Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ

Убайдуллоев Фаридулло Каримович

Мудири кафедра

Убайдуллоев Фаридулло Каримович

н.и.и., дотсент


Кабинет: 103

E-mail: f.ubaidulloev@tgfeu.tj

Маълумот: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (1994) Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (2001)

Фанҳои таълимӣ: Биржаҳои байналхалқии фондӣ, бозори молиявии ҷаҳонӣ

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: молия, муомилоти пулӣ ва қарз, назарияи иқтисодӣ, таърихи афкори иқтисодӣ, асосҳои ташаккулёбии мактаби тоҷикии афкори иқтисодӣ, таърихи иқтисод

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Категория «справедливость» в системе распределительных экономических отношений во взглядах средневековых таджикских мыслителей

Нашрияҳои асосӣ: Тамаддуни ориёӣ: ташаккул ва густариш, Д., 2004; Имоми Аъзам: зиндагӣ, мазҳаб ва васоё / монография – Душанбе: «Ирфон», 2009; Мухтасари таърих ва фурӯоти мактаби ҳанафӣ / Ҷойгоҳи Имоми Аъзам дар тамаддуни исломӣ, Д., 2009; Роль Имама Азама в истории исламской цивилизации / Место Имама Азама в культуре ислама и мира, Д., 2009; К вопросу о периодизации экономической истории таджикского народа, Д., 2014; История и теория налогообложения, Д., 2015; История экономической мысли, Д., 2017; Финансовая деятельность и финансовое партнерство согласно ранним мусульманским мыслителям, Д., 2018; Концептуальные основы социально-экономической мысли таджикского народа в период средневековья, Д, 2019; Распределительные экономические отношения и категория «справедливость» во взглядах таджикских средневековых мыслителей / монография – Душанбе: «Ирфон», 2020; Ретроспективный анализ интерпретации дистрибутивной справедливости как экономической категории, Д., 2021; «Китаб-ал-харадж» - книги об управлении государственными финансами, Д., 2021; Институт «финансового партнерства» в ретроспективе, Д., 2021, Финансовая и социально-экономическая сущность «заката» согласно средневековым правовым школам, 2021; Иртиботи мутақобилаи субъектҳои муносибатҳои молиявӣ ва ташаккули рафтори молиявии хонаводаҳо, 2021; «Сиёсатнома»-и Низомулмулк – дастурамал оид ба идоракунии молияи давлатӣ, 2022; Проблема азиатского способа производства и его отражение в книге «Таджики» академика Б.Гафурова, 2023; Из истории экономической мысли таджикского народа: экономические мысли Абу Насра Фараби, 2023 ва ғ.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВӢ-ҚАРЗИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ»

Кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ дар назди факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 26 июни соли 2012 сол ҳамчун кафедраи тахассусӣ таъсис дода шудааст. Фаъолияти кафедра айни замон аз руйи ду ихтисос 1-25010407 – Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди беруна ва 1-25010305-Инвеститсияҳои байналмилалӣ дар зинаҳои бакалавариат (рӯзона ва фосилавӣ) ва магистратура ба роҳ монда шудааст. 


Роҳбарии кафедраро аз рӯзи таъсисёбии он (соли 2012) то соли 2017 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Содиқов Метархон Соқибекович, ба зимма дошт. Аз соли 2017 то 31 августи соли 2019 роҳбарии кафедра ба зиммаи номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Аламшоев Анис Қурбонуддинович вогузошта шуд. Аз 31 августи соли 2019 то 9 феврали соли 2024 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Буриева Мастура Чориевна мудири кафедра буд. Аз 9 феврали соли 2024 инҷониб номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Убайдуллоев Фаридулло Каримович ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра таъин гардидааст. 


Дар кафедра 6 нафар устоди штатӣ, 3 нафар ҳамкорони дохила ва 2 нафар ҳамкорони беруна ҷалб карда шуданд. Саҳми устодони варзида ба монанди доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саидмуродов Л.Х., номзадони илм Солеҳзода А.А., Мирбобоев Р.М., Худоиев М.Н., Қодиров Ф.А. ва дигарон дар пешрафти фаъолияти кафедра назаррас аст. Айни замон дар кафедра устодони варзида, номзадҳои илм Усмонов П.Н., Якубова К.Г., муаллими калон Эшбеков Т.Ҳ. ва ассистентон Ҳакимов М.А. ва Сафарова Г.Ҳ. ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ яке аз муҳимтарин ҷузъи таълимӣ-илмии сохтори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ) ба шумор рафта, аз аввали таъсисёбиаш фаъолияти таълимӣ-илмӣ-методӣ ва тарбиявии донишҷӯёнро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи ДДМИТ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ ба роҳ монда, таълиму тарбияро дар асоси Стандартҳои давлатии таҳсилот ва нақшаҳои таълимии тасдиқшуда амалӣ намуда, дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда дорад. 


Устодони кафедра пайваста дар семинару конференсияҳои байналмиллалӣ бо маърӯзаҳои илмӣ иштирок намуда, бо ин васила робитаҳои кафедраро бо дигар макотибҳои таҳсилоти олии берун аз кишвар (Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Қазоқистон, Олмон, Кипр, Гурҷистон, Лаҳистон) таҳким мебахшанд. 

Мавзуи таҳқиқоти илмии кафедра тибқи Нақшаи перспективии корҳои иилмию таҳқиқотии кафедра, ки барои солҳои 2023-2027 тасдиқ шудааст: «Рушди муносибатҳои молиявию қарзии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» маҳсуб меёбад. Роҳбарии умумии илмии КИТ тиқби нақшаи мазкур ба дӯши д.и.и., профессор, узви вобастаи АМИТ Саидмуродзода Л.Ҳ. вогузор шудааст. Корҳои илмӣ дар ин самт идома доранд.