Фаъолияти биржавӣ
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи фаъолияти биржавӣ ва коғазҳои қиматнок ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети молия ва қарз тибқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбии муассисаҳои олии таълимӣ» ва банди 4 Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти фармони № 53/и аз 25 июни соли 2012 таъсис додашудааст. И.в. мудири кафедраи фаъолияти биржавӣ ва қоғазҳои қиматнок номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Пулодов Ҳ.Н. таъин карда шуда буд ва бо қарори Шӯрои олимони донишкада аз 03.12.2012 сол барои ишғоли вазифаи мудири кафедра тариқи озмун номзади илмҳои иқтисодӣ Муминов А.Б. таъин гардид. Сипас н.и.и.,дотсент Қараев Р.Х бо фармоиши ректори ДДМИТ аз 12.06.2018 №150/111 бо тариқи гузариш аз вазифаи дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ ба вазифаи иҷрокунандаи мудири кафедраи фаъолияти биржавии факултети молия ва қарз гузаронида шуд. Аз моҳи октябри соли 2023 то моҳи феврали соли 2024 мудири кафедраро н.и.и., дотсент Сулаймонзода Ш.Ф. ба уҳда дошт. Баъдан аз моҳи феврали соли 2024 то ҳоло мудири кафедраро д.и.и., профессор Мирсаидов С.А. ба зимма дорад.
Дар кафедра омӯзгорони соҳибтаҷриба аз рӯи ихтисоси бозори фондӣ д.и.и, профессор Мирсаидов С.А., д.и.и, Исайнов Ҳ.Р., дотсентон Қараев Р.Х., Муминов А.Б., Сулаймонзода Ш.Ф., Дембегиев М.С. муаллими калон Солиев Н.А., ассистентон Раҳимзода Ф.М., Иброҳими Ҳ.Ҳ. фаъолият намуда баҳри тайёр намодани мутахаасисони соҳибкасб саҳм гузошта истодаанд.
Аз соли таъсисиёби кафедра фаъолияти худро дар асосии санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, низомномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷониби омӯзгорони кафедра тибқи нақшаи таълимӣ барномаҳои таълимӣ ва корӣ таҳия гардида, дар раванди таълим мавриди истофода қарор доранд.
Кафедра яке аз кафедраҳои тахассусии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, баҳри тайёр намудани мутахасиссони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат саҳм гузошта, истодааст. Айни ҳол кафедра аз рӯи ихтисосои зерин мутахассисонро омода намуда истодааст:
• 1– 25010408 – бозори фондӣ, мутахассисонро дар самти биржаҳои фондӣ, фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок, таҳлилгарони бозорҳои молиявӣ, мушовирони тиҷорати фондӣ, кормандони вазорату Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои таркибии он, ки бо масъалаҳои сиёсати сармоягузори ва фонҳои сармоягузории бахшҳои иқтисодӣ машғуланд, намояндагони савдо, мутахассисони муносибатҳои бозори асъорӣ тайёр мекунад.
• 1-25010409 – Молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, мутахассисонро дар самтҳои назорати фаъолияти гумрукӣ, назорати барасмиятдарории гумрукӣ, ташкили назорати гумрукӣ, назорати пардохтҳои гумрукӣ ва мутобиқати онҳо бо низомҳои пардохти гумрукӣ, омода менамояд. Хатмкунандагони ихтисоси " Молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ" метавонанд вазифаҳои гуногунро аз мутахассисони таҳлилгар то роҳбарони сатҳи олӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ ва сохторҳои онҳо ишғол кунанд. Онҳо метавонанд дар самти назорати молиявии пардохтҳои ба буҷети мамлакат муқарраркардашуда кор ва фаъолият намоянд.
ҲАЙАТИ КАФЕДРА
Ҳайати кафедраро 10 нафар омӯзгор ташкил медиҳад, ки аз онҳо 2-нафар доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, 4-нафар номзади илм, дотсент, 1– нафар муаллимони калон, 2-нафар ассистент ва 1 нафар корманди техникӣ мебошанд.
