Фанҳо
ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ «ВАРЗИШ ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ»
- Тарбияи ҷисмонӣ - бахши таркибии маҷмӯи маданият ва як соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ буда, барои таҳкими саломатӣ, рушди ҳамаҷонибаи қобилияти ҷисмонии инсон равона гардидааст.
- Варзиш - як рукни тарбияи ҷисмонӣ буда, дар шакли таҷрибаи махсуси омодагии инсон ба мусобиқот ва фаъолияти мусобиқавӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои варзишӣ ташаккул ёфтааст.
Стандарти минимуми фанни тарбияи ҷисмонӣ
Дар мамлакати мо дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки миллати тоҷик сарнавишти давлатиро ба дасти худ гирифт, дигаргуниҳои муфиди пайгирона дар таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан ҷавонони донишҷӯ, ба амал бароварда шуда истодаанд. Дар ин замина бунёди варзишгоҳҳо, қасрҳои варзишӣ ва дигар иншоотҳои ба нигаҳдории саломатӣ, рушди варзиш ва истироҳату фароғатии аҳолӣ мусоидаткунанда торафт бештару хубтар роҳандозӣ шуда истодаанд. Ҳар рӯз таъдоди назарраси онҳоро мебинем, ки бо суръат афзуда ба мардуми ҷумҳурӣ барои дуруст ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим хизмат карда истодаанд. Ин ҳама дастовардҳои моддӣ ва маънавии варзишӣ дар натиҷаи ғамхории беназири Ҳукумати кишвар ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба амал бароварда шуда, дастраси ҳамагон гардидаанд.
Илман исбот шудааст, ки ворид гардидани бошиддати технологияҳои нави замонавӣ кори ҷисмонии инсонро маҳдуд намуда, ба паст шудани фаъолияти ҷисмонӣ, яъне «гиподинамия» оварда мерасонад, риоя накардани қоидаҳои тарзи ҳаёти солим саломатиро коҳиш дода одамон ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд.
Тадқиқотҳои олимон нишон медиҳанд, ки иддае аз донишҷӯён майли аз варзиш дур шуданро пеша намуда, машғули одату шуғлҳои номатлуби ҳам ба саломатиаш ва ҳам ба ҷомеа зараровар, равияҳои хатарнок мешаванд, ки чунин муносибати онҳо ба пойдории сиҳатии мутахассисони оянда, пешрафти иҷтимоии аҳолӣ зиёни зиёде пеш меорад. Барои пешгирии одату рафторҳои номатлуб аз ҷумлаи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ омузиши фанни тарбияи ҷисмонӣ дар мактабҳои олӣ амалӣ карда шудааст.
Дар донишгоҳҳо дар баробари тайёр намудани бакалавр ва мутахассисони бозоргузар дар як самт бе ягон шубҳа нигаҳдорӣ ва мустаҳкамкунии саломатии ҷавонони донишҷӯ талаботи замони муоссир аст. Ба ин восита ташаккули ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солими донишҷӯён роҳандозӣ карда мешавад.
Инкишоф додани тафаккури ақлони-зеҳнӣ, тани ҷисман солими донишҷӯён ва дар онҳо парваридани таассуроти дунявӣ ва фаъоли ҳалли масъалаҳои амалию иҷтимоиро мо метавонем бо истифода аз воситаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш осон ва ҳамаҷониба мустаҳкам намоем.
Мақсади асосии баргузории машғулиятҳои тарбияи ҷисмонии донишҷӯён аз он иборат аст, ки барои бакалавр ва мутахассисон дар оянда маданияти умумӣ-касбии тарбияи ҷисмониро азхуд намуда, барои интихоби инфиродии намудҳои варзиш ва баромад намудан дар мусобиқаҳо, дар фаъолияти кории равияҳои асосии касбии ҳозиразамон кӯмак мерасонад. Дар ин самт дар донишгоҳҳо моҳирона бо донишҷӯён тайёрии ҷисмониро вобаста ба тахассуси таълимгирандагон бо истифодаи воситаҳои гуногуни амалӣ-ҷисмонӣ гузаронидан зарурурияти воқеӣ дорад. Чунон ки маълум аст, ин воситаҳо аз омилҳои тарбияи ҷисмонӣ ва намудҳои гуногуни варзиш иборатанд.
Ҷараёни машғулиятҳои тарбияи ҷисмонии донишҷӯён якчанд асосҳои комплекси дидактикиро дар бар гирифта, моҳияти маводи назариявӣ, амалӣ- ҷисмонӣ ба донишҷӯён омӯзонида шуда, бо тариқи санҷиш ё имтиҳон раванди таълимиро натиҷагирӣ менамояд.
Яке аз ҷабҳаҳои тарбияи ҷисмонӣ татбиқи васеи амалӣ дошта, ҳамчун усули тадқиқотӣ - амалӣ хизмат мекунад.
Барои донишҷӯён меъёрҳои ҳафтаинаи зерини миёнаи ҳаракатҳои ҷисмониро, ки ҳар як донишҷӯи солим метавонад мутаассил иҷро намояд, (ҷадвали 1) дар давоми дарсҳо пешниҳод намуда, дар дафтари инфиридоии онҳо сабт кардан зарур аст. Иҷрои онҳо ҳангоми қабули кори мустақилонаи данишҷӯён бо роҳбарии омӯзгор санҷида баҳогузорӣ карда мешавад.
1. Дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, ки амалӣ – ҷисмонӣ мебошанд, ба зергуруҳҳои иборат аз 12- 15 нафарӣ ҷудо карда шуда, машғулиятҳо ба таври сексионӣ ташкил карда мешаванд.
2. Бо гурӯҳи духтарҳо дар алоҳидагӣ иборат аз 12-15 нафарӣ гурӯҳбандӣ карда шуда машғулияти тарбияи ҷисмонӣ гузаронида мешавад.
3. Тибқи нишондодҳои комиссияи муассисаи тиббӣ донишҷӯён ба гурӯҳҳои зерин гуруҳбандӣ карда мешаванд:
a) асосии варзишӣ;
б) тайёрии варзишӣ;
в) гурӯҳҳои махсуси тиббӣ (беморони дарозмуддат ва маъюбон), дар гуруҳҳои мазкур мардҳо (писарон) алоҳида ва гурӯҳи занҳо (духтарон) иборат аз 8-12 нафарӣ алоҳида таълим дода мешаванд.
4. Ҷадвали дарсҳо вобаста ба факултетҳо ва ихтисосҳои варзишӣ (элективӣ) гузошта мешаванд.
Гузаронидани машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ дар ҳаҷми 96 соат ҳам миқдоран ва ҳам ҳаҷман дар тайёр намудани бакалавр ва мутахассисони аз ҷиҳати ҷисмонӣ ташаккулёфта ва корманди солиму тавоноро таъмин карда наметавонад.
Дар ин маврид аз истифодаи шаклҳои гуногуни баргузории машғулиятҳои комплексии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии зерин самаранок истифода бурдан кӯмаки хубе метавонад расонад.
1. Ташкили маҳфилҳои варзишӣ дар донишгоҳ, хобгоҳи донишҷӯён;
2. Дастгирӣ намудани донишҷӯёни варзишгар аз ҷиҳати молию маънавӣ;
3. Дар дохили донишгоҳ гузаронидани ҷорабиниҳои оммавӣ - варзишии мусобиқавӣ ва даъват ба бозиҳои рафиқона бо донишгоҳҳои ҳамсоя;
4. Аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан ба ҷалби донишҷӯдухтарон дар дарсҳо ва маҳфилҳои варзишӣ;
5. Дар муддати ҳар нимсола гузаронидани мониторинги объективонаи иҷрои меъёрҳои амалӣ -ҷисмонӣ аз рӯи талаботи барномаи таълимӣ;
Вобаста ба ин омӯзгор ба ҷабҳаҳои тарбиявӣ дар қисми тайёрии машғулиятҳо диққати асосиро ба доир намудани суҳбатҳо ҷиҳати иҷтимоии фан бо тариқи назариявӣ баррасӣ намуда, дар мавзӯҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва сиҳатмандии насли наврас ва ҷавонон, ки нерӯи асосии миллат ва боигарии беқиёси кишвари мо мебошанд, равона намоянд. Ҳавасмандии донишҷӯёнро вобаста ба мавзуҳои конкретӣ ва мушаххасс баён кунанд. Дар ин маврид диққати машғулияткунандагон нисбати мазмуну мӯҳтавои мавзӯ ҷалб мешавад.
Стандарти минимуми фанни мудофиаи гражданӣ
Мақсад аз омӯзиши фанни «Бехатарии фаъолияти ҳаёт» фаро гирифтани асосҳои назариявии бехатарии фаъолияти инсон; аз худ намудани асосҳои физиологӣ ва шароити оқилонаи фаъолият; аз худ намудан ва муайян намудани оқибатҳои анатомию физиологии таъсири омилҳои ба инсон зараррасон, восита ва усулҳои баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ аз системаҳои техникӣ ва равандҳои технологӣ; азхуд намудани роҳҳои таҳқиқи мустаҳкамӣ ва кори воҳидҳои истеҳсолӣ, инчунин системаҳои техникӣ дар вазъиятҳои фавқулода; усулҳои пешгуиӣ вазъиятҳои фавқулодда ва рафъи оқибатҳои он;ба таври назариявӣ ва амалӣ тайёр намудани донишҷӯён оиди масъалаҳои барқарор намудани шароити меҳнати солиму бехатар дар истеҳсолот муҳофизати меҳнат ва дар ҳаёт татбиқ намудани он, интихоби қарорҳои самаранок оиди таъмини шароити меъёрии меҳнат ва дар ин асос пешгирии захмбардориҳову касалиҳо мебошад, тайёр кардани мутахассисоне, ки қобилияти дар амал татбиқ намудани қонуну қарорҳои ҳукумат нисбати бехатарии фаъолияти меҳнатӣ дар истеҳсолот мебошанд, ки ин қонуну қарорҳо барои беҳтар намудани шароити меҳнат, кам кардани хавфу хатарҳо, захмдоршавӣ, касалиҳо ва баланд бардоштани коршоями ва маҳсулнокии меҳнат равона карда шудаанд;