Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Фанҳо

ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ ФАЪОЛИЯТИ БИРЖАВӢ

«Бозори коғазхои қиматнок» - ҳамчун фанни таълимӣ ба ҳамаи донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона ва ғойибонаи ихтисосҳои иқтисодии амалкунандаи донишгоҳ омӯзонида мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим бо мафҳумҳои асосии коғазхои қиматнок, шакл, вазифа ва намудҳои он ошноӣ пайдо менамоянд. Бозори қоғазҳои қиматнок - ин маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ оид ба интишор ва муомилоти қоғазҳои қиматнок дар байни иштирокчиёни он мебошад. Ширкаткунандагони асосии бозори қоғазҳои қиматнок инҳоянд; интишоргар, сармоягузор, миёнаравони фондӣ, ташкилотҳои хизматрасон - биржаи фондӣ, феҳрастбаранда, маҳфуздор, клиринг ва органҳои давлатии танзим ва назорат. Предмети фанни бозори қоғазҳои қиматнок – ин ҷамоварии воситаҳои пулии муввақатан озод, ки сарчашмаи иловагии маблағгузории истеҳсолот ба шумор меравад мебошад. Мақсади омӯзиши фанни бозори коғазҳои қиматнок дар шароити ҳозира барои донишҷӯён хело зарур ҳисобида мешавад. Иқтисодиёти бозоргониро бемуносибатҳои молиявӣ, пулию карзӣ, сармоягузорӣ ва саҳмгузорӣ тасавур кардан ғайри имкон аст. Аз ин рӯ фанни бозори коғазҳои қиматнок барои омӯзиши донишҷӯён зарур буда, бо ёрии донишҳои илмии фанни мазкур донишҷӯён ба ташкилу ба роҳмонии фаъолияти биржаҳо ва хариду фурӯши коғазҳои қиматнок ва воситаҳои молиявиро то ҳадди зарурӣ меомӯзанд. Аз ин лиҳоз бозори коғазҳои қиматнок ҳамчун фан дар макотиби олӣ мавриди омӯзиш қарор мегирад. 


«Биржаҳои байналмиллалии молиявию молӣ» - ба донишҷӯёни ихтисоси «бозори фондӣ» омӯзонида шуда, донишҳои назариявию амалӣ оид ба моҳият ва нақши биржаҳои молиявию молӣ дар рушди иқтисодии ҷамъият ба ҳисоб рафта, ҳисоби молу хизматҳоро аз худ менамоянд. Мақсади биржа: ҷамъ овардани маблағҳои озод буда, азнавтақсимнамоии онҳоро тариқи иҷрои амалиётҳо бо коғазҳои қимматнок, аз ҷониби иштирокчиёни гуногун таъмин менамояд Мақсади фан-омӯзиши назария ва амалияи бозори коғазҳои қимматнок ва фаъолияти биржавӣ ва нақши онҳо дар иқтисодиёти муосир мебошад, ки дар асоси он мо метавонем, бозори коғазҳои қимматноки азҷиҳати илмӣ асосноккардашударо ташкил намоем. Аз ин лиҳоз, бозори коғазҳои қимматнок ва фаъолияти биржаҳо, ҳамчун фан дар макотиби олӣ мавриди омӯзиш қарор мегиранд. 


«Танзими асъор ва назорати асъор» - таълим дар шакли таҳсилоти рӯзонаи ихтисоси «Бозори фондӣ» - дараҷаи бакалавриат гузаронида шуда, таъмини татбиқи сиёсати ягонаи асъории давлатӣ, суботи асъори миллӣ ва бозори дохилии асъорӣ ҳамчун омилҳои умда ва асосии рушди иқтисоди миллӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. 


«Фаъолияти биржавӣ» - фанни мазкур барои донишҷӯёне, ки дар ихтисосҳои бозори фондӣ ва кори бонкӣ таҳсил менамоянд, омӯзонида мешавад. Омӯзиши назариявӣ ва амалияи бозори коғазҳои киматнок ва фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои киматнок ва нақши онҳо дар иқтисодиёти муосир мебошад. Биржаи фондӣ - ин муассисаи махсусест, ки дар он вохӯрии фурӯшандагону харидорони қоғазҳои қиматнок барпо мегардад. Он имконият медиҳад, ки талаботу таклифот якҷоя шаванд ва самараи бозор баланд гардад. Биржа на танҳо ҷои махсус барои анҷом додани доду гирифт аст, балки низоми муайяни ташкили савдое мебошад, ки танҳо бо қоидаҳои махсус амал мекунад. Биржа ҳамчун элементи низоми бозорӣ дар раванди рушди худ ба ниҳоди молиявие, ки вазифаи муҳими он муайянкунии нарх мебошад, мубаддал мегардад. Дар охири асри 20 вазифаи асосии биржа ошкор намудани нархи ҳақиқии бозорӣ бо ҳисобгирии тақозою арза буд. Вазифаи иқтисодии биржа ҳамчун механизми нархгузорӣ дар давраи рушди иқтисоди бозорӣ ифода мегардад. 


