Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Суғурта

Хусайнов Муродали Сайдамирович

и.в.мудири кафера

Ҳусайнов Муродали Сайдамирович

Номзади илмҳои иқтисод, дотсент


Кабинет: 405

E-mail: m.husainov@tgfeu.tj

Маълумот: Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Фанҳои таълимӣ: Суғурта, Нарх ва нрхгузорӣ, Асосҳои суғуртаи соҳибкорӣ

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Ҷабҳаҳои назариявӣ ва амалии суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Особенности формирования рынка страховых услуг в Республике Таджикистан

Нашрияҳои асосӣ: 1. Ҳусайнов М.С. Ташаккул ва аҳмияти суғурта дар шароити муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ) Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ. – Душанбе, 2018. №8. - С. - 87-95. 2. Ҳусайнов М.С. Баъзе масъалаҳои рушди бозори суғурта дар Ҷумҳурии Точикистон // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (маҷалаи илмӣ) Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ. – Душанбе, 2019. №5. - С. 81-86. 3. Содиков М.С., Ҳусайнов М.С. Марҳилаҳои рушди бозори хизматрасонии суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ) Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ. – Душанбе, 2019. №10 - С.187-193. 4. Содиқов М.С., Ҳусайнов М.С. Таҳлили бозори хизматрасонии суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // «Иқтисодиёти Тоҷикистон». – Душанбе, 2020 №3. - С. 178-185. 5. Ҳусайнов М.С. Тамоюли рушди бозори муосири хизматрасонии суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон// Паёми молия ва иқтисод (маҷаллаи илмӣ). – Душанбе, 2020. №1. – С. 67-74. 6. Шариф Раҳимзода., Ҳусайнов М.С. Самтҳои афзалиятноки рушди бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи Рушди бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо (онлайн). – Душанбе. ДДМИТ. 2020. – С. 25-31. 7. Шарипов У.А., Ҳусайнов М.С. Омилҳои рушди бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи Рушди бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо (онлайн). – Душанбе. ДДМИТ. 2020. – С. 32-38. 8. Камолов К.З., Ҳусайнов М.С. Такмили рушди бозори суѓурта ва имкониятњои васеи он дар рушди иќтисодиёт // Паёми молия ва иқтисод (маҷаллаи илмӣ). – Душанбе, 2020. №3. – С. 56-62. 9. Ҳусайнов М.С. Стратегия развития международных страховых отношений в Республики Таджикистан // Саноатикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон: натиҷа ва дурнамо. Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ. – Душанбе. ДДМИТ. (26.05.2018,). - С.123. 10. Ҳусайнов М.С. Экономическая сущность и роль инвестиции в развитие страхования в услових переходной экономике // Ташаккули модели инвеститсионии рушди Чумхурии Точикистон. Конференсияи илми-амалии байналмилалӣ – Душанбе. ДДМИТ. (14 декабри 2018). - С. 239-242. 11. Ҳусайнов М.С. Теоретические основы исследования обязательного страхования //Сборник статей научно-теоретической конференции преподавателей и студентов ФЭИТ посвященной году молодежи и 20-летию национального единства. –Душанбе. 2017. - С.170-172. 12. Ҳусайнов М.С. Стратегияи муносибатҳои суғуртаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Маҷмӯаи мақолаҳои конференсияи илмӣ-назариявии устодон ва донишҷӯёни ДМИТ бахшида ба соли Ҷавонон ва 20-умин солгарди ваҳдати миллӣ. – Душанбе. 2017. - С.172-173. 13. Ҳусайнов М.С. Вазъи муносибатҳои суғуртавӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди бозор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Конференсияи илмӣ-назаривии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯёни ДДМИТ таҳти унвони «Таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир: муаммоҳо ва дурнамо» - Душанбе. 2019. - С.140.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «СУҒУРТА»


Кафедраи «Суғурта» мувофиқи фармони ректори ДМИТ аз 30.05.2012, таҳти № 1/6.2 ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети «Иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ» ташкил карда шудааст. Кафедра яке аз ҷузъи таркибии факултети «Иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ» ба шумор рафта, дар тайёр намудани мутахассисони касбӣ равияи молиявӣ саҳми муайянеро ишғол карда истодааст. Фаъолияти кафедра дар самти таълимӣ, таълими-методӣ, илмию тадқиқотӣ ва тарбиявӣ то имрӯз бо нақша ва мақсадҳои дар доираи талаботи мактаби олӣ мутобиқ буда мунтазам анҷом ёфта истодаанд.

