ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ «МОЛИЯ»
- «Назарияи молия» - ҳамчун фанни таълимӣ ба ҳамаи донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона ва ғоибона ихтисосҳои иқтисодии амалкунандаи донишкада омӯзонида мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим бо мафҳумҳои асосии молия, вазифа ва принсипҳои молия, низоми молиявӣ, назорати молиявӣ ва дигар маҷмӯи маълумотҳо шиносоӣ пайдо менамоянд.
- «Молия, муомилоти пул ва қарз» - фанни таълимиест, ки ба донишҷӯёни ихтисҳои 1-25010202, 1-25010302, 1-25010404, 1-25010803, 1-25010801, 1-96010101 ва дигар ихтисосҳои дараҷаи бакалавриат таълим дода мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим оид ба мафҳуми пул, муомилоти пул, сохтори пул, таваррум ва роҳҳои бартараф намудани он, мафҳумҳои асосии молия, вазифа ва принсипҳои молия, низоми молиявӣ, назорати молиявӣ, қарз, принсип ва намудҳои қарз, ва ғ. ба таври амалӣ татбиқ менамояд.
- «Буҷети давлатӣ ва сохтори он» - фанни таълимии мазкур ба донишҷӯёни ихтисосҳои донишкада пешбинӣ шуда, дар раванди омӯзонидан донишҷӯён тассавуротҳои илмӣ дар бораи мафҳуми буҷети давлатӣ, қонуни буҷети давлатӣ, даромад ва хароҷоти буҷет, раванди буҷетӣ, таҳия, баррасӣ ва тасдиқи буҷетҳо, иҷроиши буҷет дар шароити иқтисоди бозорӣ, маблаггузории суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, маблағгузории мақомоти идораи давлатӣ ва мудофиа, қарзгирии давлатӣ, назорати буҷетӣ ва нақши буҷет дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ пайдо менамоянд.
- «Молияи корхона » - ба донишҷӯёни ихтисосҳои молия ва иқтисодӣ омӯзонида шуда, оид ба мафҳум ва вазифаҳои молияи корхона (ташкилотҳо), хароҷотҳои молиявии корхона барои истеҳсол ва фурӯши маҳсулот дар шароити иқтисодиёти бозорӣ, фондҳои асосӣ ва фаъолияти маблғгузорӣ дар корхонаҳо, сармояи гардони корхонаҳо, ҳаҷми даромади пулии корхона аз фурӯши маҳсулот, андозсупории корхонаҳо ва сарчашмаҳои пардохти онҳо, сиёсати инвеститсионии корхонаҳо, таҳияи нақшаи молиявӣ ва таҳлили ҳолати молиявии корхонаҳо, ташкили ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ дар корхона, банақшагирӣ ва самтҳои истифодаи фоидаи корхонаҳо маълумоти пурра медиҳад.
- «Молияи расмӣ» - таълим дар шакли таҳсилоти рӯзонаи ихтисоси «1-25010401» - «Молия», дараҷаи бакалавриат гузаронида шуда, донишҷӯён молия ҳамчун категорияи иқтисодӣ, сиёсат ва идораи молиявӣ, назорати молиявӣ, молияи корхонаҳои дар асоси тиҷорат амалкунанда, молияи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, молияи бонкҳо, мазмун ва аҳамияти бима (суғурта), нақши молия дар инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ-байналмиллалӣ, буҷети давлатӣ, қарзгирии давлат, фондҳои таиноти махсус, молияи давлатро аз худ менамоянд.
- «Низоми хазинадорӣ дар ҶТ» - фанни таълимиест, ки ба донишҷӯёни ихтисосҳои Умури бонк ва Омор омӯзонида мешавад. Дар раванди таълим онҳо методология таҳия ва таҳлили нишондиҳандаҳои тавозуни пардохтро аз худ менамоянд. Буҷет ва низоми буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши буҷетидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи ташаккул ва рушди хазинадорӣ дар ҷаҳон, таърихи ташаккул ва рушди низоми хазинадории Тоҷикистон ва хусусиятҳои асосии он, иҷрои даромадҳои буҷети давлатӣ аз тарафи мақомотҳои хазинадорӣ, тартиби баҳисобгири ва вазифаҳои хазинадори дар муносибат бо харочотҳои давлатӣ (буҷети ҷумҳуриявӣ), тартиби ҳисобгири ва вазифаҳои хазинадори аз рӯи хароҷоти буҷети маҳалли, қоғазҳои қимматноки давлатӣ, аудити берунӣ ва дохилӣ оид назорат ва таҳлили иҷроиши буҷети давлатӣ дар хазинадорӣ, амалиётҳои молиявии, хазинадории марказӣ бо зерхазинадориҳои минтақаҳо, баҳисобгирии шӯъбаҳои маблағгузории Хазинадории марказӣ, тартиб бурдани баҳисобгири ва ҳисоботдиҳии хазинадорӣ, ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ, Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети давлатӣ.
