Фанҳо
Информатика - омӯзиши ин фан аз бунёд намудани донишу малака дар донишҷӯёни тахасусҳои иқтисодӣ мувофиқи стандарти таълимӣ мебошад. Омӯхтани фанни мазкур асосан базавӣ ба ҳисоб меравад, ки он аз технологияи нави информатсионии ҳозиразамон васеъ ва ҳаматарафа истифода мешавад.
Асосҳои алгоритмронӣ ва забонҳои барномасозӣ - ин фан дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои мухталиф, алалхусус информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт ва ҳуқуқ хело муҳим мебошад. Дар ҳақиқат ягон соҳаи иқтисодиёт ва ҳифзи ҳуқуқро бе коркарди информатсия тасаввур кардан аз имкон берун аст. Информатика барои омӯхтани фанни мазкур асоси базавӣ ба ҳисоб меравад, ки он аз технологияи нави информатсионии ҳозиразамон васеъ ва ҳаматарафа истифода мешавад.
Хазинаи маълумотҳо - аз бунёд намудани донишу малака дар донишҷӯёни тахасусҳои гуногун мувофиқи стандарти давлатии таълимӣ мебошад. Инкишофи системаи базаи дониш инъикоси саҳми илми компютерӣ дар ташаккули тасвири илмҳои муосири ҷаҳон, нақши иттилоот, коркард дар ҷомеа, биологӣ ва системаҳои техникӣ.
Системаҳои амалиётии муҳитҳо ва қабатҳо - дар донишҷӯён бунёд намудани донишу малакаи корӣ оиди васл намудани системаҳои амалиётӣ, барномаҳои амалӣ ва кор дар муҳити Windows мебошад. Ғайр аз ин донишҷӯён бояд оид ба барномаҳои амалии муосир маълумот пайдо намуда, васл намудани онро дар компютер аз худ намоянд ва дар фаъолияти касбии худ донишҳои аз худ кардаашонро истифода баранд.
Забонҳои барномасозии сатҳи олӣ - ба донишҷӯён омӯзиши мафхуми барномасозӣ, таърихи пайдоиш ва тараққӣ кардани он, асоси ташкили ҳуқуқӣ, усулҳо ва сарчашмаҳои муайян кардани дурустии баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибӣ, муассисаҳои субъекти хоҷагидорӣ ва мувофиқ будани амалиётҳои гузаронидани онҳо ба қонунҳои мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Асосхои ҳимояи иттилоот - ин ба донишҷӯён омӯзонидани мафҳумҳои асосии асосҳои ҳимояи иттилоотӣ, даврҳои рушди ҳимояи иттилоот, шаклҳои асосии таҳдидҳо ба амнияти иттилоотӣ, таснифоти таҳдидҳои иттилоотӣ, воситаҳои асосии ҳифзи иттилоотӣ, дастрасиаш маҳдуд ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳимояи иттилоот мебошад.
Асосҳои барномасозии компютерӣ - барои истифодабарии техникаи ҳисоббарорӣ, воситаҳои программавие зарур мебошанд, ки имконияти ҳалли масъалаҳои гуногуни илмӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва ғайра дошта бошад. Барои он, ки чунин масъалаҳо ба воситаи компютер ҳал карда шаванд, забонҳои гуногуни барномасозӣ коркард карда шудаанд.
Шабакаҳои компютерӣ - васеъ гардонидани доираи фаҳмиши донишҷӯ роҷеъ ба амал намудани ин гуна шабакаҳои компютерӣ, ки дар ҳар лаҳзаи вақт метавонад ба онҳо роҳҳои самарабахшро нишон диҳад. Масъалан, дуруст навиштани қоидаҳои дохилнамоии маълумотҳо дар интернет, таҳлил намудани маълумотҳои дохилкардашуда дар асоси ин барнома, тартиб додани сайтҳо ва саҳифабандӣ намудани маълумотҳо дар ин барнома, барои ҳамин гуна машғулиятҳо истифода бурдан лозим меояд.
Тиҷорати электронӣ – ба донишҷӯён омӯзонидани усулҳои ташкил намудани шабакаҳо ва тавассути истифодабарии технологияҳои шабакавӣ таъмин намудани алоқаи садоӣ-видеоӣ мебошад, ки технологияи мазкур яке аз технологияҳои пешрафта ва муосир мансуб меёбад.
Барномасозии мантиқӣ – аз худ кардани маълумоти назариявӣ ва амалӣ, усулҳои алгоритмиронӣ ва барномасозии ҷузъҳои асосии назарияи интеллекти сунъӣ мебошад. Инчунин, ба донишҷӯён омӯзонидани қонунҳо ва принсипҳои мантиқӣ, барномасозии мантиқӣ, дарки кори компютерҳо ва барномаҳои компютерӣ мебошад. Инчунин донишҷӯён дар ин фан бо забони барномасозии Prolog, шинос хоҳанд гашт.
Амалияи барномасозӣ– омӯхтани синтаксисҳои забонҳо ва сохтани барнома дар забонҳои барномасозӣ ва пурра ҳал намудани масъалаҳо истифода аз мошини электронии ҳисоббарор.
Забони барномасозии С++– дар донишҷӯён ташаккул додани тафаккури мантиқӣ барои фаҳмиши мафҳумҳои асосии алгоритм ва аз худ намудани забонхои баронмасозӣ.
Асосҳои Web – барномасозӣ– ба донишҷӯён омӯзонидани мафҳумҳои асосии асосҳои web-барномасозӣ, давраҳои рушди web-барномасозӣ, шаклҳои асосии коркард ва таҳияи web-саҳифаҳо, истифодаи тегҳо дар коркарди web-саҳифаҳо, забони коркарди web-саҳифаҳо, инчунин дар амал тадбиқ намудани донишҳои назариявӣ омӯхташуда мебошад. Роҳбарии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ Аламшоева М.М. ба ӯҳда дорад.