Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Фанҳо

ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ «МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВӢ-ҚАРЗИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ»


  • Баҳои иқтисодии инвеститсия - фанни таълимиест, ки дар қатори омӯзиши фаъолият ва сиёсати сармоягузорӣ, идораи сармояҳои молиявӣ, инвеститсияи воқеъӣ, лоиҳаҳои инвеститсионӣ, инчунин таснифи масъалаҳои умумӣ оид ба навъоварӣ ва ташкили навъовариҳо дар ҶТ, муайян кардани сарчашмаҳо ва тамоюлҳои воридшавии сармоя ва самтҳои истифодаи он дар ҷумҳурӣ, муайян намудани самараи иқтисодӣ ва самаранокии сармоягузориро омӯзонида мешавад. Омӯзиши фанни мазкур ба мутахассисони ояндаи соҳаҳои иқтисодиёт имкон медиҳад, ки онҳо дониши назариявии худро дар амалия оид ба сарчашмаҳои ташкил ва андухт намудани маблағҳо ва ташкилкунандагони субъектҳои сармоягузорӣ ба амал бароранд.

  • Иқтисоди ташкилотҳои молиявӣ - фанни таълимиест, ки дар қатори асосҳои назариявии омӯзиши соҳаҳои ғайристеҳсолӣ, пайдоиши ақидаҳои илмӣ роҷеъ ба ин соҳаи муҳими иқтисодиёт, инчунин қонуниятҳои рушд ва фаъолияти соҳаҳои савдо, хизматрасонии маишии аҳолӣ ва дигар соҳаҳои ғайриистеҳсолиро меомӯзад. Фанни иқтисоди ташкилотҳои молиявӣ ҳамчун категория иқтисодӣ донишҷӯёнро нафакат таҳлили ташкилотҳои иқтисодиёти хоҷагии умумиҷаҳониро дар шакли назариявӣ, балки дар алоқамандии амалии онҳо ба вазифаҳои дар назди иқтисодиёти воқеӣ меомӯзад. Омӯзиши ин фан ба донишчӯён маълумот оиди масъалаҳои қонуниятҳои рушд ва фаъолияти байналхалқӣ дар соҳаи молиявию асъорӣ, ширкатҳои суғуртавӣ, фондҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, фондҳои инвеститсиониро медиҳад, ки дар шароити фаромилалигардонии ҳаёти хоҷагидорӣ бисёр муҳим мебошад.

  • Инвеститсия - фанни таълимест, ки ба донишҷӯён омӯзонидани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалиявӣ оиди сармоягузорӣ нигаронида шудааст. Инвеститсия дар пешрафти ҳаёти иқтисодии ҳар як давлат нақши муҳимро мебозад. Яъне он имрӯз ҳамчун нерӯи пешбаранда дар рушди иқтисодиёти давлат эътироф гардидааст. Рушди потенсиалии истеҳсолии давлат, сатҳи рушди иқтисодӣ, зиёд шудани ҳаҷм ва сифати манфиатҳои моддӣ ва маънавии истеҳсолот, пешрафти тамоми инфраструктура аз инвеститсия ва сиёсати инвеститсияи давлат вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ омухтани фанни мазкур зарур ва ҳамзамон мебошад.

  • Инвеститсияи хориҷӣ - яке аз шохаҳои илмҳои иқтисодӣ буда, омӯзиши он зарурияти хосае дорад, чун ки аз замонҳои қадим то ба имруз яке аз паҳлуҳои асосии рушд додани иқтисодиёти давлат ин сиёсати сармоягузорӣ мебошад. Сармоягузории хоричӣ ин худ як қувваи истеҳсолкунандаи ҳақиқӣ буда бемонеъа ва бо суръат пешравии истеҳсолотро таъмин мекунад ва боигарии ҷамъиятро низ зиёд мекунад. Мақсади омӯзиши фанни «Инвеститсияи хоричӣ» ин таъмин кардан донишҷуён бо ақидаҳои нав бо роҳи дарки назария ва амалияи ташкили маблағгузории сармоя ва қонуниятҳои рушди инвеститсияи хориҷӣ ба иқтисодити Тоҷикистон мебошад. Фанни мазкур ва аз худнамоии он ба мутахассисони ояндаи соҳаи муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ имкон медиҳад, ки онҳо дониши назариявии худро дар амалия оид ба сарчашмаҳои ташкил ва андухт намудани маблағҳо ва ташкилкунандагони субъектҳои сармоягузории хоричӣ ба амал бароранд.