- «Этикаи касбӣ» - таълими фанни мазкур барои донишҷӯёни ихтисоси Молия пешбинӣ шудааст. Донишҷӯён дар раванди таълим бо як қатор масъалаҳои муосири илмию амалии молия дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ шиносоӣ пайдо менамоянд. Ҳамзамон, оид ба предмет ва вазифаҳои фанни этикаи касбӣ, ахлоку одоб ҳамчун предмети этикаи касбӣ, таърихи таълимоти этика, одоби муносибат миёни шогирд ва устод, таносуби касб ва ахлок, рафтори расмӣ ва симои зоҳирӣ, дар одоби сухан гуфтан, одоби муносибат бо падару модар, одоби муошират, одоби салом додан, этикаи муносибатҳои корӣ ва таърихи ахлоқии асримиёнагии форсу тоҷик маълумот медиҳад.
- «Молияи ташкилотҳои буҷетӣ» - мақсади омӯзиши фанни мазкур иборат аз омӯзонидани донишҷӯёни донишкада, ихтисоси 1-25010401 – Молия ва ихтисоси 1-25010410 - Менеҷменти молиявӣ оид ба асосҳои ташкили молияи ташкилотҳои буҷетӣ, қоидаҳои баҳисобгирӣ ва вазифаҳои хазинадорӣ оид ба иҷрои хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ, захираҳои молиявии муассисаҳои буҷавӣ, молияи маориф, илм ва фарҳанг, банақшагири хараҷотҳои муассисаҳои буҷетӣ, молияи соҳаи тандурустӣ ҳамчун муассисаҳои ташкилотҳои буҷетӣ, молияи хоҷагии манзилию коммуналӣ, молияи мақомоти идораи давлатӣ, нақши низоми хазинадорӣ дар танзими маблағгузориҳои буҷетӣ ва маблағгузории муассисаҳои иҷтимоӣ мебошад.
- «Банақшагирӣ ва пешгӯии буҷетӣ» - фанни мазкур барои донишҷӯёне, ки дар ихтисосҳои донишкада таҳсил менамоянд, омӯзонида мешавад. Донишҷӯён зарурият, мазмун ва вазифаҳои банақшагирӣ ва пешгӯии буҷетӣ, асосҳои ҳуқуқии банақшагирии буҷетӣ, банақшагирии молиявӣ дар муассисаҳои тиҷоратӣ, усул ва услубҳои банақшагирӣ ва пешгӯии буҷет, банақшагирии даромади буҷет, банақшагирии хароҷотҳои буҷетӣ, банақшагирии молиявӣ дар муассисаҳои буҷетӣ, гурӯҳбандии буҷетӣ ва аҳамияти он дар банақшагирӣ ва пешгӯии буҷетӣ аз худ намуда, донишҳо ва малакаҳои худро баҳри сайқал додани фаъолияташон истифода хоҳанд бурд.
- «Фондҳои мақсадноки буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ» - мақсади таълими фанни мазкур дар ихтисоси 1-25010401 – «Молия» иборат аз омӯзонидани донишҷӯён бо муқаддима, мазмун ва мундариҷаи фан, моҳият ва аҳамияти буҷети давлатӣ дар ташкил ва истифодаи фондҳои мақсадноки буҷетӣ, воситаҳои ғайрибуҷетӣ, нафақа ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми кӯмакпулиҳо, фонди шуғли аҳолӣ, фонди суғуртаи тиббӣ, фонди устуворнамоӣ (стабилизатсионӣ) оид ба рушди иқтисодиёт, фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фонди хароҷотҳои пешбининашуда, фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фондҳои мақсадноки ғайрибуҷетӣ ва фондҳои хайрияҳо, фондҳои мақсадноки бӯчетӣ: фонди давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мебошад.
- «Таърихи пайдоиши молия» - фанни мазкур ҳамчун илм дар тайёр намудани мутахасисони соҳаи молия нақши муҳимро мебозад. Вазифаҳои асосии фан иборат аст аз омӯзонидани донишҷӯён оид ба истифодабарӣ ва қабул кардани ҳуҷҷатҳои молиявӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, тартиб додан ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои бахши идоракунӣ, роҳҳои ташкил, таъсис, бақайдгирии фаъолияти корхонаҳо, созмонҳо, ширкатҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.