Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Фанҳо

ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ «СИСТЕМА ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТ»

  • СИСТЕМАИ ИНФОРМАТСИОНӢ - Мақсади фанни мазкур ин омӯзонидани донишҷӯён ва баланд бардоштани савияи донишу малакаи онҳо оиди системаҳои информатсионӣ ва истифодабарии технологияи нави информатсионӣ мебошад, ки асоси онро техникаи компютерии муосир ташкил медиҳад. Тавассути истифодабарии пакети барномаҳои назарияи умумидошта ва системаҳои нави технологии коркарди информатсионӣ дар ҳисоби молиявӣ-иқтисодӣ, онҳо тавонанд донишу малакаи худро муфассал гардонанд ва дар ояанда мустақилона кор карда маҳорати худро баланд бардоранд.

  • ПАКЕТИ БАРНОМАҲОИ ЭКОНОМЕТРИКӢ– фанест, ки дар тайер намудани кадрҳои баланд исхтисоси соҳаҳои мухталиф, алалхусус иқтисодиет хело муҳим мебошад. Омӯзиши ин фан аз донишҷӯен доштани дониши мустаҳкам дар соҳаи информатика ва эконометрикаро талаб менамояд. Информатика ва эконометрика барои омӯхтани фанни мазкур асоси базавӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар онҳо аз технологияи нави информатсионии ҳозиразамон васеъ ва ҳаматарафа истифода мебаранд.

  • ИДОРАИ СИСТЕМАҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ – барои ба донишҷӯён омӯзонидани истифодабарии технологияҳои информатсионии муосир дар идоракунии корхонаву муассисаҳо равона карда шуда, вазифаи он – ин дар донишҷӯён бунёд намудани донишу малакаи корӣ бо барномаҳои коркарди информатсияҳои иқтисодӣ ва идоракунӣ тавассути технологияи нав мебошад, то ки онҳо тавонанд дар фаъолияти професионалии худ ин дониши аз худ кардаашонро истифода баранд.

  • WEB DESIGN - Фанни мазкур баҳри фаҳмонидани принсипҳои тартиб додани Web-саҳифаҳо ва инчунин технологияҳои информатсионии «Тури умумиҷаҳонӣ» ҷой дошта равона карда шудааст. Дар ин фан донишҷӯ омӯзишро аз зинаи ибтидоӣ оғоз намуда, дониши худро то дараҷаи болотарини тартиб додани WEB - саҳифа бурда мерасонад, ки ин дар оянда барои пешбурди фаъолияти тахассусии ӯ як такони бузурге мегардад.

  • ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТИИ ИДОРӢ - фанни мазкур баҳри омӯзонидани донишҷӯён ва баланд бардоштани савияи донишу малакаи онҳо доир ба ташкили системахои информатсионии идоракуни дар асоси технологияхои муосири информатсионӣ равона карда шудааст. Талаботи фанни мазкур иборат аз он мебошад, ки донишчуён бояд аз имкониятхои технологияи компютерии муосир бархурдор бошанд.

  • СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИИ БУХГАЛТЕРӢ – бинобар тараққиёти босуръати илму техника ва самти инкишофи технологияи нави компютерӣ сабабҳои инкишофи системаи итилоотии бухгалтерии ҳозира замон ба миён омад, ки фанни мазкур яке аз воситаҳои такмилдиҳандаи дониши донишҷӯён дар соҳаи татбиқи системаҳои информатсионии муосир дар баҳисобгирии бухгалтерӣ ба шумор меравад. Тавассути омӯзиши фанни мазкур донишҷӯ бо аксари барномаҳои дар системаи баҳисобгирии бухгалтерӣ истифодашаванда шинос гардида, усулҳои истифодабарии онҳоро дар фаъолияти кории худ аз худ менамоянд.

  • КОРКАРДИ КОМПЮТЕРИИ ИНФОРМАТСИЯИ АНДОЗ – мақсади фанни мазкур ин дар донишҷӯён бунёд намудани донишу малакаи кори бо барномаҳое мебошад, ки ба коркарди маълумотҳои андоз бахшида шудаанд. Ғайр аз ин тавассути фанни мазкур ба донишҷуён ҳисобу китоби маблағҳои андоз тавассути барномаҳои амалии компютерӣ омӯзонида мешавад, ки ин имкон медиҳад онҳо дар фаъолияти професионалии худ ин донишҳои аз худ кардаашонро истифода баранд.

