Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Фанҳо

ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ «НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДӢ»

  • Назарияи иқтисодӣ - барои кули донишҷӯёни макотиби олӣ таъин гардида дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар курсҳои якуми равияҳои иқтисодӣ ва ғайрииқтисоди чи дар шубаи рӯзона ва чӣ дар шуъбаи ғоибона тибқи барнома силлабусҳои стандарти таҳсилоти мактабҳои олӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ дар нимсолаи якум тадрис дода мешавад. Фанни назарияи иқтисодӣ масъалаҳои умдатарини бахшҳои мухталифи илми иқтисодиро дар бар гирифта, назарияи мактабҳои гуногуни иқтисодӣ, муамоҳои назариявии иқтисодӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд. Фани назарияи иқтисодӣ поягузорӣ тамоми илмҳои иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, барои ба донишҷӯ ташаккул додани дониши муккамали иқтисодӣ муҳим мебошад. Омӯзиши фан оғоз мегардад аз предмет ва методи назарияи иқтисодӣ: мафҳумҳо ва қонунҳои иқтисодӣ: назарияи истеҳсолот, моликият ва модели низомҳои иқтисодӣ. Хусусиятҳои мол, назарияи нархи мол, вазифаҳо ва таркиби бозор, механизми амали бозор рақобати озод, рақобати инҳисорӣ ва нокомил, механизми ташаккули мувозинати бозорӣ, шаклҳои ташкили соҳибкорӣ, назарияи идораи ширкат, бозори сармоя ва сарчашмаи ташаккули сармояи соҳибкорӣ моҳият ва таркиби хароҷот, назарияи хароҷот: назарияи иқтисодии фоида, музди меҳнат, рентаи замин, муносибатҳои бозорӣ дар комплекси агросаноатӣ мақсад ва фишангҳои сиёсати макроиқтисод, истеъмолот пасандоз, маблағгузорӣ ва мувозинати макроиқтисодӣ, назарияи фузунсоз омилҳои рушди иқтисодӣ марҳилаҳоиои даврагии ицтисодӣ, меҳнат, шуғли аҳолӣ ва бекорӣ, низоми пулӣ-қарзӣ, низоми молиявӣ ва сиёсати молиявӣ танзими давлатии иқтисод: даромадҳои аҳолӣ ва сиёсати иҷтимоии давлат, марҳилаҳои ташаккул ва хусусиятҳои асосии хоагии ҷаҳонӣ низоми байналхалқии арзӣ-молиявӣ ва кулли муносибатҳои иқтисодиро дар мегирад.
  • Микроиқтисод - омӯзиши фанни микроиқтисод низ аз шаклҳои пешқадами таълим ба монанди машғулиятҳои назариявии фаъол, пешниҳоди презентатсия-намоишҳо оиди мавзуъҳои барнома (слайдҳо воситаҳои аёни), таҳилили ширкатҳо оиди фаъолияти соҳибкорӣ, рақобатпазири, низоми бозорӣ, тақозо ва арза, шаклҳои асосии корхонаҳо, мавқеъ ва аҳмияти корхонаҳои хурду миёна, ки ба иқтисодиёти хурд хос аст, мавриди истифода қарор дода мешавад. Иқтисоди хурд ҳамчун фан; дар бар мегирад назарияи истеҳсолот; нақши истеҳсолот дар низоми иқтисодӣ; омилҳои истеҳсолот; соҳибкорӣ ва намудҳои он; арзиш ва хароҷоти истеҳсолот; тавсифи хароҷоти истеҳсолот; намудҳои хароҷот; такрористеҳсоли ҷамъиятӣ; гирдгардиш ва гардиши сармоя; нарх-воситаи асосии иқтисодиёт, механизми бозории нархгузорӣ; андӯхти сармояи инсонӣ; назарияи умумии мубодила; тақсимоти ҷамъиятии меҳнат; назарияи фирма ҳ корхона ва намудҳои ташкили он; мақсад ва вазифаҳои фирма; нақшаи бизнеси фирма; фаъолияти фирма дар муддати к.тоҳ ва т.лонӣ; хароҷоти фирма дар муддати кӯтоҳ; хароҷоти фирма дар муддати т.лонӣ; бозори омилҳои истеҳсолот; талаботу таклифот ва нархи омилҳои истеҳсолот; бозори меҳнат, музди меҳнат; талаботу таклифот дар бозори меҳнат; бозори меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии бекорӣ; чораҳои давлатии зидди бекорӣ; бозори сармоя; назарияи фоида ва фоизи қарз; мазмуну маънидоди сармоя; меъҳри номиналию ҳақиқии фоизии қарз; бозори замин ва рентаи замин; фаъолияти соҳибкорӣ ва фоида;фоида ҳамчун натиҷаи амалиҳти соҳибкорӣ; тақсимоти фоидаи фирма; фоиданокӣ ва даромаднокӣ; тақсимоти даромад; даромади соҳибкорӣ ва тақсимоти фоидаи корхона.
