Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Иқтисоди рақамӣ ва логистика

Гафуров Парвиз Джурахонович

Мудири кафедра

Ғафуров Парвиз Ҷурахонович

номзади илми иқтисод, дотсент


Кабинет: 208

E-mail: p.gafurov@tgfeu.tj

Маълумот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Фанҳои таълимӣ: Усулҳои риёзӣ ва тадқиқӣ амалиётҳо дар иқтисодиёт, Эконометрика, Усулҳои таҳлили оморӣ ва дурнамо, Моделсозӣ ва коркарди компютерии маълумоти иқтисодӣ, Моделиронии макроиқтисодӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ, Усулҳои баҳодиҳии экспертӣ, Пакети барномаҳои эконометрикӣ, Система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Экономико-математическое моделирование тарифной политики в страховании жизни : на примере Республики Таджикистан : диссертация ... кандидата экономических наук : 08.00.13

Нашрияҳои асосӣ: Бунёди модели макроиқтисодӣ барои Тоҷикистон (бо забони англисӣ ва русӣ), Буллетен (мақолаҳои таҳлилӣ ва назариявӣ), Якчанд ҷанбаҳои моделсозӣ ва пешгӯии ММД дар Тоҷикистон, Буллетен (мақолаҳои таҳлилӣ ва назариявӣ), Модели даромадҳои давлатӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон), Моделсозии эконометрикии индекси нархҳои истеъмолӣ ва индекси фишор дар бозори асъор, Модели хурди эконометрикӣ ҳамчун як воситаи арзёбии сиёсати макроиқтисодӣ ва дурнамо (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон), Ҳисобҳои актуарӣ дар суғуртаи ҳаёт. Web-Design (дастури таълимӣ), Моделиронии макроиқтисодӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ, Усулҳои баҳодиҳии экспертӣ, Пакети барномаҳои эконометрикӣ, Система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт (Барномаи таълимӣ), Усулҳои риёзӣ ва тадқиқӣ амалиётҳо дар иқтисодиёт, Эконометрика, Пакети барномаҳои эконометрикӣ, Система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодит (Маҷмуи лексияҳо).

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ЛОГИСТИКА»


Кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт мутобиқи қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 07.12.2022 №102/и дар пояи собиқ кафедраҳои моделсозии математикӣ ва технологияҳои иттилотӣ (2003), информатикаи амалӣ (2006), технологияҳои иттилоотӣ (2009), технологияҳои иттилоотӣ ва логистика (2012)-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва кафедраи математика ва технологияи иттилоотӣ (2010)-и Донишкадаи молияи Тоҷикистон, моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ (2012)-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Роҳбарии кафедраро омӯзгорони зерин ба уҳда доштанд:

1. [Мирзоахмедов Ф.М.], д.и.т., профессор - солҳои 2003-2012;

2. Раҷабов Ф.С., н.и.ф.м., дотсент- солҳои 2012-2018;

3. Наҷмиддинов А.М., н.и.ф.-м., дотсент – солҳои 2018-2020;

4. Ғафуров П.Ҷ., н.и.и., дотсент – аз моҳи марти соли 2020.

Мақсади ташкил намудани кафедра аз тайёр намудани мутахассисони ҳирфавии замони муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аз рӯи ихтисосҳои технологияҳои иттилоотии идора дар иқтисодиёт, логистика, технологияҳои иттилоотӣ низомҳои молиявӣ, иқтисоди рақамӣ ва кибернетикаи иқтисодӣ (технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт) иборат мебошад. Донишҷӯёни ихтисосҳои зикргардида баъд аз хатми донишгоҳ соҳиби тахассуси дусоҳавии «математик-иқтисодчӣ», «маркетолог-иқтисодчӣ», «математик-барномасоз», «иқтисодчӣ-информатик» ва «кибернетик-иқтисодчӣ» гашта, метавонанд дар сохторҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ аз ҷумла марказҳои таҳлилӣ, молия, бонк, андоз, гумрук, суғурта ва ғайра кору фаъолият намоянд.