Таъсиси чунин кафедра барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Зеро мақсади асосии суғурта, пеш аз ҳама ин бо боварӣ пеш рафтан аст. Дар мавриди қатъ гардидан ё канданашавии силсилаи ҷараёни истесолот, хизматрасонӣ, намудҳои дигари фаъолияти гуногунҷабҳа, ки аз хавҳои эҳтимолӣ вобастагӣ мегиранд, манфиатҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ, зарурати барқарор намудани зараро ба миён меорад. Ҳамзамон саломатии одамон бо роҳи пардохти маблағҳои суғурта дар ҳолати ба вуқуъ омадани ҳодисаҳои суғуртавӣ, масалан ҳодисаҳои нохуш ва расонидани зарар, пушонидани ин зарарҳо механизми махсуси барқароркуниро тақозо дорад. Бинобар ҳамин, зарурати таъмин намудани соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ бо мутухассисони баландихтисос дар самти суғурта ҷой дорад. Заминаи таъсис ёфтани кафедра бо номи «Нархмуайянкунӣ ва суғурта» алоқаманд мебошад. Аз 1-уми сентябри соли 2009 дар доираи факултети «Иқтисоди ҷаҳон ва инфрасохтори бозор», ҳамчун кафедраи тахассусӣ барои ихтисосҳои «Нархмуайянкунӣ» бо тахассуси «Маркетолог-иқтисодчӣ» ва «Фаъолияти суғурта» бо тахассуси бакалавр иқтисодчӣ кушода шудааст.

Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва пайдо шудани талабот ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи суғурта дар ҳамаи сохторҳои иқтисодиёт аҳамиятнокии суғуртаро бештар намуд. Дар назди кафедра масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсил ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани мутахассисони ояндаро ба миён овард. Кафедра барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методиро дар асоси талаботи стандартӣ ва раванди таълимӣ таҳия карда баромад, ки ба шароити нави таълим ва фаъолияти иқтисодию молиявӣ ҷавобгӯ мебошанд. Айни ҳол, кафедраи суғурта яке аз зерсохторҳои асосии факултаи «Иқтисод ва бизнес» мебошад, ки барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи иқтисодиёти миллӣ саҳм мегузорад. Дар кафедра устодони соҳибтаҷриба аз рӯи ихтисоси «Фаъолияти суғурта» дотсентон Маъдиев С, Ҳомидов А.У., устоди калон Тағоева Р., ассистентон: Шарипов У., Эшбеков Т., Ҳусайнов М., Қурбонова Ш., ва Ормонова М кор ва фаъолият доранд. Бо ҷалби коршиносони соҳаи Идораи назорати суғуртавӣ, ҳамчун воҳиди таркибии Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин ташкилотҳои суғуртавӣ КВД Тоҷиксуғурта, фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии кафедра ҷавобгу ба талаботҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.


Аз аввали таъсисёбии кафедра устодон: дотсент Шаропов Н.,Ҳомидов А, фаъолият намудаанд. Хатмкунандагони назди кафедра аз рӯи ихтисоси худ дар вазоратҳо, Идораи назорати суғуртавӣ ҳамчун воҳиди таркибии Бонки миллии Тоҷикистон, ширкатҳои суғуртавӣ, КВД Тоҷиксуғурта ва зерсохторҳои он дар саросари ҷумҳурӣ кор ва фаъолияти пурсамар доранд. Кафедра тасмим гирифтааст, ки дар робитаи зич бо сохторҳои суғуртавӣ ва сафарбаркардани мутахассисони омадагардонидаи худ ҳамкориро пайваста пеш гирифта, давра ба давра вобаста ба хусусиятҳои соҳа интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои тахасусӣ дар алоқамандии назария бо амалия таъмин намояд.