Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Фанҳо

ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ «МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ»

  • Математика дар иқтисодиёт - ҳамчун фанни таълимии умумидонишкадавӣ ба ҳамаи донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона ва ғоибона ихтисосҳои иқтисодии амалкунандаи донишкада омӯзонида мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим бо намудҳои гуногуни моделҳои асосии риёзӣ- иқтисодӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисродӣ шиносӣ пайдо мекунанд. Дар раванди таълим ба донишҷӯён тарзи татбиқ карда тавонистани элементҳои математикаи олӣ: алгебра, геометрияи аналитикӣ таҳлили риёзӣ ва иуодилаҳои дифференсиалӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ омӯзонида мешавад ва донишҷӯён аз аҳҳмияти амалӣ, методологӣ ва назариявии фанни мазкур бояд огоҳ бошанд.

  • «Математикаи олӣ» - ҳамчун фанни таълимӣ умумидонишкадавӣ ба ҳамаи донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона ва ғоибона ихтисосҳои иқтисодии амалкунандаи донишкада омӯзонида мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим бо мафҳумҳои асосии математика (элементҳои алгебраи хаттӣ, геометрия, таҳлили математика) шиносои пайдо менамоянд.

  • «Математикаи элементарӣ» - ҳамчун фанни таълимии умумидонишкадавӣ ба ҳамаи донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона ва ғоибона ихтисосҳои иқтисодии амалкунандаи донишкада омӯзонида мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим бо мафҳумҳои асосии математикаи элементарӣ (элементҳои арифметика, алгебра, геометрия) шиносои пайдо менамоянд.

  • «Назарияи эҳтимолият ва омори математикӣ» - ҳамчун фанни таълимӣ умумидонишкадавӣ ба ҳамаи донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона ва ғоибона ихтисосҳои иқтисодии амалкунандаи донишкада омӯзонида мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим бо мафҳумҳои назарияи эҳтимолият ва омори математикӣ, ки яке аз соҳаҳои математика буда, предмети омӯзишаш қонунҳои хосест, ки дар дар ҳодисаҳои тассодуфӣ зоҳир мегардад, шиносои пайдо мекунанд.

  • «Математикаи дискретӣ ва мантиқ» - ҳамчун фанни таълимӣ умумидонишкадавӣ ба ҳамаи донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона ва ғоибона ихтисосҳои иқтисодии амалкунандаи донишкада омӯзонида мешавад. Фаннӣ «Математикаи дискретӣ ва мантиқ» ҷузи ҷудонашаванда ва таркибии математика буда, ба донишҷӯён маданияти мантиқан фикр рондан ва хулосаҳои дурусти мантиқӣ бароварданро тарбия менамояд.