Ҳайати устодони кафедра 10 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 5 нафар номзадони илм, 1-нафар доктор (PhD) аз рўйи ихтисос 2-нафар муаллимони калон ва 2-нафар ассистентон мебошанд: Ғафуров Парвиз Ҷурахонович –мудири кафедра, аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент; Мирзоабдуғафуров Каримҷон Иброҳимҷонович – барандаи Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар бахши илмҳои бунёдӣ (2010), номзади илмҳои физика-математика, дотсент; Фозилова Давлатбахт Миралибековна -номзади илмҳои физика-математика, дотсент; Турахонзода Шаҳриёр Нурулло-доктор (PhD) аз рӯйи ихтисос; Воҳидов Умар Маҳмадиевич- аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент; Гулов Акобир Баҳронович - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент; Фезалиев Абдураҳим Султонкаримович-муаллими калон; Саъдонов Алидод Ғуломович-муаллими калон; Ҳамзаев Толибшо Сироҷиддинович-ассистент; Бахтоваршоҳи Асомуддин-ассистент.

 

Самти илмӣ-тадқиқотии кафедра барои солҳои 2018-2022 бо унвони “Қонуниятҳои рушди рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ дар шароити ҳамгироии иттилотии молиявӣ ва иқтисодӣ” дар Маркази миллии патенту иттилоот ба қайд гирифта шуда буд ва натиҷаи он дар шакли маколаҳои илмӣ, китоби дарсӣ, васоити таълимӣ, дастури методӣ-таълимӣ ва монографияҳо ба чоп расонида шуд. Нақшаи перспективии корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика барои солҳои 2023–2027 дар самти “Рушди рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ бо ҷорӣ намудани технологияи муосир” дар Маркази миллии патенту иттилоот ба қайд гирифта шуда, устодони кафедра тибқи мавзӯҳои интихобнамуда, кор ва фаъолияти худро идома дода истодаанд.

Дар назди кафедра маҳфилҳо аз ҷумали маҳфили илмии донишҷӯён бо унвонии “Моделсозони ҷавон”, семинари илмӣ-методӣ ва зермаҳфили “Зеҳн” амал мекунанд, ки ҳармоҳа тибқи нақшаҳои тасдиқшуда, аз тарафи донишҷӯёни тахассусӣ, устодон ва олимону мутахассисони соҳа даъватшуда таҳқиқоти илмии худро баромад менамоянд.

Аз тарафи устодони кафедра дар давоми солҳои 2022-2024 142- маводҳои илмӣ-методӣ аз ҷумла, 1-китоби дарсӣ, 8 васоити таълимӣ, 3 дастури методӣ, 5- монография, зиёда аз 126-мақола ва тезисҳо ба чоп расонида шудааст, ки аз он 20 мақолаи тақризшаванда аз ҷониби КОА ва 2 мақолаҳо дар маҷаллаҳои бонуфуз (Web of Science) ба табъ расонида шуданд.

Устодони кафедра дар омода намудани донишҷӯён ба олимпиада ва озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», саҳми назаррас доранд. Соли 2021 донишҷӯ Ҳасанов Муҳаммадфирӯз таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғафуров П.Ҷ. дар олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни математика сазовори ҷойи дуюм гардид. Худи ҳамон сол дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар давраи ноҳиявӣ, шаҳрӣ сазовори ҷои якум ва дар давраи ҷумҳуриявӣ бошад сазовори ҷои дуввум гашт. Соли 2022 донишҷӯ Панявин Михаил таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғафуров П.Ҷ. дар озмуни мазкур аз фанни технологияҳои иттилоотӣ дар ҳамаи марҳилаҳо — ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ — сазовори ҷойи аввал гардид. Соли 2024 донишҷӯ Раҳматов Сунатулло Парвизович таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғафуров П.Ҷ. дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз фанни математика дар давраи ноҳиявӣ ҷойи аввал, дар давраи шаҳрӣ ҷойи дуюм ва дар давраи ҷумҳуриявӣ ҷойи сеюмро соҳиб гашт.

Ҳамзамон, устодони кафедра ба сифати коршиносони соҳаи иқтисод фаъолият намуда, бо мақсади баланд бардоштани маҳорати педагогӣ ва ихтисоси худ дар дохил ва хориҷи кишвар тахассуси худро такмил дода, соҳиби сертификатҳо ва дипломҳо гардиданд.

