Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Забони хориҷӣ

Хусейнова Гулпари Аджикуллоевна

Мудири кафедра

Ҳусейнова Гулпарӣ Аҷикуллоевна

Номзади илмҳои филологӣ, дотсент


Кабинет: Бинои таълимии IV

Утоқ: 312

E-mail: g.khuseynova@tgfeu.tj

Маълумот: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ

Фанҳои таълимӣ: Забони фаронсавӣ ва англисӣ

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Омӯзиш ва татбиқи лексткография

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Таҳлили сохторӣ ва лексикографии луғатҳои умумии тоҷикӣ-русӣ

Нашрияҳои асосӣ: 1. Монография: «Таҳлили сохторӣ ва лексикографии луғатҳои умумии тоҷикӣ-русӣ», Душанбе, 2021, 106 саҳ. Типография, ДДМИТ. 6,6 ҷ.ч. 2. Васоити таълимӣ: «Le Français (le français économique)», Душанбе-2015, 408 саҳ, 25 ҷ.ч. 3. Дастури таълимӣ: «Дастур барои гузаронидани корҳои беруназсинфӣ аз фанни забони англисӣ», Душанбе, 2015.Нашриёти «Эр-граф», 112 саҳ, 7 ҷ. ч. 4. Дастури таълимӣ: “Муҳовараи тоҷикӣ-русӣ- фаронсавӣ”, Душанбе, 2017. Матбааи ҶДММ “Ашӯриён”, 192 саҳ, 12 ҷ. ч. 5. Дастури таълимӣ: "Дастур оид ба рушди малакаҳои хониши мустақилонаи забони англисӣ барои донишҷӯёни ихтисоси иқтисодӣ”, Душанбе, 2017. Типография, Эр-граф, 120 саҳ, 7,5 ҷ.ч. 6. Васоити таълимӣ: “Грамматикаи забони фаронсавӣ”, Душанбе, 2021, Матбааи ҶДММ “Ашӯриён”, 168 саҳ., 10,5 ҷ.ч. 7. Васоити таълимӣ: “Грамматикаи забони англисӣ ва матнҳои иқтисодӣ”, Душанбе, 2021, Матбааи ҶДММ “Ашӯриён”, 168 саҳ., 15,1 ҷ.ч. 8. Китоби дарсӣ: “Забони англисӣ барои иқтисодчиён”, Душанбе, 2021, 220 саҳ.(дар нашр) 9. Мақолаи илмӣ: «Хусусиятҳои макроструктурии фарҳанги тоҷикӣ-русӣ зери таҳрири Д. Саймиддинов. Паёми ДМТ, бахши филология, Душанбе, 2015, саҳ. 82-86. 10. Мақолаи илмӣ: “Роҳҳои тарҷумаи воҳидҳои луғавӣ дар фарҳангҳои умумии тоҷикӣ-русӣ”, Паёми ДМТ, бахши филология,– Душанбе 2015, саҳ. 67-71. 11. Мақолаи илмӣ: “Аз таърихи фарҳангҳои умумии тоҷикӣ-русӣ”, Паёми ДМТ, бахши филология,– Душанбе 2015, стр. 64-68. 12. Мақолаи илмӣ: “Таҳлили муқоисавии истифодаи ишораҳои грамматикӣ дар мисоли омӯзиши луғатҳои тоҷикӣ-русӣ зери таҳрири Е. Н. Павловский ва М. Раҳимӣ. Паёми ДМТ, бахши филология,– Душанбе 2017, саҳ. 43 – 50. 13. Мақолаи илмӣ: “Таҳлили муқоисавии ишораҳои услубӣ дар луғатҳои умумии тоҷикӣ-русӣ”, ДДОТ, маводҳои конфронси байналмиллалӣ “Проблемаҳои филолгияи муосир ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар макотиби олӣ”, Душанбе-2015, саҳ. 140-149. 14. Мақолаи илмӣ: “Истифодаи ишораҳои грамматикӣ дар луғатҳои Я. И. Калонтаров ва Д. Саймиддинов, ДМТ – Конфронси илмии ҷумҳуриявӣ. Душанбе-2016, саҳ. 122-134. 15. Мақолаи илмӣ: “Назаре ба таърихи фарҳангнигории форсу тоҷик”, Паёми ДМИТ, №3, Душанбе-2015, саҳ. 283-286. 16. Мақолаи илмӣ: “Принсипҳои тартибдиҳии луғатҳои умумии тоҷикӣ-русӣ” Паёми ДМИТ, №3 (7) – Душанбе, 2016 саҳ. 250-257. 17. Мақолаи илмӣ: “Масъалаҳои классификатсияи луғатҳо”, Паёми ДМИТ, №2, Душанбе -2014, саҳ. 212-218. 18. Мақолаи илмӣ: “Инъикоси ибора ва воҳидҳои фразеологӣ дар фарҳангҳои умумии тоҷикӣ-русӣ”, ДМТ – Маводҳои конфронси байналмиллӣ “Проблемаҳои актуалии тадқиқоти муқоисавӣ-типологии забонҳо ва усулҳои муосири таълими забонҳои хориҷӣ”. Душанбе, 2018, саҳ. 196-201. 19. Мақолаи илмӣ: “Хусусиятҳои инъикоси омонимҳо дар луғатҳои умумии тоҷикӣ-русӣ”, Паёми ДМИТ. Душанбе, 2018. - №1 (13), саҳ. 133-140. 20. Мақолаи илмӣ: “Истифодаи ибораҳои нодурусти лексикрграфӣ дар луғатҳои умумии тоҷикӣ-русӣ”, Паёми ДДМИТ, №4 (16) Душанбе-2018, саҳ. 147-153.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «ЗАБОНИ ХОРИҶӢ»

