Моделсозии имитатсионии равандҳои иқтисодӣ. Мақсади фанни мазкур аз омӯзиши равандҳои иқтисодӣ ва маънидоди пайдарпайи идеаҳои умумӣ ва методҳои компютерии моделсозии системаҳои мураккаби таиноти гуногундошта бахшида шудааст, ки онҳо дар шароити таъсири омилҳои тасодуфӣ, амалӣ мегардаанд. Асосан моделсозии имитатсионии равандҳои иқтисодӣ ҳангоми гузаронидани таҷрибаҳои иқтисодӣ, техникӣ, биологӣ ва ғайра истифода бурда мешаванд, ки арзиши воқеии ин таҷрибаҳо хело гарон мебошанд.
Менеҷменти информатсионӣ. Мақсади фан аз истифодаи система ва технологияҳои иттилоотӣ, телекоммуникатсионӣ, идоракунии базаи маълумотҳо, идоракунии корхонаву муассисаҳо бо ёрии барномаҳои компютерӣ, таҳлили молиявию иқтисодӣ, қабули қарорҳо дар шароити хатарҳо ва номуайянӣ иборат мебошад. Дар инҷо ба роҳ мондани пардохтҳо дар низоми вақти ҷорӣ, банақшагирии динамикии манбаъҳои моддӣ ва молиявӣ ҳангоми идораи корхона, ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ пиёда мегардад.
Сохт ва таҳлили системаи иттилоотӣ. Фани мазкур ин аз бунёди дониш оиди воситаҳои гузориши масъалаи лоиҳасозии системаҳои иттилоотӣ, автоматикунонии фаъолияти идоракунӣ ва методҳои таҳлили сохтории комплексҳои ташкилӣ-техникии мураккаб иборат мебошад.
Методҳои математикӣ дар иқтисодиёт. Мақсади фан аз бунёд ва истифодабарии намудҳои гуногуни моделҳо ва методҳои математикӣ дар самтҳои мухталифи иқтисодӣ-иҷтимоӣ иборат мебошад. Дар инҷо ҳисоббаробаркунӣ дар асоси технологияи компютерӣ гузаронида мешавад.
Моделсозии системаи иттилоотӣ. Мақсади фанни мазкур аз бунёди дониш оиди методҳои муосири воситаҳои моделсозии системаи иттилоотӣ, ташаккули малака ва маҳорати истифодабарии амалии он дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ-иҷтимоӣ иборат мебошад.
Асосҳои муҳандисӣ – иқтисодӣ. Фани мазкур аз бунёди дониши назариявӣ ва амалиявии системаҳои техникӣ – экономикӣ, баҳодиҳи ва пешгуии воқеӣ, тавсифи сатҳи истеҳсолот, ҳисоби арзиши аслии маҳсулот ва ҳуҷҷатҳои нормативӣ иборат буда барои таҳлили ҷараёни маблағгузорӣ дар таҳия ва тадбиқи лоиҳаҳо бахшида шудааст.
Асосҳои лоҳиабанди ва конструкторӣ. Фани мазкур барои бунёди дониш оиди лоиҳабандӣ ва асосҳои конструктории объектҳои идоракунӣ, воситаҳои илмӣ-техникӣ ва татбиқкунӣ равона карда шудааст.
Системаи иттилоотӣ ва технологияҳо дар логистика. Фанни мазкур аз бунёди дониш оиди моделҳои системаи иттилоотӣ дар логистикаи муосир, идоракунии занчирҳои таҳвил, истифодаи самарабахши захираҳои иттилоотии ташкилотҳо ва принсипҳои асосии логистикаи иттилоотӣ бахшида шудааст.
Методҳои иқтисодӣ-метематикӣ ва моделҳо дар логистика. Мақсади фан аз бунёди дониш оиди таҳия ва методҳои моделҳои математикӣ дар логистика ва истифодаи технологияи компютерӣ аз ҳалли масъалаҳои логистикӣ иборат мебошад.