Устоди кафедра н.и.и., дотсент Ғафуров П.Ҷ. ба ҳайси эксперт оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (моделсозии (макро)иқтисодӣ ва дурнамо, идоракунии молияи давлатӣ) дар лоиҳаҳои ширкатҳои консолтингии SOFRECO ва LOUIS BERGER-и Франсия, WYG International & CIPFA - Британаи Кабир, Business & Strategies in Europe бо кумаки Иттиҳоди Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ (World Bank), GIZ, UNDP ва UNFPA дар вазорату ташкилотҳо аз ҷумла взорати молия ва вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Ҳамчун коршинос оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар таҳияи Стратегияи милли рушд то давраи солҳои 2030, Барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, саҳми арзанда дорад.

Аз соли 2020 то соли 2023 лоиҳаи дигар бо номи “Рақамсозии иқтисодиёт ҳамчун унсури рушди устувори Украина ва Тоҷикистон/DigEco 618270-EPP-1-2020-1-LT-EPPKA2-CBHE-JP” бо дастгирии иттиҳоди Аврупо (Erasmus+: КА2 CBHE)ба мақсади баланд бардоштани иқтидори таҳсилоти олӣ дар самти иқтисоди рақамӣ амал мекунад. Дар доираи ин лоиҳа барои як гурӯҳи устодони кафедра мувофиқи нақшаи муайян мунтазам онлайнӣ-тренингҳо бо мақсади ҷори намудани таҷрибаи ин мамлакатҳо дар самти иқтисоди рақамӣ гузаронида шуд. Ин боиси он гардид, ки барномаи таълимии ихтисоси «иқтисоди рақамӣ», ки айни замон дар донишгоҳ фаъолият мекунад, мутобиқи талаботи байналмилалӣ таҳия карда шавад.

Дар раванди омўзиш ба ихтисосҳои номбаршуда устодон донишҷуёнро бо тамоми ҷанбаҳои ҳалли масъалаҳои проблемавии гуногун шинос намуда, роҳу усулҳои муосири мушкилоти соҳаро меомўзонанд. Вобаста ба сатҳу сифати таълим дар назди кафедра 2-озмоишгоҳ муҷаҳҳаз бо компютерҳои замонавӣ ва тахтаи электронӣ ва синфи методӣ вуҷуд дорад, ки донишҷӯён ҳамарӯза барои сайқал додани донишҳои амалии худ аз онҳо истифода мебаранд. Яке аз ин синфхона - озмоишгоҳи таълимию таҷрибавии “Иқтисоди рақамӣ” дар бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини пешрафти рушди иқтисодиёти рақамӣ таъсис дода шудааст, ки дар асоси талаботи муосир, сифат ва самаранокии фанҳои таълимии марбут ба иқтисоди рақамӣ ба маротиб баланд бардошта мешавад. Дар ин озмоишгоҳ таҷҳизоти муосири информатсионию коммуникатсионӣ, дастгоҳҳои сабти видео ва аудиолексияҳо насб карда шуда, аз нигоҳи технологӣ ва методӣ маркази мукаммалу замонавии таълимию таҷрибавӣ ба шумор меравад. Таъсиси ин озмоишгоҳ имкон медиҳад, ки минбаъд раванди рақамикунонии фанҳои таълимӣ, таҳияи наворҳои иттилоотию иртиботӣ, аудио ва видеолексияҳо тақвият бахшида шуда, ин усули самарабахш дар раванди таълим васеъ ҷорӣ карда шавад. Дар баробари ин таъминоти барномавӣ ва таҷҳизоти озмоишгоҳ барои донишҷӯён ва магистрантон ҷиҳати ташкил ва амалӣ намудани тадқиқоти илмӣ, аз ҷумла таъсиси гурӯҳҳои илмӣ мусоидат менамояд. Вобаста ба ин, самти таҳлилии озмоишгоҳи «Иқтисоди рақамӣ» ба лоиҳаҳои таҳлилӣ ва тадқиқотӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, иқтисод, таҷрибаи байналмилалӣ ва сиёсати танзимкунанда равона карда шудааст. Дар ин озмоишгоҳ барномаҳои таҳлилӣ ва маводҳои таълимию амалӣ насб шудаанд, ки аз тарафи омӯзгорону таҳлилгарон, унвонҷӯёну магистрантон ва донишҷӯён мавриди истифода қарор гирифта шудаанд.