  • «Макроиқтисод» - барои кулли донишҷӯёни ихтисосҳои равияи иқтисодӣ дар курси дуюм тадрис дода шуда, барномаҳо таҳия гардидааст. Барномаҳои кафедра дар асоси стандарти фанни таълими макроиқтисод барои ҳамаи ихтисосҳои иқтисодӣ таҳия шуда, барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи иқтисод, молия, бонкдорӣ менҷмент идоракуни давлатӣ, баҳисобгирии бухгалтри, аудит, идоракунии давлатӣ, омор, иқтисодиёти таҳлили муносибатҳои иқтисодиёти байналмилалӣ дар замони муосир хеле муфид буда, макроиқтисод ҳамчун фан чунин ҷабҳаҳои иқтисодиро дар бар мегирад: Иқтисоди милӣ ва таркиби он, маҳфум, таркиб ва мақсадҳои иқтисоди миллии муосир; таносубҳои иқтисоди милӣ; Нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти иқтисоди милӣ МММ ва усулҳои ҳисобкунии он, (МММ), (ММД), (ММХ), ва дигар нишондиҳандаҳои тарақиёти иқтисодиёти миллӣ, сарвати миллӣ: таркиб ва омилҳои афзоиши он; Назарияи мувозинати макроиқтисодӣ, маҷмуи тақозо, маҷмуи арза, мувозинати макроиқтисодӣ; Истеъмол, пасандоз, маблағгузорӣ, омилҳои таъсирасонанда ба маблағгузорӣ; Назарияи рушди иқтисодӣ, сарчашмаҳо,омилҳо ва тамсилаҳои рушди иқтисодӣ, танзими давлатии рушди иқтисодӣ, рушди иқтисоди ва экология; Давраҳо ва буҳрони иқтисодӣ, сиёсати зидибуҳронии давлат; Шуғл ва бекорӣ, оқибатҳои иҷтимои иқтисодии бекори ва усулҳои мубориза ба муқобили он; Беқурбшавии пул: шаклҳо сабабҳо ва оқибатҳои он; Низоми молиявӣ ва асосҳои сиёсати фискалӣ, моҳияти иҷтимоию иқтисодии андоз, сиёсати андозситонӣ, касри буҷа; Мувозинати макроиқтисодӣ: талаботи умумӣ (АD), пешниҳоди умумӣ (АS), модели Кейнс оиди мувозинати макроиrтисодӣ; модели IS; назарияи мултипликатор; хислатҳои даврагӣ будани иқтисодиёт; рушди иқтисодӣ; сиёсати иқтисодӣ-иҷтимоии давлат; танзими давлатии иқтисод; мафҳум ва шаклҳои қарз; бонк ва низоми бонкӣ; фаъолияти пулбарорӣ; сиёсати пулию қарзии давлат; низоми молиявии давлат: буҷети давлат ва ҳолатҳои он; андоз ва намудҳои он; Низоми қарзӣ: моҳият ва вазифаҳои он, мазмун ва моҳияти иқтисодии қарз, бонкҳо ва шаклҳои онҳо; Сиёсати монетарӣ: мақсад ва вазифаҳои он; Моҳият ва мавқеъи давлат дар низоми иқтисоди бозорӣ, самтҳо ва воситаҳои танзими давлатии иқтисод; Даромад ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, сиёсати иҷтимои давлат; Камбизоти ва роҳои паст намудани; Масъалаҳои назариявии иқтисоди ҷаҳон, таъсири робитаҳои байналмилалӣ ба рушди иқтисодиёти миллӣ, тиҷорати байналмилалӣ ва таъсири он ба нишондиҳандаҳои макроиқтисоди, рушди содирот ва танзими воридот, сарвати миллӣ ва ҷузъҳои асосии он: таҳлили анд.хт ва афзоиши сармоя; барномаҳои таҳлили макроиқтисодӣ; тамсилаҳои рушди иқтисодии Ҳаррод-Домер-Солоу; усули таҳлили иқтисодии назарияҳои меҳнатӣ ва монетарӣ; таҳлили тамсилаи мувозинати умумии иқтисодӣ; таҳлили молиявӣ-инвеститсионӣ омӯзонида мешавад.
