Фанҳо
ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ «ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ»
Кафедраи забонҳои хориҷӣ дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон яке аз калонтаринҳо маҳсуб меёбад. Дар он зиёда аз 21 нафар устодон фаъолият менамоянд. Кафедра таълими забонҳои хориҷиро дар ҳама факултаҳо бар ўҳда дорад. Устодони кафедра асосан аз рўи се фан таълим медиҳанд:
1) Забони англисӣ (умумӣ);
2) Забони англисӣ (касбӣ);
3) Забони фаронсавӣ
Дар заминаи фанҳои номбаршуда дар кафедраи барномаҳои корӣ, маводҳои таълимӣ, адабиёти иловагии омӯзиш, адабиёт аз рӯи ихтисос пурра омода аст ва нигаҳдорӣ карда мешаванд.