Иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ

Мудири кафедра
Нуриддинов Сунатулло Зубайдуллоевич
номзади илми иқтисод, дотсент
Кабинет: 408
E-mail: s.nuriddinov@tgfeu.tj
Маълумот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Фанҳои таълимӣ: Иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ, Танзими давлатии иқтисоди миллӣ
Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Иқтисоди ҷаҳон, иқтисоди кишоварзӣ
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Хусусиятҳои минтақавии ташаккул ва инкишофи бахши хусусӣ дар соҳаи кишоварзӣ
Нашрияҳои асосӣ: Дастгирии давлатии бахши хусусӣ дар соҳаи кишоварзӣ, КАС Тоҷикистон: Иқтисодиёт, ташкил ва идоракунӣ, Душанбе 2012, №1, Инкишофи бахши хусусӣ дар соҳаи кишоварзии минтақаи Ҳисор, Душанбе «Ирфон»-2012, Аҳамияти инкишофи зироаткории альтернативӣ дар шароити камзаминӣ, Гузориши Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Душанбе №3(25), 2010.
ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «ИҚТИСОДИ КОРХОНАҲО ВА СОҲИБКОРӢ»
Кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ бо қарори Шурои олимони Донишкада ииқтисодии Тоҷикистон аз 29.05.2009, №9 ва фармоиши ректор аз 18.09.2009, №521 таъсис дода шудааст.
Дар асоси муттаҳидшавии ду донишкада, яъне Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Тоҷикистон, Донишкада бо номи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташкил гардид. Мувофиқи фармоиши ректори Донишкдаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (Мирбобоев Р.М.) таҳти фармони №53/и аз 25 июли соли 2012 номи кафедра иваз карда шуда, дар базаи собиқ кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, кафедраи иқтисод ва идора ташкил шуд.
Инчунин, бинобар сабаби бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2018, №169 Муассисаи таълимии давлатии «Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон» ба Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» табдил ёфтан ва аз нав тасдиқ гардидани сохтори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар асоси қарорҳои Шурои олимони ДДМИТ аз 31майи соли 2018, №11/5.6 ва аз 30 июни соли 2018, №11/5.7 кафедраи иқтисод ва идораи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ ба кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ номгузорӣ шуда, ба сохтори факултети иқтисод ва бизнес гузаронида шуд.
Айни замон, кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ ҳамчун кафедраи тахассусӣ фаъолияташро пеш бурда истодааст.
Роҳбарони кафедра:
-аз соли 2009 то соли 2010 д.и.и., професор Ҷонмамадов Ш.Б.
-аз соли 2010 то соли 2011 н.и.и., дотсент Мирақилова Н.Т.
-аз соли 2011 то моҳи январи соли 2013 д.и.и., професор Воҳидов В.В.
-аз 18.01.2013 то моҳи ноябри соли 2017 н.и.и., дотсент Хоҷахонов А.А.
-аз 10.11.2017 то 25.09.2020 н.и.и., дотсент Шомадова Н.С.
-аз 25.09.2020 и. в. мудири кафедра н.и.и., дотсент Нуридинов С.З.
-аз моҳи январи соли 2021 то инҷониб н.и.и., дотсент Нуридинов Сунатуло Зубайдулоевич мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкориро ба уҳда доранд.
Кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ, яке аз муҳимтарин ҷузъи таълимӣ-илмии сохтори ДДМИТ буда, ташкили корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ, методӣ ва тарбиявии донишҷӯёнро ба роҳ монда, барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси рақобатпазир дар бозори меҳнат саҳми арзанда дорад.
Ҳамзамон, кафедраи мазкур барои омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ саҳми арзанда гузошта, то инҷониб зиёда аз 20 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, 5 нафар доктори илмҳои фалсафа (Phd) ва 2 нафар доктори илмҳои иқтисодӣ омода намудаанд. Инчунин дар ҳолати 13 феврали соли 2025 дар кафедраи мазкур 3 унвонҷӯён вобаста карда шуда, корҳои илмӣ-тадқиқотии онҳо дар мадди баррасӣ қарор доранд.
Дар кафедра омӯзгорони соҳибтаҷриба аз рӯи ихтисоси иқтисодиёт д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович, н.и.и., дотсент Нуриддинов Сунатулло Зубайдуллоевич, н.и.и., дотсент Абдумухторзода Нигина Абдумухтор, н.и.и., дотсент Исайнова Манижа Хисайновна ассистентон Расулзода Ҳидоятулло Маҳабатович, Акобирзода Абутолиб Мирзоҳимат, Ҷураева Наргис Умаровна ва ҳуҷҷатнигори кафедра Ёрзода Нилуфар Холиқ кор ва фаъолият намуда, саҳми худро дар рушди кафедра гузошта истодаанд.
Боиси хушнудист, ки ҳамаи ассистентони кафедра мавзуи рисолаи номзадиашонро пешниҳод ва тасдиқ намуда, дар мавриди коркард қарор доранд.
Айни замон, кафедра аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахассис тайёр менамояд:
1-26010101 – идораи давлатӣ ва маҳаллӣ
1-25010728 – иқтисод ва идора дар корхонаҳои хурду миёна
1-260101-идораи давлатӣ
Вобаста ба талаботи бозори меҳнат кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ се ихтисоси навро пешниҳод намуда, барномаҳои таҳсилотӣ омода карда истодааст:
1-25010205 – Иқтисодиёт ва молияи бозори амвол ва манзил
1-25010206 – Иқтисодиёт ва молияи корхонаҳои хоҷагии шаҳр
1-25010207 – Иқтисодиёт ва молияи хоҷагии манзилию коммуналӣ
Номгӯи фанҳои кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ.
1. Асосҳои соҳибкорӣ
2. Банақшагирӣ дар корхона
3. Идораи давлатӣ
4. Идораи зиддибуҳронӣ
5. Идораи иҷтимоӣ
6. Идораи моликияти маҳаллӣ
7. Идоракунии буҳроҳои молиявӣ
8. Идоракунии коорперативӣ
9. Иқитисоди корхонаҳо
10. Иқтисод ва идора дар корхонаҳои савдо
11. Иқтисод ва идора дар корхонаҳои хурду миёна
12. Иқтисоди аграрӣ
13. Иқтисоди корхонаҳо
14. Иқтисоди минтақа
15. Иқтисодиёти саноат
16. Иқтисодиёти соҳаи хизматрасонӣ
17. Иқтисодиёт дар корхонаҳои саноатӣ
18. Муқаддимаи ихтисос
19. Назарияи идорӣ
20. Назарияи таваккалии муассиса
21. Низоми идораи давлатӣ ва маҳаллӣ
22. Ҳукумати электронӣ
23. Ояндабинии иқтисодию иҷтимоӣ
24. Соҳибкории иттилоотӣ дар амал
25. Ташкил ва идораи истеҳсолот дар корхонаҳои хурду миёна
26. Худидоракунии ҷамъиятии минтақавӣ