«Ташкили ҷамъиятҳои саҳомӣ» - мақсади таълими фанни мазкур дар ихтисоси «1-25010408» - «бозори фондӣ», иборат аст аз омӯзонидани донишҷӯён бо ташкил ва идоракунии ҷараёнҳои хоҷагидорӣ, ки муттаҳидшавии якчанд ҷонибҳои манфиатдорро дар назар дорад, ҷамъияти саҳомӣ (корпоратсияҳо) ба ҳисоб мераванд. 


«Амалиётҳои форвардӣ ва фючерсӣ» - фанни мазкур ба донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси бозори фондӣ, таълим дода мешавад. Форвард ва фючерс ин шартномаи хариду фурӯш буда, таҳвили ягон актив бо мӯҳлати муайян дар оянда мебошад, ки ҳамаи шартҳояшро тарафҳо дар вақти бастани он қайд мекунанд. 


«Пул, қарз бонк» - фанни таълимиест, ки ба донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳои дараҷаи бакалавриат таълим дода мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим вобаста ба мазмун ва моҳияти пул, қарз ва бонк назариявӣ маълумоти мухтасар аз бар менамоянд. 


«Назорати молиявӣ дар бозори фондӣ» - назорати молиявӣ дар бозори фондӣ яке аз шарту воситаҳои муфиди такмили самараноки муносибатҳои бозорӣ ба шумор рафта, ҷараёни иқтисодиёти корхонаҳоро тавассути назорат муътадил мегардонад. Дар корхонаю муассисаҳое, ки назорати молиявӣ дар солҳои наздик доир нушудааст, ҳодисаҳои вайрон кардани таваккалии қонуни ҳисобдорӣ ва андозситонӣ меафзояд, ки боиси кам шудани вуруди маблағ(андоз) ба буҷет мегардад. Масъалаҳои ҳалталаби гузариши иқтисодиёти миллӣ ба муносибатҳои бозоҳам аз мавқеи мустаҳкам намудани тартиби ҳуқуқӣ бо таъмини системаи баробарҳуқуқии боварикунандаи муносибатҳои субъектҳои хоҷагидорӣ ва ҳам аз мукаммалии назорати давлативу дохилихоҷагӣ асоснок гардидани ташаккули назорати молиявиро дар назар дорад. 


«Ташкили фурӯши когазхои қиматнок» - ҳамчун фанни таълимӣ ба донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси 1-25010408-бозори фондӣ, 1-25010409 – танзим ва назорати гумрук дар соҳаи молия таҳсилоти рӯзона ва ғойибона ихтисосҳои иқтисодии амалкунандаи донишгоҳ омӯзонида мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим бо мафҳумҳои асосии коғазҳои қиматнок шакл, вазифа ва намудҳои он ошноӣ пайдо намуда, ҳамчунин роҳҳои ҷалб ва фурӯхтани онро низ маълумот мегиранд. 


«Бозори когазхои қиматнок ва фаъолияти биржавӣ» - ҳамчун фанни таълимӣ ба донишҷӯёни курси 3-юм ва 4-уми ихтисоси 1-25010408-бозори фондӣ, 1-25010409 – танзим ва назорати гумрук дар соҳаи молия таҳсилоти рӯзона ва ғойибона ихтисосҳои иқтисодии амалкунандаи донишгоҳ омӯзонида мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим бо мафҳумҳои асосии коғазҳои қиматнок шакл, вазифа ва намудҳои он ошноӣ пайдо намуда, ҳамчунин роҳҳои ҷалб ва фурӯхтани онро низ маълумот мегиранд. 


«Бозори қарз ва асъор» - ҳамчун фанни таълимӣ ба ҳамаи ихтисосҳои шакли таҳсилоти рӯзона ва ғойибонаи ихтисоси «Бозори фондӣ» , «Молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ»- дараҷаи бакалавриат гузаронида шуда, таъмини татбиқи сиёсати ягонаи асъории давлатӣ, суботи асъори миллӣ ва бозори дохилии асъорӣ ҳамчун омилҳои умда ва асосии рушди иқтисоди миллӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. 