1. Мирсаидов С.А. – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор;
2. Раҳимзода Ҳ.Р. - доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор;
3. Қараев Р.М. – номзади имлҳои иқтисодӣ, дотсент;
4. Муминов А.Б.– номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;
5. Дембегиев М.С. – номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон;
6. Сулаймонзода Ш.Ф. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;
7. Солиев Н.А. – муаллими калон;
8. Иброҳими Ҳасан – ассистент;
9. Раҳимзода Ф.М. – ассистент;
10. Умаров Э. – оператор-ҳуҷҷатнигор.
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ КАФЕДРА
Кафедра фаъолияти илмию таҳқиқотии худро дар асоси нақшаи дурнамо солҳои 2023-2027 таҳти унвони “Бозори молиявӣ ва муаммоҳои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда, баргузории семинарҳои илмӣ, конференсияҳо, нашри мақолаҳои илмӣ, монография ва китобҳои дарсиро тибқи нақшаи мазкур роҳандозӣ намуда истодааст. Ҳамчунин кафедра бо мақсади омӯзиш ва тадбиқи таҷрибаи пешқадам дар самти корҳои имлмию таҳқиқотӣ, таълимӣ ҳамкории судмандро бо ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватанӣ ва хориҷӣ ба роҳ мондааст.
Профессорон ва дотсентони кафедра ба ҳайси муқарризи расмӣ аз рӯи ихтисосҳои 08.00.03 – Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ; 08.00.06.06 –Иқтисодиёти соҳибкорӣ баромад менамоянд.
Дар давоми 5 соли охир кафедра 3 китоби дарсӣ ва зиёда аз 4 монография ва 5 васоити таълимӣ рӯйи чоп овардааст. Нашрҳои илмӣ: Дембегиев М.С., Раҳимзода Ф.М. Монография /Бозори хизматрасониҳои бонкӣ: ҳолати муосир ва рушди минбаъдаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2024.-С.165 Матбааи ДДМИТ.
Мирсаидов С.А., Муминов А.Б. /Баҳодиҳии вазъи муосири фаъолияти сармоягузории ширкатҳои суғурта Паёми молия ва иқтисод 2024, №1-С.12
Мирсаидов С.А. /Соҳибкории истеҳсолӣ дар низоми иқтисоди иноватсионӣ Паёми молия ва иқтисод 2024, №3 -С.10
Солиев Н.А. Принсипҳо ва усулҳои муносибсозии андозбандии ғайримустақим Паёми ДДТТ, 4 (54)/2024.С.10
Мирсаидов С.А. китоби дарсӣ “Фаъолияти Реклама” Матбааи ВМИҶТ.-Душанбе 2024.С.300
Қараев Р.М., Сулаймонзода Ш.Ф., Солиев Н.А. васоити таълимӣ “Бозори қоғазҳои қимматнок ва биржаҳои фондӣ” Матбааи Баҳманрӯд 2023-С.142
Мирсаидов С.А., Қараев Р.М., Солиев Н.А.Раҳимзода Ф.М. васоити таълимӣ “Танзим ва назорати асъор” Матбааи Баҳманрӯд 2024-С.264
Дар назди кафедра маҳфили илмӣ таҳти унвони «Брокерони ҷавон» фаъолият дорад, ки дар он масъалаҳои назариявии ва амалии фаъолияти бозори қоғазҳои қимматнок баррасӣ ва муҳокима мегарданд.
РАВАНДИ ТАЪЛИМ
Фанҳои тадрисшавандаи кафедра бисёре аз ихтисосҳои донишгоҳ омӯзонида мешаванд. Дар кафедра аз рӯйи 10 фанни таълимӣ дарсҳо гузаронида мешаванд. Аз рӯйи ҳамаи фанҳои таълимӣ барномаи таълимӣ ва барномаи корӣ (силлабус) таҳия ва тасдиқ гардидааст.
Аз рӯйи 7 фанни таълимӣ маводҳои таълимӣ рӯйи чоп омадаанд, ки барои азхудкунии донишҷӯён кӯмак менамоянд.
Фанҳои таълимӣ:
1. Муқаддимаи ихтисос
2. Бозори коғазҳои қиматнок
3. Фаъолияти биржавӣ
4. Ташкили биржаҳои фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Ҷамъиятҳои саҳомӣ дар бозори коғазҳои қиматнок
6. Фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок
7. Бозори қарз ва асъор
8. Пул, қарз, бонк
9. Танзим ва назорати асъор
10. Назорати молиявӣ дар бозори фондӣ