Фанҳо
Забони русӣ ҳамчун фанни таълимӣ ба ҳама донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона ва ғоибонаи ихтисосҳои иқтисодии амалкунандаи донишкада омӯзонида мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим ба қоидаҳои имло, ҷиҳатҳои овозӣ ва грамматикӣ ошноии бештаре пайдо менамоянд. Фанни забони русӣ яке аз шаш фаннҳои ҷаҳонӣ буда, 1,5 миллиард аҳолии сайёра бо он гуфтугӯ менамоянд. Дар бораи шаҳомат ва ғановати ин забони пурғунҷоиш мутафаккирони бузурги дунё андешаҳои арзишманде баён доштаанд. Қаҳрамони Тоҷикистон устод М. Турсунзода забони русиро қулфкушои хазинаи тамаддуни ҷаҳонӣ медонад, ки ин барҳақ аст. Дар ДМИТ сол то сол сифати таълим ва самараи омӯзиши ин забон зиёд шуда истодааст, ки натиҷаи он дар иштироки фаъоли донишҷӯёни ДМИТ дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, махсусан олимпиадаҳо зоҳир мегардад.