаи бонкӣ таълим меомузад.

  • • «Муқадимаи ихтисос» - барои ихтисоси 1-25010402 – кори бонкӣ ба роҳ монда шуда, дар курси якум ба донишҷӯён таълим дода мешавад. Омӯзиши фанни мазкур ҷиҳати боло бурдани қобилияти фикрронӣ ва маърифати иқтисодию бонкдории донишҷӯён заминаҳои мусоид муҳайё намояд. Инчунин донишҷуёнро бо ихтисоси худ аз наздик шинос мекунад.

  • «Коргузорӣ дар бонкҳо» - фанни мазкур ҳамчун илм дар тайёр намудани мутахасисони соҳаи бонкдорию молиявӣ нақши муҳимро мебозад. Вазифаҳои асосии фан иборат аст аз омӯзонидани донишҷӯён оид ба истифодабарӣ ва қабул кардани ҳуҷҷатҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ; тартиб додан ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои бахши идоракуӣ; роҳҳои ташкил, таъсис, бақайдгирии фаъолияти корхонаҳо, созмонҳо, ширкатҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ.

  • • «Этикаи касбӣ (ихтисос)» - фанест, ки раванди пайдоиш ва инкишофи протсеси муошират, масъулиятнокӣ, одоби муоширатро дар бахши ихтисоси кори бонкӣ дарбар гирифта, ба донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 1-250100402 – кори бонкӣ, сатҳи бакалавриат таълим дода мешавад. Асоси фанни Этикаи касбӣ (ихтисос) – ро мавзӯъҳои принсипҳои этикаи касбии бонкшиносӣ ва меъёрҳо ва муносибатҳои касбӣ, сатҳи беҳсозии дараҷаи этики кормандон ва меъёрҳои этикӣ ва идора кардани он дар сатҳи коллектив дар бар мегирад.

  • • «Таърихи бонк» - фанне мебошад, ки донишҷуёнро аз давраҳои қадими бонкдорӣ то ба имруз маълумотҳо медиҳад. Таърихи бонкҳои дунёи қадим, пайдоиши мафҳуми бонк, фаъолияти аввалин бонкҳо, таърихи пайдоиши бонк ва фаъолияти онҳо дар осиёи миёна, таърихи пайдоиши бонкҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин фаъолияти имрузаи бонкдорӣ.