Ҳуқуқи шаҳрвандӣ (гражданӣ). Ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ки яке аз фанҳои асосии соҳаи илми ҳуқуқшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, муносибатҳои ҷамъиятии муомилоти молу мулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба таври мукаммал ба танзим медарорад. Омӯзиши он барои донишҷӯёни факултаҳои иқтисодӣ низ хеле мақсаднок мебошад, чунки маҳз қисмати муҳими ҳамаи муносиботи ҷамъиятиро муносиботи молу мулкӣ ташкил медиҳад. Яке аз сарчашмаҳои асосии он КГ ҶТ мебошад, ки аз се қисм иборат буда, муҳимтарин санад дар танзими муносиботи молу мулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ ба ҳисоб меравад. Ҳадаф аз омӯзиши ҳуқуқи шаҳрвандӣ - ин дарёфт кардани донишҳои амиқи назариявӣ ва малакаҳои амалӣ барои истифода кардани санадҳои ҳуқуқӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ ва такмили қонунгузорӣ ва ташаккули илми ҳуқуқи шаҳрвандӣ мебошад.
Ҳуқуқи байналмиллалии хусусӣ. Ҳуқуқи байналмиллалии хусусӣ як соҳаи муҳимтарини низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, меъёрҳои он муносибатҳои хусусӣ, дипломатӣ, консулӣ, шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳое, ки дорои элементи байналмиллалии байни субъектони ҳуқуқи байналмилалӣ ба вуҷуд меомадаро ба низом медароранд. ҲБХ ҳамчун соҳаи мустақили илми ҳуқуқӣ дар нимаҳои асри 19 ба вуҷуд омадааст. Яке аз асосгузорони он Ҷозеф Сторӣ мебошад, ки соли 1884 китоби худро бо номи «Тафсир ба коллизияи (бархурди) қонунҳо» рӯи чоп овард. Дар ин китоб якумин маротиба кӯшиши омӯзиш ва таҳлили муаммоҳо ва масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ба амал бароварда шуда худи калимаи «Ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ» (Private international law) мавриди истифода қарор гирифтааст.
Ҳуқуқи иқтисодӣ. Дар шароити дигаргунсозиҳои демократӣ ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ нақш ва мавқеи ҳуқуқи иқтисодӣ дар танзими муносиботи ҷамъиятӣ устувор мегардад.
Танзими ҳуқуқии ҳаматарафаи фаъолияти иқтисодӣ ва омӯзиши васеъи ҳуқуқи иқтисодӣ яке аз омилҳои пешрафти иқтисодӣ-иҷтимоии ҳар як давлат ба шумор меравад. Ҳуқуқи иқтисодӣ яке аз фанҳои нави илми ҳуқуқшиносӣ дар Тоҷикистон мебошад ва аз ҳамин лиҳоз омӯзиши он аз аҳамият холӣ набуда, дар шароити иқтисоди бозорӣ барои иқтисодчиён ва ҳуқуқшиносон тақозои замон мебошад.
Назорат ва тафтишот. Бо пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва кафолати рушди соҳибкорӣ нақши назорат ва тафтишоти соҳаи иқтисодӣ назаррас мегардад. Бинобар ин, зарурати дар фанни алоҳида омӯхтани назорат ва тафтишот пеш омад. Дар доираи фанни мазкур асосҳои назариявии назорат ва тафтишот, шаклҳо ва усулҳои назорат ва тафтишот, салоҳияти шахсони назораткунанда, мақомоти назораткунанда ва дигар масъалаҳои вобаста ба назорат ва тафтишоти соҳаи иқтисодӣ ба вуҷуд меомада, мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.
Ҳуқуқи гумрукӣ. Фанни «Ҳуқуқи гумрукӣ» фанни маҷмуӣ буда, мақсад аз омӯхтани он ба донишҷӯён таълим додани асосҳои дониши ҳуқуқӣ дар соҳаи муносибатҳои вобаста ба фаъолияти гумрукӣ, яъне муносибати байни давлат ва шахсони интиқолдиҳандаи мол аз сарҳади гумрукӣ мебошад. Рушди муносибатҳои бозорӣ дарТоҷикистон, озодшавии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ боиси афзудани таваҷҷуҳи доираи васеъи ширкаткунандагони фаъолияти хоҷагидорӣ, устодону донишомӯзони мактабҳои олӣ ба фаъолияти гумрукӣ ва қонунгузории гумрук, инчунин ба масъалаҳои рушди ҳуқуқи гумрук ҳамчун соҳаи ҳуқуқи Тоҷикистон гардид.