Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Назарияи иқтисодӣ

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДӢ»

Кафедраи Назарияи иқтисодӣ яке аз аввалин кафедрае мебошад, ки дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ ташкил карда шуд.

Мақом ва масъулияти онро дар пешбарии раванди таълим ба назар гирифта раёсати донишкада бо роҳбарии он мутахассисони ҷавон лаёқатманд, хатмкунандаи факултети иқтисодиёти УДМ ба номи Ломонов М.В. дотсенти кафедраи «Иқтисодиёти байналхалқии» Донишгоҳи Милли Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевичро таъин намуд. Мақсади асосии кафедра дар шӯъбаҳои гуногуни донишкада ташкил намудани таълими босифати фанҳои «Назарияи иқтисодӣ», «Таърихи афкори иқтисодӣ», «Таърихи иқтисодиёти мамлакатҳои хориҷӣ», «Иқтисодиёти байналхалқӣ», «Макроиқтисод», «Микроиқтисод» буд. Аз сабаби он ки дар солҳои авали фаъолияташ донишкада кафедраҳои ба замона ҷавобгӯй надошn, ба ҷараёни таълим асосан устодони шинохтаи илми иқтисоди мактабҳои олии шаҳри Душанбе, ба монанди Академик Раҳимов Р.К., профессор Мамадназарбеков М.Н., профессорон Умаров Х.У., Тошев О.Т., Эшбоев А.Э., Эргашев А.Э., Дустбоев Ш., устодони бо таҷриба Каспаров С.Г., Кадкина Р.П. бо иҷозати раёсати ДМТ ҳамчун ҳамкор ба кор даъват шуда буданд. Ногуфта намонад, ки донишкада барои ҳавасманд гардонидан ба онҳо маоши махсус баланд таъин намуд. Дар баробари ин кафедра сиёсати тайёр намудани мутахассисони худиро ҳамаҷониба дастгирӣ менамуд. Дар баробари ташкил намудани факултаи «Иқтисодиёт» мавқеи кафедраи мазкур боз ҳам мустаҳкамтар шуд.

Соли 2002 бо шартномиаи якҷоя бо пажукишгоҳи тадқиқотҳои иқтисодии назди Вазорати иқтисодиёт ва савдои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ташкил карда шуд, ки дар ташкили он нақши асосиро «Донишкадаи андоз ва ҳуқук» бозид ва ин амр барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос такони бузург бахшид.

Аввалин шуда дар Шӯрои номбурда собиқ ректори донишкада, марҳум Гулмирзоев Д.Г. рисолаи докторӣ ва муаллими ҷавон Султонзода Ҷ.У. рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Ҳамин тавр, минбаъд кафедра ҳамчун кафедраи базавии Шӯро яке аз минбаъҳои асосии тайёр намудани мутиахассисони соҳаи гуногуни илми иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ гардид. Баъдтар аъзоёни кафедра дотсент Кандиёрова Д.О., дотсент Раҳматов Ҳ.Б. рисолаи докторӣ, Хушаев Ю.И., Сафаров Б.Г., Иброҳимов И.Р., Исломов Т.С., Умаров Д.М., Шамсуллозода Ш., Папов Н.А., Алишоев Х.Х. рисолаҳои номзадиашонро ҳимоя намуда устодони арзандаи донишкада гардидаанд. Дар айни замон бошад рисолаҳои доктории и.в. профессори кафедра Нидоев Н.Ф. ва дотсент Ҷонмамадов Ш.Б. дар арафаи ҳимоя мебошанд.

Кафедра ба муносибати 10-солагии таъсисёбиаш дар мавзӯи «Тоҷикистон дар роҳи иқтисодиёти озод тадқиқотҳои институтсионалии он» конференсияи умумиҷумҳуриявӣ гузаронид, ки дар он олимони маъруфи ҷумҳурӣ иштирок ва маърӯза намуданд.

Кафедра дар муддати мавҷудияташ доир ба ҳамаи предметҳои таълим додашаванда барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ таҳия ва нашр намудааст.

Дар кафедраи «Назарияи иқтисодӣ» гузаронидани мизҳои мудаввар низ анъана шудааст. Одатан дар ин суҳбатҳои илмӣ оиди мавзӯъҳои мубрами рӯз олимони шинохта бо маърӯзаҳои илмӣ баромад мекунанд, ки дар он аксари устодони факултаҳои иқтисодӣ иштирок менамоянд.

Дар таърихи на чанд тӯлонии кафедра Ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Россия, профессор Куликов В.В., Академикҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Саидмуродов Ҳ.М., Раҳимов Р.К., Диноршоев М.Д., профессорон Умаров Х.У., Саидмуродов Л.Х., Гулмирзоев Д.Г., Исломов С., Қандиерова Д.О., Раҳматов Х.Б., бо маърӯзаҳои илмии сатҳи олӣ дар назди устодон баромад намуданд. Кафедраи «Назарияи иқтисодӣ» дар байни мактабҳои олӣ ягона кафедрае мебошад, ки аз ҳамаи фанҳои таълимиаш ба забони давлатӣ аз китоби дарсӣ таъмин мебошад.

Кафедра аз рӯи 2 самт фаъолият мекунад:

Самт; Хусусиятҳо, қонуниятҳо шаклҳо ва усулҳои танзими давлатии иқтисоди Тоҷикистон дар шароити ҳамгирои ва минтақавӣ

  • Мавзуи 1. Омилҳои институтсионалии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афкори иқтисодии халқи тоҷик дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт;
  • Мавзуи 2. Рушд ва такмили институтҳои молиявӣ дар низоми иқтисоди бозорӣ ба роҳ монда шуда, ҳайати профессорон, дотсентон ва устодон тибқи ин фаслҳо корҳои илми тадқиқотии худро ба роҳ монданд.