Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Менеҷмент

Неъматов Илхомидин Усмонович

Мудири кафедра

Неъматов Илҳомидин Усмонович

номзади илми иқтисод, дотсент


Кабинет: 201

E-mail: i.nematov@tgfeu.tj

Маълумот: Донишкадаи андоз ва хукук

Фанҳои таълимӣ: Менеҷмент, маркетинг, медиа-менеҷмент, менеҷменти стратегӣ ва инноватсионӣ

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Тадқиқи низомҳои нархмуайянкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Государственное регулирование цены продовольственных продуктов и основные направление его совершенствования (на примере РТ)

Нашрияҳои асосӣ: Нақши маркетинг дар рушди бозори озуқаворӣ. Аҳамияти низоми танзими давлатӣ ва нақши он дар бахши кишоварзии иқтисодиёт. Ташаккули инфрасохтори бозори озуқаворӣ. Ташакул ва инкишофи бозори минтақавии озуқаворӣ. Муносибати методологӣ ба таҳқиқи маркетинги бозори минтақавии гушт. Зарурияти омӯзиш ва таҳқиқи шуғли аҳолии иқтисодиёти ниҳонӣ дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ. Муаммоҳои молиявию иқтисодии тараққӣ додани гидроэнергетика. Ҳолати муосир ва баъзе муаммоҳои рушди туризм дар ҶТ. Масъалаҳо ва роҳҳои танзими давлатии нарх дар шароити ҳозира. Фаъолияти гумрук дар низоми танзими давлатии муносибатҳои иқтисодии хоричӣ.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «МЕНЕҶМЕНТ»

Кафедраи менеҷмент бо қарори Шӯрои олимон ва фармони ректори Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ аз моҳи августи соли 1998 таҳти № 83 дар факултаи иқтисодиёт ҳамчун кафедраи махсус таъсис дода шудааст. Дар тӯли мавҷудияти кафедра вазифаи мудири кафедраро дар солҳои 1998-2004 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент И.Т. Тоҷибоев, солҳои 2004-2010 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ш.Б. Ҷонмамадов, солҳои 2010-2012 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ш.Ш. Базаров, солҳои 2012-2016 номзади илми иқтисодӣ, дотсент Д.М. Назарамонова, солҳои 2016-2018 номзади илми иқтисодӣ, дотсент У.Н. Негматов ва солҳои 2018-2020 номзади илми иқтисодӣ, дотсент М. Н. Ашуров, ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи ноябри соли 2020 роҳбарии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Хоҷазода Давронҷон Қурбоналӣ ба ӯҳда дорад.

Талаботи ташкил намудани кафедра барои мусоидат дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси замони муосир, барои ширкату корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, шӯъбаҳои тараққиёт ва маркетинги корхонаҳо, фирмаҳои хусусӣ ва ассотсиатсияҳо, бонкҳо ва ширкатҳои суғуртавӣ, фондҳои инвеститсионӣ, нафақавӣ ва дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ, ки донишҳои касбӣ дар соҳаи иқтисодиёт, идоракунӣ ва технологияи компютерӣ талаб менамоянд, алоқамандӣ дорад. Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва стандартҳои байналмилалии низоми идоракунӣ, талаботро ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи идоракунӣ дар ҳамаи сохторҳои иқтисодиёти кишвар дучанд баланд намуд. Бинобар ин, дар назди кафедра масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсили донишҷӯён ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани онҳо гузошта шудааст. Дар ин замина соли ҷорӣ ихтисоси менеҷменти кафедра аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуда, сертификати мутобиқатро дастрас намудааст. Кафедра барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методиро дар асоси талаботи кунунӣ ва раванди таълимӣ таҳия кардааст. Ҳоло бошад кафедраи «Менеҷмент» яке аз кафедраҳои асосии факултети «Менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ», Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи иқтисодиёт ва идоракунӣ саҳм мегузорад. Дар кафедра устодони соҳибтаҷриба аз рӯи ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунӣ аз қабили профессор Бозоров Ш.Ш, Ғаниев Т.Б., дотсентон: Қодиров Ф.А., Хоҷазода Д.Қ., Ашуров М.Н., Назарамонова Д.М., Қосимова С.И., Содиқов М.С., Нуъматов И.У., Ҳамидов А.Х., Хуррамова З.М., муаллимони калон Холбобоев Р.Б., Ҳомидова М.М., ассистентон Халилзода У.Ш., Юнусов Б.Д., Шарофова Ч.Р., Хоҷахонова Г., Муминов Ф., Қодиров С., Ёдгорзода Ф., Ақдодова Н, инчунин ҳуҷҷатнигори кафедра Атаджанова О.Ш. кор ва фаъолият намуда саҳми худро дар рушди кафедра мегузоранд. Дар 5-соли охир аз ҷониби устодони кафедра зиёда аз 25 китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ рӯӣ чоп оварда шудааст. Дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси кафедра бошад, саҳми олимони тоҷик аз қабили д.и.и, профессорон Ш.Б Ҷонмамадов, Л.Х.Саидмуродов, Ш.Ш. Бозоров хеле калон аст. Айни замон барои пешбурди фаъолияти кории кафедра 22-нафар ба ҳайси ҳамкорони асосӣ ва дохиливу берунӣ кор ва фаъолият намуда истодаанд, ки аз он 2-доктори илм, 10-нафар номзадони илм, 2-нафар муаллимони калон, 8-нафар ассистентон кафедра мебошанд.

Кафедраи менеҷмент барои баландбардории сатҳи дониши донишҷӯён бо Ассотсиатсияи миллии менеҷерон ва маркетингшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи менеҷмент ва тиҷорати «Само», ТАҚХ «Матин», ҶСК «Фабрика Гулистон», ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ҳамкории зич доранд.

Устодони кафедра дар самти илмии кафедра корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мегузаронанд ва ҳамасола натиҷаи он дар конфронсҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳои илмӣ аз рӯи масъалаҳои мубрами кафедра рӯи чоп мебарояд. Дар кафедра инчунин маҳфили илмии донишҷӯён зери унвони «ТОП-менеҷер» фаъолият дорад, ки нақши муассир дар ҷалби бониҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мегузорад. Кафедра дорои пойгоҳи пурқудрати зеҳнӣ, моддию техникӣ ва кадрӣ мебошад, ки дар тайёр кардани мутахассисон, устодони ботаҷрибаи дорои унвони илмӣ кор ва фаъолият намуда истодаанд.