Учебные дисциплины
Географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография
Географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосхои демография Давраи ҳозираро замони дигаргуниҳои азими илмию техникӣ, иҷтимоию сиёсӣ номидаанд. Хусусияти хоси ин давра: дар харитаи сиёсии ҷаҳон ба вуҷуд омадани як қатор давлатҳои соҳибистиқлол ва дар ин асос, тағирёбии сохти иҷтимоӣ дар ҳар як давру замон ба вуҷуд меоянд. Аз ин лиҳоз омӯзонидани хусусиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатҳои ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳими ин фан ба шумор меравад. Вобаста ба ин ҳар як мутахассиси соҳаи иқтисодӣ бояд вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакатҳои хориҷӣ наздику дурро хуб сарфаҳм равад ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ дуруст муайян намуда тавонад.