Ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикорупсионӣ
Мудири кафера
Бобоев Ҷамрод Қурбонович
Номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент
Кабинет: 209
E-mail: j.boboev@tgfeu.tj
Маълумот: Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ
Фанҳои таълимӣ: Ҳуқуқи андоз. Ҳуқуқи бонкӣ ва асъор. Назарияи давлат ва ҳуқуқ. Ҳуқуқи меҳнатӣ. Ҳуқуқи молиявӣ.
Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Ҳуқуқи гражданӣ
Нашрияҳои асосӣ: 1. Бобоев Д.К. Договор коммерческой концессии по законодательству Республики Таджикистан. Душанбе, Эр –Граф 2012. 152с. 2. Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд. Нашри II-юм / Зери таҳрири Раҳимов М.З. Душанбе 2012. 132с. 3. Тафсири кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми сеюм). Зери таҳрири М.З.Раҳимов. Душанбе 2013.(41-85) С.303 4. Суть включения корпоративных отношений в ГК РТ. //Законодательство. - №4 – Душанбе - 2012 (38-45) 5. Созмони милали муттаҳид ва нақши он дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист. Маводҳои конференсияи илмӣ – амалӣ ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи: «20- солагии аъзошавии Ҷумҳурии Точикистон ба Созмони милали мутаҳид»/ Зери таҳрири М.З. Раҳимов. Душанбе 2013. 429с. (88-94) 6. Ҷои ҳуқуқи комплексӣ дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон// Маводҳои конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҷои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир» /Зери назари Раҳимзода М.З. Душанбе, Ипериал – Групп. 2015. 296 7. Эъломиякунонии хизматчиени давлатӣ// Қонунгузорӣ - №4- 2015
ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «ҲУҚУҚИ ИҚТИСОДӢ, МОЛИЯВӢ ВА ЗИДДИКОРУПСИОНӢ»
Кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикорупсионӣ аз 31-уми майи соли 2018, таҳти № 11/5.7 бо қарори Шӯрои олимони ДДМИТ ба кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ тағйири ном намуд.
Кафедраи номбурда дар заминаи собиқ кафедраи ҳуқуқи андоз ва соҳибкорӣ таъсис дода шудааст. Аз ибтидои таъсисёбӣ кафедра бо номҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи иқтисодӣ, ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ амал мекард. Ҳоло кафедра бо номи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ фаъолият дорад.
Ҳайати кафедраро 19 нафар омӯзгор ташкил медиҳад, ки аз онҳо 1-нафар доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, 5-нафар номзади илм, дотсент, 6 – нафар муаллимони калон, 6 -нафар ассистент ва 1 нафар корманди техникӣ мебошанд.
Фаъолияти кафедра дар омода намудани мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодиёт равона карда шудааст. То соли 2014 роҳбарии кафедраро Арбоби хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Исмоилов Шавкат Маҳмудович ва аз соли 2014 то соли 2017 н.и.ҳ., дотсент Ҳаистов С.П. ба уҳда доштанд. Аз моҳи апрели соли 2017 то ҳол роҳбарии кафедраро н.и.ҳ., дотсент Бобоев Ҷамрод Қурбонович бар дӯш доранд.
Ҳоло кафедра яке аз кафедраҳои бонуфузи донишгоҳ ба ҳисоб рафта, мутахассисони соҳаҳои зеринро омода менамояд:
• 1– 240103 02 «танзими ҳуқуқии молия ва қарз», мутахассисонро дар самти менеҷменти молиявӣ, муомилоти пулӣ ва қоғазҳои қиматнок, ҳуқуқшиноси биржаҳои фурӯши қоғазҳои қиматнок, ҳуқуқшинос-молиячӣ дар соҳаи бонк ва ташкилотҳои хурди молиявӣ-қарзӣ тайёр мекунад.
• 1-96010101 «таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ»; мутахассисонро доир ба соҳаи хадамоти гумрук, яъне ҳуқуқшинос дар соҳаи гумрукро тайёр мекунад;
• 1-240103 «ҳуқуқи иқтисодӣ»; ҳуқуқшинос–иқтисодчӣ дар соҳаи иқтисод, ҳуқушиноси соҳаи соҳибкорӣ ва хизмат, ҳуқуқшинос дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ тайёр мекунад;
• 1-24010204 «ҳуқуқи андоз ва бонкӣ»; ҳуқуқшинос дар соҳаи андоз, андозбандӣ ва соҳаи бонкро тайёр мекунад.
Дар назди кафедра маҳфили «Ҳуқуқдони замон муосир» фаъолият дорад, ки дар машваратҳои он масъалаҳои назариявии фанҳои ҳуқуқ баррасӣ ва муҳокима карда мешаванд.
Кафедра бо бисёр муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон (кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), (кафедраи ҳуқуқи соҳибкории ДДМ (МГУ) Федератсияи Русия, кафедраи ҳуқуқи кишоварзӣ ва сарватҳои табиии АҲМ (МГЮА)), инчунин бо Пажуҳишгоҳи тадқиқотӣ ва таҷдиди ҳуқуқии шаҳри Алма-Ато робитаи зичи илмӣ дорад.
Дар давоми солҳои 2000-2011 устодони кафедра таҳти роҳбарии профессор Исмоилов Ш. М. ҳашт адад китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимиро ба чоп расонидаанд, ки аз ҷумлаи онҳо китобҳои дарсии «Ҳуқуқи кишоварзӣ» (Д., 2000), «Танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ ва андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Д., 2000), «Ҳуқуқи андоз» (Д., 2003), Курс налогового права (Д., 2003), васоити таълимии «Танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ» (Д., 2007), китоби дарсии «Назарияи ҳуқуқ ва давлат» (Д., 2008), дастури таълимии «Ҳуқуқи бонкӣ ва асъор» (Д., 2008), китоби дарсии «Ҳуқуқи иқтисодӣ» (Д., 2010), васоити таълимии «Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ» (Д., 2011) Ҳуқуқи иқтисодӣ (ДМИТ., 2014) мебошад.
Дар давоми солҳои 2014-2018 аз ҷониби устодони кафедра китоби «Асосҳои ҳуқуқи замин» (Д., 2015), «Ҳуқуқи замини Тоҷикистон» (Д. 2016), «Таърихи ҳуқуқи андоз дар Тоҷикистон (нимаи дуюми асри ХХI)» (Д., 2017), «Ҳуқуқи андоз (бо забони русӣ)» (Д., 2018), монографияҳо «Развитие законодательства о финансово – контрольной деятельности в Таджикистане (1917- 2017)» (Д., 2017с., Расулов Ф.) ва «Формирование местного самоуправления как социального института в Республике Таджикистан» (Д., 2017с., Қодиров З.Қ.) ба нашр расонида шудаанд.
Мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ- тадқиқоти барои солҳои 2018-2022 кафедра дар мавзӯи «Масоили танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» тадқиқоти илмӣ пеш медарад, ки ба он 16 нафар устодони кафедра ҷалб гардидаанд.
Кафедра дар тӯли фаъолияти худ ҳар сол якчанд конфронс ва семенарҳои илмӣ-амалӣ мегузаронад. Дар баробари ин кормандони кафедра дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ фаъолона ширкат меварзанд.