Омор

Мудири кафедра
Холов Рустам Шермуҳамадович
номзади илми иқтисод, дотсент
Кабинет: 406
Ауд.: Бинои таълимии III
E-mail: r.holov@tgfeu.tj
Маълумот: Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
Фанҳои таълимӣ: Назарияи умумии омор, омор, таърихи омор, омори гумрук, омори иҷтимои-иқтисодӣ.
Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Таҳлили иқтисодӣ-омории монетизатсияи иқтисодиёти миллӣ
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Таҳқиқоти иқтисодӣ-омории монетизатсияи иқтисодиёти миллӣ (дар мисоли Чумҳурии Тоҷикистон)
Нашрияҳои асосӣ: 1.Методика статистического анализа и оценки устойчивости покупательной способности сомони с учетом изменения его курса на потребительском рынке товаров и услуг. Сборник научных трудов Института экономики Таджикистана. Выпуск-№9 часть-1. Душанбе-2007 (Ҳаммуалиф). 2. «Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва устувории динамикаи он (таҳлили ретроспективӣ)» Маҷӯаи осори илмии донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон. нашри-№ 9 қисми -1.Душанбе-2007. 3.Дехканские хозяйства, как устойчивый тип хозяйствования в аграрном секторе Таджикистана. Научно-теоретическая конференция по итогом научно- исследовательских работ преподавателей и студентов посвященная 1310-летию Имоми Аъзама. Душанбе, 23-25 апреля 2009г. (тезис докладов.) 4. Проблема обеспечения устойчивости дехканского хозяйства в Р.Т. Сборник научных трудов Института экономики Таджикистана. Выпуск-№9 часть-1.Душанбе-2010. 5. Несельскохозяйственное предпринимательство в сельской местности как фактор повышения эффективности развития сельхозпредприятий в Р.Т. Сборник научных трудов финансово-экономического института Таджикистана.часть-2 Душанбе-2012.-408стр. (Ҳаммуалиф). 6. Проблемы и формирование национального рынка труда в сельском хозяйстве Р.Т. Сборник научных трудов Института экономики Таджикистана.часть—2.Душанбе-2012.-408стр. (Ҳаммуалиф). 7. Сиёсати давлатии ҷавонон ҳамқадами истиқлолият. Маҷмуаи мақолаҳои семинари илмию назарявӣ дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар ҷомеаи навини Тоҷикистон», Душанбе - 2013 8. Развития несельскохозяйственного предприятия в сельской местности Р.Т. Сборник научных трудов финансово-экономического института Таджикистана посвященный22-незовисимостти Р.Т.часть-2 Душанбе-2013(Ҳаммуалиф). 9. Роль дехканских (фермерских) хозяйств в развитии аграрного сектора экономики Таджикистан. Сборник научных трудов финансово-экономического института Таджикистана посвященный 22-незовисимостти Р.Т.часть-2Душанбе-2013. 10.Особенности организации дехканских (фермерских) хозяйств в туристических зонах Балджуванского района. Сборник научных трудов финансово-экономического института Таджикистана посвященный22-незовисимостти Р.Т.часть-2 Душанбе-2013. 11. Миграционные процессы Таджикистана и России: краткая история, положительное и относительное стороны. ТНУ. Современная статистика и её роль в управлении демографических процессов: проблемы и перспективы.Материалы научно-практической конференции 22-23ноября 2013г.(ҳаммуалиф) 12. Совершенствование анализа хозяйственной деятельности дехканских хозяйств Республики Таджикистан на базе модели устойчивого развития. ТНУ Материалы материал научно-практической конференции на тему «Проблемы совершенствования анализа и аудита в условиях многоукладной экономики и перехода на Международные стандарты» (Душанбе 30-31 октября 2013 года) (ҳаммуалиф) 13. Сущность и роль предпринимательства в современной аграрной политике. Сборник научных трудов финансово-экономического института Таджикистана, Душанбе-2014, стр. 346-380. (ҳаммуалиф) 14. Паём таҳлил ва ояндабинӣ. Нашрияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон. Молия ва иқтисод №9 (26) .15 майи 2014. 15. «Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва устувории динамикаи он (таҳлили ретроспективӣ)» Ҳарфи омор» маҷалаи илмӣ-иттилоотии Агентии омори назди Президенти ҶТ. Апрел 2016. 