  • Таърихи иқтисодӣ – Фанни интихоби буда, моҳият, метод ва вазифаҳои таърихи иқтисодӣ Системаи антиқии хоҷагидорӣ Ташаккул ёфтани иқтисодиёти ғуломдорӣ, доираи технологияи антиқа Хоҷагии полиси афина Навъи римии хоҷагии аграрии ғуломдорӣ Моҳияти иқтисоди феодалӣ Махсусиятҳои феодалии иқтисодиёти Ингилистон, Фаронса, Олмон: Ҷопон, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Пайдоиши хоҷагии капиталистӣ дар Аврупои ғарбӣ Андухти ибтидоии сармоя дар Ингилистон, махсусияти анд.хти сармоя дар Голландия, Авзалият иқтисодии Ингилистон дар хоҷагидории ҷаҳонӣ ва тиҷорати озод, Махсусияти саноатӣ шудани Фаронса, Махсусияти табаддулоти саноат, Пайдоиши саноатии мошинӣ гардидани ИМА, Хоҷагии мустамликавӣ Табадуллоти саноатӣ дар Русия, Тамоюлоти асосы дар инкишофи хоҷагии ҷаҳонӣ дар охири асри XIX ва аввали асри ХХ, прогресси илму техника, Инҳисорӣ гардидани иқтисодиёт Ба нахустин мамлакати саноатии ҷ\аҳон табдил ёфтани ИМА Олмон дуюмин мамлакати саноатии олам Омилҳои рушди хоҷагидорӣ Содироти сармоя, Модернизатсияи Ҷопон Бозсозии хоҷагиҳо, Бозсозии капиталистии Русия ва таъсири он ба кишварҳои Осиёи Миёна Шакл ва гирифтани бозори умумӣ Шакл гирифтани иқтисодиёти миллӣ ва махсусиятҳои роҳои гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ дар кишварҳои Иттифоқи давлатҳои мустақил ва дар Тоҷикистонро дар бар гирифта омӯзиши фанни мазкур ҷаҳонбинии донишҷӯёнро оид масъалаҳои баҳспазири иқтисоди ки таърихан замина гузоштаанд васеъ менамояд омӯхта мешавад.
  • Таърихи афкори иқтисодӣ» - Марҳилаҳои асосии инкишофи илми иқтисодӣ инкишофи таълимоти иқтисодии Шарқи қадим,: олами антиқ ва асрҳои миьна, афкори иқтисодии халқи тоҷик дар давраи аввали феодализм, афкори ицтисодии Насириддини Тӯсӣ таҳаввули афкори иқтисодӣ дар давраи пайдоиши иқтисодиёти бозорӣ ва соҳибкорӣ (меркантилистҳо: физиократҳо, мактаби классикии ингилис, намояндагони бармаҳали сотсиализм ва ташаккулӣ фтани равияёои асосии афкори иқтисодии муосир (меркантилизм: мактабҳои неоклассикӣ;мактабҳои австрӣ; кембриҷӣ: амрикоӣ, институтсионализм, марксизм, сотсиал-демократизм); таърихи назарияҳои иқтисодии муосир (баъдинангӣ)- «сотсиализми давлатӣ»; афкори иқтисо дӣ дар Русия: дар Тоҷикистон ва дар кишварҳои Осиёи Марказӣ назароти ицтисодии Аҳмади Дониш ва Садриддин Айнӣ таърихи афкори иқтисодии Тоҷикистони кунунӣ.