Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Система ва технологияҳои иттилоотӣ

Сохибов Фирдавс Хасанович

Соҳибов Фирдавс Ҳасанович

номзади илми иқтисод, дотсент


Кабинет: 207

E-mail: f.sohibov@tgfeu.tj

Маълумот: Донишгоҳи давлатии ш.Хуҷанд

Фанҳои таълимӣ: Пакети барномаҳои эконометрӣ, Коркарди маҷмӯи барномаҳо тавассути Веб-технология, Технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт, Муҳандисии барномасозӣ, Системаҳои ҳисоббарор, шабакаҳо ва телекоммуникатсия.

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Бехатарии иқтисодӣ

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Самтҳои асосии баланд бардоштани амнияти иқтисодии гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нашрияҳои асосӣ: Сохибов Ф.Х. Роль современных информационных технологий в управлении финансовой /Ф.Сохибов// Вестник Технологического университета Таджикистана. 2019. № 2 (37). С. 74-78. Сохибов Ф.Х. Важность автоматизация процесса обработки документов в высших и средне-специализированных образовательных учреждениях Республики Таджикистан /Ф.Сохибов// Финансово-экономический вестник. 2019. № 2 (18). С. 91-95. Сохибов Ф.Х. Вклад гидроэнергетики в развитие экономики Республики Таджикистан/Ф.Сохибов// Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. 2018. № 6. С. 152-155. Сохибов Ф.Х. Энергетическая безопасность как фактор обеспечения экономической стабильности/Ф.Сохибов// Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. 2018. № 7. С. 54-57. Сохибов Ф.Х. Методы прогнозирования экспорта и импорта товаров на примере Республики Таджикистан/Ф.Сохибов// Таджикистан и современный мир. 2016. № 4 (54). С. 235-252. Сохибов Ф.Х. Энергетическая система республики таджикистан как естественная монополия/Ф.Сохибов//Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. 2015. № 2/9 (190). С. 123-128.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ НИЗОМИ ИТТИЛООТӢ-ИННОВАТСИОНИ ДАР ИҚТИСОДИЁТ

Роҳбарии кафедраро аз соли 2012 то соли 2016 н.и.и., дотсент Ғафуров П.Ҷ. ва аз соли 2016 то соли 2020 н.и.и., дотсент Раҳимов Ф.С. ба уҳда доштанд.

Тибқи фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 29.12.2020 таҳти №295/Ш роҳбарии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ашуров Муҳаммади Нусратович ба ӯҳда дорад.

Кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт соли 2012 ҳамчун кафедраи тахасусии факултети «Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» дар пояи собиқ кафедраҳои «Математика ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» ва «Информатикаи амалӣ» таъсис ёфтааст.

Кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт соли 2012 ҳамчун кафедраи тахасусии факултети «Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» дар пояи собиқ кафедраҳои «Математика ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» ва «Информатикаи амалӣ» таъсис ёфтааст.

Дар кафедра аз рӯи самти тахасусии1-40010202 «Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт» ва 1-4001020201 - «Технология ва низоми иттилоотӣ дар муҳосибот» мутахассисон тайёр карда шуда, дорои касбӣ муҳандис - барномасоз – иқтисодчӣ мешаванд.

Талаботи ташкил намудани кафедра барои мусоидат дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси замони муосир, барои ширкату корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, шӯъбаҳои тараққиёт ва маркетинги корхона, фирмаҳои хусусӣ ва ассотсиатсияҳо, бонкҳо ва ширкатҳои суғуртавӣ, фондҳои инвеститсионӣ, нафақавӣ ва дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ, ки донишҳои касбӣ дар соҳаи иқтисодиёт, идоракунӣ ва технологияи компютерӣ талаб менамоянд, алоқамандӣ дорад. Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва стандартҳои байналмилалии низоми идоракунӣ талаботро ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи идоракунӣ дар ҳамаи сохторҳои иқтисодиёти кишвар дучанд баланд намуд. Бинобар ин, дар назди кафедра масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсил ва дониши донишҷӯён ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани онҳо гузошта шуд. Кафедра барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методиро дар асоси талаботи кунунӣ ва раванди таълимӣ таҳия карда баромад, ки ба шароити нави таълим ва хоҷагидорӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар кафедра устодони соҳибтаҷриба баҳри баландбардории савияи дониши донишҷӯён сафарбар карда шудаанд, аз қабили профессорон Курбонов А., Табарӣ Ҳ, дотсентон Ашуров М.Н., Раҳимов Ф.С., Соҳибов Ф.Ҳ. Бобомуродов П.У., Раҳмонзода З., Солиева Н., Мирзоабдуғафуров К.И., устодони калон Хушмуҳаммадзода З, Зарипов К., ассистентҳо Юсупова Ҳ.Ҳ., Ғафуров Ф.Ҷ., Мусофирова Ф, Исвалиев Б.Ҷ., Самадзода Ф.Ҳ., Гулсумбии М., Халилова У.О кор ва фаъолият намуда истодаанд.

Айни замон як нафар устоди кафедра узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмӣ мебошад: дотсент Ашуров М.Н. дар маҷаллаи илмии «Образование и наука в России и за рубежом».