  • Муносибатҳои байналхалқии асъориву қарзӣ - фанни таълимие мебошад, ки мақсади омӯзиши он шинос намудани донишҷуён бо моҳияти фан, принсипҳои муносибатҳои байналхалқии асъориву қарзӣ нақши танзими асъор дар иқтисодиёт низом ва бозорҳои асъор, омилҳои асосии танзим ва назорати давлатии асъор, шакл ва усули танзими муносибатҳо дар соҳаи назорати асъор, системаи асъори байналмилалӣ ва назорати гумрукӣ дар соҳаи танзим ва назорати асъор мебошад Фанни «Муносибатҳои байналхалқии асъориву қарзӣ» қонунҳои обективии фаъолияти институтҳои молиявии байналхалқӣ, амалиётҳои онҳо ва муносибатҳои субъектони хоҷагидориро оиди муносибатҳои қарзи ва асъории байналхалқиро меомузад, ки омузиши он барои муайян намудани раванди инкишофи муносибатҳои бозорӣ ва таносубҳои иқтисодӣ хеле зарур аст.

  • Нарх дар савдои беруна - омузиши фанни мазкур зарурияти хосае дорад, чунки аз замонҳои қадим то ба имруз яке аз паҳлуҳои асосии ба танзим дарорандаи иқтисодиёти давлат ин сиёсати нарх ва нархгузорӣ мебошад. Нарх оид ба савдои беруна ҳамчун ифодаи пулии арзиши мол ба ҳисоб меравад. Асоси нархро сарфи меҳнати зарурии ҷамъияти ташкил медиҳад. Шаклҳои такшкили истеҳсолот дар низоми нархгузори пурра таъсири худро мерасонад ва бевосита ба иқтисодиёти байналхалқӣ вобаста аст. Дар замони иқтисоди бозорӣ механизми асосии мутобиқкунандаи муносибатҳои бозори ин низоми нархҳои беруна мебошад. Дар шароити ташакули муносибатҳои бозорӣ, нархҳо дар савдои беруна хусусятҳои наверо соҳиб мешаванд, ки хоси иқтисоди бозорӣ мебошад. Аз ҳамин ҷиҳат бешубҳа зарурияти обективии омузиши ин шакли муносибатҳо ба миён меояд. Фанни мазкур ҳамчун фанни алоҳидаи иқтисодӣ, муайянкунандаи қонунҳои обективии нархҳо дар савдои беруна, сиёсати нархгузориро меомузад, ки омузиши он барои муайян намудани раванди инкишофи муносибатҳои бозорӣ ва таносубҳои иқтисодӣ хеле зарур ва муҳим мебошад.

  • Практикум оид ба нархҳои шартномавӣ - фанни таълимие мебошад, ки ба донишҷӯён омӯзонидани метадология принсипҳо ва усулҳои нархгузӣ, шаклҳои нархҳои шартномавӣ дар шароити бозор, омӯзонидани асосҳои методологии нархгузорӣ дар соҳаи хизматрасонӣ, омӯзонидани хусусиятҳои хосси нархҳои шартномавӣ дар тиҷорати байналмилалӣ нигаронида шудааст. Бояд қайд кард ки ҳангоми омузиши фанни мазкур донишҷӯён чабҳаҳои гуногуни нархҳои шартномавиро дар амалия баррасӣ менамоянд. Тадриси ин фан ба донишҳое, ки донишҷӯён дар вақти омӯзиши фанҳои назарияи иқтисодӣ, иқтисодиёти ҷахон ва омор гирифтаанд асос меёбад. Умуман азхуд намудани фанни мазкур дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти калонро пайдо мекунад.

  • Ташкили маблағгузории сармоя - фанни таълимиест, ки дар он донишёои лозими ва ақидаёои нав бо роёи дарки назария ва амалияи ташкил ва маблағгузории сармоя ба иқтисодиьти Тоҷикистон омухта мешавад? Фанни мазкур ва аз худнамоии он ба мутахассисони ояндаи соёаи иқтисодӣ имкон медиёад: ки онёо дониши назариявии худро дар амалия оид ба сарчашмаёои ташкил ва андухт намудани маблағҳо ва ташкилкунандагони субъектҳои сармоягузорӣ ба амал бароранд. Омузиши ин фанн таснифи масъалаҳои умумӣ оид ба навоварӣ ва ташкили навовариҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян кардани сарчашмаҳо ва тамоюлҳои воридшавии сармоя ва самтҳои истифодаи он дар ҷумҳурӣ, муайян кардани раванд ва давраҳои сармоягузорӣ, омухтани ташкили маблағгузории давлатӣ хориҷӣ, омухтани алоқамандии ҷараёнҳои самоягузории объектҳо ва механизми пайдоиши манбаҳои молиявии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, муайян кардани самараи иқтисодии ва самаранокии самоягузори, ки барои бунёд намудани объектҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ аз он ҷумла сохтумонҳои нотамом истифода мешавад зарур мебошад.

