Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ

Шарипов Садриддин Бадридинович

Мудири кафера

Шарипов Садриддин Бадридинович

номзади илмҳои иқтисод


Кабинет: Бинои таълимии № 3, Кабинет: 304

E-mail: s_sadriddin91@mail.ru

Маълумот: Олӣ

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: иқтисодӣ



ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОНӢ»

Кафедраи иқтисоди ҷаҳон дар заминаи моддӣ - техникӣ ва кадрии кафедраҳои бизнеси байналхалқӣ, пардохтҳои гумруки ва назорати асъор соли 2010 ҳамчун сохтори таркибии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ташкил шудааст. Зарурияти ташкил намудани кафедра бо талаботи тайёр кардани мутахассисони касбӣ аз рӯи тахассуси бизнеси байналхалқӣ барои ширкатҳо ва ассотсиатсияҳо, бонкҳои тиҷоратӣ ва фондҳои инвеститсионӣ ва нафақавӣ ва дигар корхонаҳо ва ташкилотҳои тиҷоратӣ алоқаманд мебошад.


Собиқ кафедраи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати асъор бо қарори Шӯрои олимони донишкада 16 августи соли 2004 таъсис дода шуда буд ва ба тайёр намудани мутахассисон аз рӯи тахассуси «Ташкилотчии умури гумрук» машғул буд.


Нахустин мудири кафедра ва таъсисдиҳанда он номзади илмҳои иқтисод Мирзоев Иброҳим буд. Соли 2006 аз сабаби ба кори дигар гузаштан ба вазифаи мудири кафедра номзади илмҳои иқтисод Давлатов Х.М. интихоб карда шуд. Аз соли 2007 дар баробари тахассуси «Ташкилотчии умури гумрук» инчунин ба тахассуси «Бизнеси байналхалқӣ» донишҷӯ қабул карда мешавад.


Дар солҳои гуногун дар кафедра устодони зерин фаъолият намуданд: Мирзоев И – н. и. и., дотсент (мудири кафедра солҳои 2004 - 2006), Қурбонов А – д. и. и., и.в. профессор (солҳои 2008 – 2009), Кошонова М – д. и. и., профессор (солҳои 2007 - 2010), д. и. и., профессор Ғафуров Хушвахт (2007-2012с.), д. и. и., профессор Воҳидов Вахоб Вохидович (2007-2012с.), Абдуллоев С. – ассистент (солҳои 2005 - 2009), Шарипов Н. – ассистент (солҳои 2005 - 2009), Шамсиев Н. – муаалими калон (солҳои 2004 - 2008), Қаҳҳоров Максуд - муаалими калон (солҳои 2007 - 2012), н. и. и., дотсент Содиқов Меҳтархон Соқибоевич (2005-2012), Давлатов Ф. С. - ассистент (солҳои 2006 - 2008), Нидоев П.- ассистент (солҳои 2004 - 2008).

Аз аввали таъсисиёби кафедра фаъолияти худро дар асосии нақшаи таълимӣ қарорҳо ва дастурҳои ректор, роҳбарияти факултет, қарорҳои олимони донишгоҳ, ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Аз ҷониби устодони кафедра барномаҳои таълимию методӣ ва силлабусҳо аз фаннҳои тахассусии кафедра таҳия гардиданд. Мавриди қайд аст, ки кафедраи иқтисоди ҷаҳон байналмилалӣ мутахассисони ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро тайёр менамояд.

 

Ҳоло кафедра яке аз кафедраҳои пешсафи донишгоҳ ба ҳисоб рафта, мутахассисони соҳаҳои зеринро омода менамояд:

• 1– 25010300– Иқтисодиёти ҷаҳонӣ, мутахассисонро дар самти ФИБ, менеҷерони содирот ва воридот, таҳлилгарони бозорҳои хориҷӣ, мушовирони тиҷорати байналмилалӣ, кормандони вазорату идораҳо, ки бо масъалаҳои сиёсати иқтисодии байналмилалӣ машғуланд, намояндагони савдо, мутахассисони муносибатҳои байналмилалӣ тайёр мекунад. Вобаста аз малакаҳои гирифташуда, хатмкунандагони ихтисоси "Иқтисодиётиҷаҳонӣ" метавонанд вазифаҳои гуногунро аз таҳлилгарони мутахассис то роҳбарони сатҳи олӣ дар ширкатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ишғол кунанд.

• 1-26020202 – Менеҷменти байналмилалӣ, мутахассисонро дар самтҳои ба менеҷерони фурӯш, менеҷерони маркетинг, менеҷерони логистика, менеҷерони кадрҳо, менеҷерони рушди тиҷорат, мушовирони тиҷорати байналмилалӣ, банақшагирандагони стратегӣ, таҳлилгарони бозорҳои байналмилалӣ,омода менамояд. Хатмкунандагони ихтисоси "Менеҷменти байналмилалӣ" метавонанд вазифаҳои гуногунро аз мутахассисони таҳлилгар то роҳбарони сатҳи олӣ дар ширкатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ишғол кунанд. Онҳо метавонанд дар фурӯш, маркетинг, логистика, молия, захираҳои инсонӣ ва дигар шӯъбаҳои марбут ба фаъолияти байналмилалии ширкат кор кунанд.

• 1-26020210– Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмиалӣ дар самти ширкатҳои сайёҳӣ ва хадамотҳое, ки бо ташкили сафарҳои байналмилалии сайеҳӣ, меҳмонхонаҳое, ки дар минтақаҳои сайёҳӣ ба сайёҳони хориҷӣ нигаронидашуда, ширкатҳои нақлиётии сайёҳони байналмилалӣ (ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ширкатҳои круизӣ, ширкатҳои роҳи оҳан), мақомоти давлатии идоракунии сайёҳӣ, ки бо рушди сайёҳии байналмилалӣ дар кишвар машғуланд, машғуланд тайёр мекунад;

 

ҲАЙАТИ КАФЕДРА

 

Ҳайати кафедраро 10 нафар омӯзгор ташкил медиҳад, ки аз онҳо 2-нафар доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, 4-нафар номзади илм, дотсент, 1– нафар муаллимони калон, 2-нафар ассистент ва 1 нафар корманди техникӣ мебошанд.

1.   Ҷонмамадов Ш.Б. – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор;

2.   Содиқов М.С. - доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор;

3.   Шарипов С.Б. – доктор PhD, дотсент;

4.   Давлатшоева З.М. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

5.   Файзуллоева С.Ҷ. – номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон;

6.   Акрамзода М.А. – номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон;

7.   Хоҷахонова Г.К. – муаллими калон;

8.   Ақдодова Н.Н. – ассистент;

9.   Расулзода Ф.А. – ассистент;

iqtisodi_jahon.jpg