«Ташкили биржаҳои фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ҳамчун фанни таълимӣ ба донишҷӯёни курси 3-юм ва 4-уми ихтисоси 1-25010408-бозори фондӣ, 1-25010409 – танзим ва назорати гумрук дар соҳаи молия таҳсилоти рӯзонаи ихтисосҳои иқтисодии амалкунандаи донишгоҳ омӯзонида мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим бо мафҳумҳои асосии коғазҳои қиматнок шакл, вазифа ва намудҳои он, ташкили биржаи фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифа ва ҳуқуқу уҳдадориҳои биржаҳои фондӣ маълумот мегиранд. Бо таъсис ёфтани Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ тамоми мушкилиҳои хариду фуруши коғазҳои қиматнок осон гардида, барои таъсиси бозори дуюминдараҷаи коғазҳои қиматнок замина гузошт. Айни ҳол рушди биржаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вусъат идома ёфта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгрӣ ёфта истодааст. Предмети фанни ташкили биржаҳои фондӣ дар ҶТ – мафҳуми биржа бо савдо алоқаманд буда, пайдоиши худро аз калимаи “Бурса”, ки маънояш ҳамёни чармин астмегирад. Ин истилоҳ дар яке аз шаҳрҳои Голландия-Брюгге, ки яке аз марказҳои калонтарини савдои Аврупо ба ҳисоб мерафт пайдо шудааст. Истилоҳи биржа бо майдони ҷамъомадҳои биржавӣ дар Брюгге, ки дар он Ван дер Бурсе воқеъ буд алоқаманд аст. Ӯ дорои герб ва се ҳамёни чармин буд. Биржаи фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотест, ки аз тарафи иштирокдорони касбии бозори қоғазҳои қиматнок баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои гардиши қоғазҳои қиматнок, муайян кардани нархи онҳо, ҳар сари чанд вақт ба хоҳиши донишмандон расонидани маълумот оид ба нарху навои бозор , ҷонибдори кардани дараҷаи баланди касбии иштироккунандагон ва ғайра созмон дода мешавад. 


«Биржаи фондии мамлакатҳои хориҷӣ» ҳамчун фанни таълимӣ ба донишҷуёни ихтисосҳои роиҷи донишгоҳ омузонида мешавад. Биржаҳои фондии байналмилаллӣ яке аз сохторҳои бозори молиявӣ мебошад, ки дар сатҳи миллӣ ва байналмилаллӣ хизматҳои молиявӣ ва иқтисодӣ мерасонад. 


«Фаъолияти касбӣ дар бозорҳои қоғазҳои қиматнок»- ин курси таълимие, ки назария ва таҷрибаи гузаронидани амалиётҳои гуногун аз ҷониби иштирокчиёни касбӣ бо коғазҳои қиматнок ва фаъолияти касбиро дар бозори коғазҳои қиматнок меомузад. Курси таълимии пешниҳодшаванда ҳама фаслҳои курси бозори қоғазҳои қиматнокро дар бар мегирад. Мақсади он ба донишҷӯ пешниҳод намудани дониши пурраи бозори қоғазҳои қиматнок, иштирокчиёни он, намудҳои қоғазҳои қиматнок ва амалиёт бо қоғазҳои қиматнок мебошад. Ба мисли дигар фанҳо курси таълимии пешниҳодшаванда ба низоми мафҳумҳо такя мекунад. Як қисми он дар дигар фанҳои иқтисодӣ омухта шуда, қисми дуюмаш махсус барои ҳамин курс мебошад. Пас аз омузиши ин фан оиди моҳияти муносибатҳое, ки дар бозор ҷой доранд, тасаввурот пайдо кардан мумкин аст. 


«Ҷамъиятҳои саҳомӣ дар бозорҳои қоғазҳои қиматнок»- ин курси таълимие, ки моҳияти ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, нақши онҳо дар бозори коғазҳои қиматнок, мақсад, вазифа ва амалиётҳои ҷамъиятҳои саҳҳомиро дар бозори қоғазҳои қимматнок меомузад. Ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дар иқтисодиёти муосир нақши муҳимро мебозанд, чунки қисми асосии истеҳсолоти саноатӣ ба воситаи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ паҳн карда мешаванд, ки ин худ як зуҳуроти иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад. Пас аз омузиши ин фан оиди моҳияти ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, таъсиси онҳо, сармояи оинномавии онҳо, паҳн кардани коғазҳои қиматноки ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, феҳристи саҳмдорон, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ҷамъиятҳои саҳҳомӣ тасаввурот пайдо кардан мумкин аст.