16. Омор тақозои замона. «Ҳарфи омор» маҷалаи илмӣ-иттилоотии Агентии омори назди Президенти ҶТ. Январ 2016. 17. «Устувории динамикаи хоҷагиҳои деҳқонӣ: ҷанбаҳои андозагирии макрооморӣ ва таҳлили ретроспективӣ» Паёми ДМИТ (маҷалаи илмӣ) №2(4) 0,25ҷ.ч.Душанбе 2016 18. «Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои демографӣ» Рузномаи «Молия ва иқтисод»№15 (64) 15 апрели 2016. 19. Государственное стимулирование развития частного сектора экономики. Маводи конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Ҷаҳонишавии иқтисодиёт: муаммоҳо тараққиёти ояндаи баҳисобгирӣ, таҳлил, аудит ва омор»(Душанбе, 23-24-уми ноябри соли 2016 20. Бюджетные трансферты и их роль в ввыравнении уровня социально-экономического развия региона. Маҷмуаи мақолаҳои конфиренсияи илмӣ-назарявии устодон ва донишҷӯёни дмит бахшида ба соли ҷавонон ва 20-ин солгарди ваҳдати миллӣ 21. Таҳлили сохторӣ динамикаи нишондиҳандаҳои сандуқи қарзӣ. Маводҳои конфронси илми-амалии ҷумҳуриявӣ «Масъалаҳои мубрами ҳисобдорӣ, таҳлил, аудит ва омор дар ҶТ»ДМИТ ш.Душанбе 2017 22. Иттилооти оморӣ ҳамчун вазъи воқеъии муносибатҳои иқтисодӣ Маводҳои конфронси илми-амалии ҷумҳуриявӣ «Масъалаҳои мубрами ҳисобдорӣ, таҳлил, аудит ва омор дар ҶТ»ДМИТ ш.Душанбе 2017 23. Омӯзиши омории қобиляти харидории пули миллӣ дар асоси методи андозагирии И.Фишер. Паёми ДМИТ (маҷалаи илмӣ) №1(9) .Душанбе 2017 24. Макроэкономическая оценка влияния налоговых поступлений на динамику экономического роста Вестник Финансово-экономического института Таджикистана (научный журнал) (ISSN-2408-929Х) №2(10), Душанбе: «ФЭИТ»- 2017. 25. Иттилооти оморӣ ҳамчун қисми таркибии системаи иттилооти глобалӣ. Маводҳои конфронси илми-амалии ҷумҳуриявӣ«Технологияҳои иттилооти дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ» ДМИТ ш.Душанбе 2017. 26. Омӯзиши омории сандуқи қарзии низоми бонкӣ. Маводҳои конфронси илми-амалии ҷумҳуриявӣ «Тоҷикистон ваб озори ҷаҳонии қоғазҳои қиматнок: заминав а имкониятҳои иштирок»ДМИТ ш.Душанбе 2018. 27. Андозагирии омории устувории соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Масъалаҳои мубрами омори соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои методӣ ва методологӣ (Маводҳои конференсияи илмӣ-аҳолии ҷумҳуриявӣ ш.Душанбе,31 марти соли 2018) 28. Роль сельского хазяйства горнах районов в решении продовольственной безопасности. Масъалаҳои мубрами омори соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои методӣ ва методологӣ (Маводҳои конференсияи илмӣ-аҳолии ҷумҳуриявӣ ш.Душанбе,31 марти соли 2018). 29. Ҷанбаҳои андозагирии макроомории устувории соҳаи кишоварзӣ Кишоварз 09.2018 30. Омӯзиши омории қобилияти харидории пули миллӣ Паёми ДМТ (маҷалаи илмӣ) №2(4) 0,25ҷ.ч.Душанбе 2018 31. Истифодаи модели оморӣ дар динамикаи ҳаҷми пули миллӣ Паёми ДМТ (маҷалаи илмӣ) №2(4) 0,25ҷ.ч.Душанбе 2018 32.Омӯзиши омории сандуқи қарзии низоми бонкӣ. Маводҳои конфронси илми-амалии ҷумҳуриявӣ «Тоҷикистон ва бозори ҷаҳонии қоғазҳои қиматнок: заминав а имкониятҳои иштирок» ДМИТ ш.Душанбе 2018 с.206-208 Андозагирии омории устувории соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Масъалаҳои мубрами омори соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои методӣ ва методологӣ (Маводҳои конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ш.Душанбе,31 марти соли 2018)с. 39-42 33.Роль сельского хозяйства горных районов в решении продовольственной безопасности Масъалаҳои мубрами омори соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои методӣ ва методологӣ (Маводҳои конференсияи илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ ш.Душанбе,31 марти соли 2018) с. 53-55
ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «ОМОР»
Кафедраи омор соли 2012 ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети ҳисобдорӣ ва омор дар заминаи кафедраҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит (с.1997), ҳисобдорӣ ва омор (с.2006), баҳисобгирии бухгалтерӣ ва омор (с.2009) ташкил карда шудааст.