  • СИСТЕМАҲОИ ҲИСОББАРОР, ШАБАКАҲО ВА ТЕЛОКОММУНИКАТСИЯ – мақсади фанни мазкур ин омӯзонидани донишҷӯён ва баланд бардоштани савияи донишу малакаи онҳо оиди истифода барии cистемаҳои ҳисоб барории шабакаҳои телокоммуникатсионӣ мебошад, ки асоси онро техникаи компютерии муосир ва шабакаи алоқаи барқӣ (телекоммуникатсия) ва мобилӣ ташкил медиҳад. Тавассути истифодаи шабакаҳои хурду бузург, системаҳои нави технологияи коркарди информатсионӣ ва пайвасти шабакаҳои телокоммуникатсионӣ дар фаъолияти худ онҳо тавонанд донишу малакаи худро муфассал гардонанд ва дар оянда мустақилона кор карда,маҳорати худро баланд бардоранд.

  • НИЗОМИ ИТТИЛООТӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТ – мақсади фанни мазкур пеш аз ҳама бадонишҷуён омӯзонидани мафҳумҳо доир ба система, системами иттилоотӣ, шабака, шабакаҳои ҳисоббарорӣ, иттилоот, маълумот, иттилооти иқтисодӣ, барнома ва элементҳои барномасозӣ мебошад. Тавассути аз худ намудани фанни мазкур донишҷӯён тарзи ташкили системаи информатсионии муосир ва татбиқи онро дар соҳаҳои мухталиф, алалхусус объектҳои иқтисодӣ аз худ менамоянд ва ҳамчунин бо усулҳо ва воситаҳои муосири коркарди информатсияи иқтисодӣ шинос мегарданд.

  • ТЕХНИКА ВА ТЕХНОЛОГИЯИ СИСТЕМАИ ИТТИЛООТӢ - мақсади фан аз худ намудани технологияи иттилооти, донистани компютерҳои ҳозиразамон.Донишҷӯ бояд дар компютерҳои фарди кор кардани ахборотро хуб донад. Зеро дониши мазкур ба донишҷӯ имконият медиҳад, ки озодона дар мавриди ҳодисаҳои мураккаби иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти ҷомеа мавқеи худро муайян созад.Вазифаҳои омӯзиши фанин дар донишчён ташаккул додани тафаккури мантики барои фахмиши мафхумхои асосии системаи информатсиони ва аз худ намудани усулхои истифодабарии воситахои техники ва барномавии технологияи информатсионии хозиразамон мебошад.

  • СИСТЕМАИ ИНФОРМАТСИОНӢ ДАР АНДОЗБАНДӢ - вазифаи фан мазкур - дар донишҷӯён бунёд намудани донишу малакаи кори бо барномаҳое, ки оид ба коркарди маълумотҳои андоз бахшида шудааст. Ғайр аз ин донишҷуён бояд ҳисобу китоби маблағҳои андозро тавассути барномаҳои амалии компютерӣ аз худ намуда дар фаъолияти професионалии худ ин донишҳои аз худ кардаашонро истифода баранд. Мавқеи ин фан дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи андозу андозбандӣ хело муҳим мебошад. Омӯзиши ин фан аз донишҷӯён доштани дониши мустаҳкам оид ба фанҳои информатика, андоз ва андозбанӣ ва математикаро талаб менамояд. Информатика барои омӯхтани фани мазкур асоси базавӣ ба ҳисоб меравад.

  • СИСТЕМАҲОИ ИНФОРМАТСИОНИИ ҶАҲОНӢ -Мақсади асосии фан ба донишҷӯён омӯзонидани асосҳои кор бо манбаҳои информатсионии интернет дар асоси пешниҳодоти амиқ аз структураи онҳо, тарзи коркард, роҳҳои ҷустуҷӯи информатсия ва интернет-технология, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ. Мақсади фанни мазкур муҳайё кардани шароити мусоид барои қонеъ гардонидани талаботи шахсҳои ҳуқуқӣ, воқеӣ ва мақомоти идораи давлатӣ бо информатсия дар асоси ташаккул додани инфраструктураи ҳозиразамони информатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷоя кардани он бо шабакаю системаҳои байналмилалии информатсия мебошад. Шартҳои ҳимояи манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқҳои давлат, шахсҳои ҳуқуқӣ ва воқеиро дар рафти тартиб додан, захира кардан, нигоҳдориву ирсол кардан ва интишор додани информатсия бо воситаҳои технологияи ҳозиразамони информатсионӣ муқаррар мекунад.