  • Ташкилотҳои иқтисодии байналхалқӣ - дар фанни «Ташкилотҳои иқтисодии байналхалқӣ» ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Созмонҳои иқтисодии байналхалқӣ (СИБ), таърихи пайдоиш ва ташаккули онҳо, сохтор, хусусиятхои амалиёт, манбаҳои молиякунонии фаъолияти онҳо, проблемаҳои шомилшавӣ ва ширкати Тоҷикистон дар кори СИБ- асосӣ ва дигарҳо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода мешаванд. Дар шароити имрӯза, вақте ки ҳамгироии давлатҳои ҷаҳон хеле рушд ёфтааст, давлатеро пайдо кардан ғайриимкон аст, ки дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии худ аз кӯмаку дастгирии дигар кишварҳо ё худ созмонҳои бонуфузи молиявии дунё бархурдор набошад. Густариши робитаҳои мутақобилан судманда байни кишварҳои гуногуни олам зарурати хамгироии молиявии онҳоро ба миён мегузорад. Фанни «Ташкилотҳои иқтисодии байналхалқӣ» ба донишҷӯён оиди зарурияти ташкили созмонҳои иқтисодии байналхалқӣ ва мақсаду вазифаҳои онҳо дар шароити глобалишавии хоҷагии ҷаҳон ба монанди СММ, ЮНКТАД, ХБА, ИДМ, ҳамчунин оиди ҳамкории судманди Тоҷикистонро бо созмонҳои байналхалқӣ ба монанди Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёгии Тараққиёт, Бонки Исломии Тараққиётро меомӯзад. Аз ин лиҳоз дар шароити ҳамгироии иқтисоди омухтани ин фан муҳим мебошад.

  • Таъминоти хуҷҷатгузории молиявию қарзӣ - фанни таълимие мебошад, ки омӯзиши он барои донишҷуёни ихтисосҳои иқтисодӣ дар шароити таракиёти босуръати илму техника, махсусан раванди идоракунӣ ба амалятҳои ҳуҷчатгузорӣ басо муҳим мебошад. Аз ин рӯ пайваста омӯхтану аз бар кардани нозукиҳои илми ҳуччатгузории муассисаҳои молиявию қарзӣ яке аз вазифахои мухими иқтисодчиёни имруза ва махсусан шахсоне мебошад, ки дар соҳаи идоракунӣ кор мекунанд ва ё худ нияти кор кардан доранд. Омӯзиши ин фан ба донишчӯён нафақат масъалаҳои қонуниятҳои рушд ва фаъолияти ҳуҷҷатгузори дар ташкилотҳои молиявию қарзӣ, соҳаи молиявию асъорӣ балки хусусиятҳои хоси ҳучҷатгузориро дар фондҳои инвеститсионӣ, институтҳои молиявии миллӣ ва байналхалқӣ маълумоти назариявӣ медиҳад, ки онҳо метавонанд роҳҳои оқилона истифода бурдани онҳоро ва баланд бардоштани самаранокии коргузориро аз худ намоянд.

  • Фаъолияти иқтисодии ташкилотҳои молиявӣ ва қарзӣ - буда омузиши он барои донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисоди оиди таҳким бахшидан ба тасаввуроти назариявии донишҷӯён хеле зарур мебошад. Фаъолияти иқтисоди хориҷи муассисаҳои молияви қарзӣ ин яке аз шохаҳои муносибатҳои иқтисоди ҷаҳон дар раванди гузариш ба иқтисоди бозоргони ва такмил додани муносибатҳои давлати бо давлатҳои ҷаҳон оиди доду гирифти молу маҳсулот инчунин техникаву теналогияи ҳозиразамон барои барпо намудани корхонаҳои муштарак дар дохили мамлакат ва тайёр намудани маҳсулот ба базори дохиливу хориҷи кишвар вабаста аст. Аз ин лиҳоз омухтани фанни мазкур барои ҳамаи мутахассисонӣ соҳаи иқтисодӣ зарур ва ҳамзамон мебошад.

  • Шартнома дар савдои байналмилалӣ - фанни таълимиест, ки донишҷӯёнро бо моҳияти фан, принсипҳои шартномаи дар савдои беруна, нақши танзими шартномаи тиҷорати беруна дар иқтисодиёт, низом ва савдои беруна, омилҳои асосии танзим ва назорати давлатии тиҷорати беруна, шакл ва усули танзими муносибатҳо дар соҳаи назорати тиҷорат, системаи шартномаи байналмилалӣ ва назорати гумрукӣ дар соҳаи танзим ва назорати шартномаи савдои беруна шинос менамояд. Дар шароити ташакули муносибатҳои бозорӣ, муносибатҳои пулию қарзӣ ва шартномавӣ хусусятҳои наверо соҳиб мешаванд, ки хоси иқтисоди бозорӣ мебошад. Аз ҳамин ҷиҳат бешубҳа зарурияти обективии омузиши ин шакли муносибатҳо ба миён меояд. Фанни «Шартнома дар савдои беруна» ҳамчун фанни алоҳидаи иқтисодӣ қонуниятҳои обективии фаъолияти тиҷорати беруна, тарзи бастани шарномаҳои тиҷоратӣ, вазифаҳои ташкилотҳои хориҷиро меомузад, ки омузиши он барои муайян намудани раванди инкишофи муносибатҳои бозорӣ ва таносубҳои иқтисодӣ хеле зарур аст.