Талаботи ташкил намудани кафедра барои мусоидат дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси замони муосир, барои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаҳои тараққиёт ва маркетинги корхона, ширкатҳои хусусӣ ва ассосиатсияҳо, бонкҳо ва ширкатҳои суғуртавӣ, фондҳои инвеститсионӣ, нафақавӣ ва дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ, ки донишҳои касбӣ дар соҳаи иқтисодиёт, омор ва технологияи компютерӣ талаб менамоянд, алоқамандӣ дорад.
Кафедраи омор, яке аз муҳимтарин ҷузъи таълимӣ-илмии сохтори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ) ба шумор рафта, аз аввали таъсисёбиаш фаъолияти таълимӣ, илмӣ-методӣ ва тарбиявии донишҷӯёнро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи ДДМИТ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ ба роҳ монда, таълиму тарбияро дар асоси Стандартҳои давлатии таҳсилот ва нақшаҳои таълимии тасдиқшуда амалӣ намуда, дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда дорад.
Фаъолияти кафедраи омор, дар айни замон, аз рӯйи як ихтисос ба роҳ монда шудааст, ки он: ихтисоси омор (1-25010500) мебошад.
Ҳамчунин, дар кафедра солҳои тӯлонӣ мутахассисони шинохтаи соҳаҳои иқтисодиёт, омор ва устодони кафедра ба донишҷӯён зиёда аз 21 - фанни таълимӣ дарс мегӯянд. Яке аз мақсадҳои ниҳоии устодони кафедра ин таъмини донишҷӯён бо маводҳои таълимӣ мебошад. Ҳамзамон, оид ба фанҳои таълимие, ки аз ҷониби устодони кафедра аз рӯйи ихтисоси 1-250105 – омор таълим дода мешаванд, барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ; силлабус барои бахшҳои низоми таҳсилоти кредитӣ, тестҳо барои қабули имтиҳоноти фосилавию ҷамъбастӣ; мавзӯъҳои лексионӣ дар шакли слайд, мавзӯъҳои корҳои курсӣ ва рисолаҳои хатм, барномаи таҷрибаомӯзӣ, нақшаи дурнамои корҳои илмию амалии устодони кафедра дар намуди чопӣ ва электронӣ аз тарафи ҳайати дотсентон ва устодони кафедра тайёр карда шудаанд.
Кафедра аз васоити техникӣ пурра таъмин буда, дорои се адад компютери пайваст бо хатти интернет ва ду адад принтер мебошад, ки устодон аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд.
Устодони кафедра вобаста ба самти илмии кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда, ба масъалаҳои мубрами рӯз дар кафедра конфронс, мизҳои мудаввар, семенари илмӣ-амалӣ мегузаронанд.
Кафедра дорои заминаи пуриқтидори зеҳниву моддӣ - техникӣ ва кадрӣ буда, аз рӯи ихтисосҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир мутахассис омода мекунад.
Соли 2011 нахустин хатмкунандагони тахассуси «бизнес-омор» донишкадаро хатм намуданд. Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисобдорию омор талаботро ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи омор дар ҳамаи сохторҳои иқтисодиёти кишвар дучанд баланд намуд. Бино бар ин, дар назди кафедра масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсил ва дониши донишҷӯён ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ будани онҳо гузошта шуд.
Роҳбарии кафедраро то соли 2015 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Солиев Н.Н; солҳои 2015-2019 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Буриева М.Ч., ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи сентябри соли 2019 то инҷониб роҳбарии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Иматшоев З.Х. ба уҳда дорад.
Ҳоло кафедраи омор яке аз кафедраҳои асосии факултети ҳисобдорӣ ва омор мебошад, ки барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи иқтисодиёти миллӣ саҳм мегузорад. Дар кафедра устодони соҳибтаҷриба н.и.и., дотсент Пулодов Ҳ.Н; н.и.и., дотсент Буриева М.Ҷ; н.и.и., дотсент Иматшоев З.Х., устодони калон Мамадризоева М.Н., Холов Р.Ш., Бурҳонов Б.Ҷ., ассистентҳо Изатуллоев М.Н., Одинаев А.С., Солиев Б.Н. кор ва фаъолият менамоянд.
Ба сифати ҳамкорон н.и.и.,дотсент Солиев Н.Н. – сардори шуъбаи банақшагирии молиявӣ ва таҳлилии Бонки миллии Тоҷикистон, Мирзоев С.С. – дотсенти кафедраи омори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон саҳми худро дар рушд ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси кафедра мегузоранд.