Кафедраи забонҳои хориҷӣ мувофиқи фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Точикистон, № 41/4 аз 11-уми майи соли 2012-ум ҳамчун кафедраи умумидонишкадавӣ таъсис ёфтааст. Дар тӯли мавҷудияти кафедра вазифаи мудири кафедраро дар солҳои 2012-2013 номзади илмҳои филологӣ, дотсент Собирҷонов С., солҳои 2013-2014 номзади илмҳои филологӣ, дотсент Додоҷонова И.Б., солҳои 2014-2022 номзади илмҳои филологӣ, дотсент Туйғунов Н. Ҳ. ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи феврали соли 2022 роҳбарии кафедраро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҳусейнова Г.А. ба ӯҳда дорад.


Кафедраи забонҳои хориҷӣ таълими фанни забони англисӣ ва фаронсавиро ба ӯҳда дорад. Кафедраи мазкур дар тайёр намудани мутахассисони маълумоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосхои иқтисодӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Кафедраи забонҳои хориҷӣ чун кафедраи мустақил дар заминаи кафедраи забонҳо моҳи сентябри соли 2012 таъсис ёфтааст. Дар кафедра 16 нафар устодон кор мекунанд, ки аз онҳо 4- нафар номзадони илм, 2 дотсент, 6- нафар устоди калон ва 7 ассистент мебошанд. Забони англисӣ ва фаронсавӣ дар Донишгоҳ аз рӯйи ихтисос ва умумӣ омӯзонида мешавад.


Дар кафедра шӯрои илми-методӣ амал менамояд ва устодон ҳар моҳ бо маърӯзаҳои методии худ баромад менамоянд ва аз таҷрибаи якдигар бархурдор мегарданд. Инчунин устодон бо кори илмӣ-тадқиқотӣ машғул буда, дар конфронсҳои илмӣ-ҷумҳуриявӣ ва мизҳои мудаввар бо маърӯзаҳои илмии худ баромад менамоянд. Дар назди кафедра маҳфил бо номи «Knowing English is knowing the world» фаъолият дорад. Дар маҳфил донишҷӯёни фаъоли Донишкада, ки дар як маврид аъзоёни дастаи олимпӣ дар назди кафедра мебошанд, бо маърӯзаҳои гуногуни худ баромад менамоянд. Бахшида ба санаҳои гуногуни таърихӣ шабнишинӣ ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ низ гузаронида мешавад. Яке аз мақсадҳои аввалиндараҷаи кафедра ин бо маводҳои таълимӣ таъмин кардани донишҷӯён мебошад. Дар айни ҳол барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо, маҷмӯи лексияҳо ва тестҳои санчишӣ тайёр карда, ба донишҷӯён пешниҳод шудааст. Мунтазам аз тарафи устодони кафедра дарсҳои кушод гузаронида мешавад, ки дар ҷаласаҳои кафедра муҳокима карда мешавад. Аз ҷониби устодони кафедра бисёр васоитҳои таълимӣ, китоби дарсӣ ва луғатҳои гуногун таҳия гардидаанд, ки ба донишҷӯён кӯмаки зиёд мерасонанд. Устодони кафедра дар тамоми чорабиниҳои тарбиявии умумидонишкадавӣ иштирок менамоянд.


  • Масъалаҳои такмили усулҳои таълими забон дар шароити чаҳонишавӣ
  • Таҳлили сохторӣ-семантикии истилоҳоти иқтисодӣ дар забонҳои гуногун