Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Забони тоҷикӣ

Хасанова  Манзура Абдурашидовна

Мудири кафедраи забони тоҷикӣ

Ҳасанова Манзура Абдурашидовна

Номзади илмҳои филологӣ


Маълумот: Олӣ

Фанҳои таълимӣ: Забони тоҷикӣ

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Забон ва адабиёти тоҷик

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Воҳидҳои андозагирӣ дар забони тоҷикӣ

Нашрияҳои асосӣ: Васоити таълимӣ «Ҳарфи “Ӯ” ва мавридҳои истифодабарии он» “Промэкспо “ Душанбе –2024. Васоити таълимӣ «Маҷмуаи матнҳо барои диктант» Душанбе 2024. Маҷмуи матнҳо барои диктант (барои ихтисосҳои гайрифилологӣ) Васоити таълимӣ қарори ШИМ-и ДДМИТ аз 24.01.2025 №9/5.3, ш.Душанбе,2025, С-80 1. Вожаҳои тоҷикиасли баёнгари вазн дар забони тоҷикӣ. / Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 4/6 (97) Душанбе 2012 с. 72-75. 2. Калимаҳои арабиасли ифодагари вазну ченак дар забони тоҷикӣ. Хасанова, М. А. Единица веса и меры арабского происхождения в таджикском языке / М. А. Хасанова // Вестник Таджикского национального университета. Серия филологических наук. – 2015. – № 4-2 (163). – С. 61-64. 3. Ташаккули воҳидҳои андозагирӣ бо роҳҳои калимасозӣ. /Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон №7 Душанбе 2015 с. 28-31. 4. Ифодаи вазну ченак дар лаҳҷаҳои тоҷикӣ. /Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 4/2 (163) Душанбе 2016 саҳ.66-70. Мақолаҳо дар конференсияҳои донишгоҳӣ: 1. Корбасти калимањои ифодагари ченакњои вазну масофа дар лаҳҷаҳо . / Маводи конференсияи ҳайати устодону профессорони Донишгоњи давлатии молия ва иќтисоди Тољикистон. –Душанбе, 2019. – С. 504-505. 2.Ифодаи воҳидҳои андозагирӣ бо роҳи наҳвӣ ./ Маводҳои конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026), Душанбе,2021 саҳ 405-409.3 Баррасии баъзе масъалаҳои воҳидҳои андозагирӣ дар забони тоҷикӣ. /Маводҳои конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодони “Масъалаҳои рушди забони адабии тоҷик дар даврони истиқлол (мушкилот ва дурнамо) бахшида ба 85-солагии доктори илмҳои филология профессор Ҳомид Маҷидов”, 15.06.2022 ДМТ, Душанбе, 2022. – С 405-408.4. Сложные единицы измерения в таджикском языке. / Маводҳои конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026), Душанбе, 2023

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

           

Кафедраи мазкур умумидонишгоҳӣ буда, таҳти роҳбарии мудири кафедра н.и.ф., Ҳасанова Манзура Абдурашидовна бо устодони таҷрибадор таъмин аст.Дар кафедра ду профессор, доктори илми филология Аслонова Н.Н. ва профессори кафедра Раҳмонов М. М. номзади илм, дотсент Сироҷова Н.Ф. ва н.и.ф., Б. Асоева, ду муаллими калон С. Муҳаммадиева, Мирзоев И. ва як оператор-ҳуҷҷатнигор Рузибаева Г. фаъолият менамоянд.

Устодони кафедра дар ҳамаи факултетҳои ДДМИТ аз фанни забони тоҷикӣ дар курсҳои якуми гурӯҳҳои академии тоҷикиву русии шуъбаҳои рӯзонаву фосилавӣ таълим медиҳанд. Ҳадафҳои таълими забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ такмил додани малакаю маҳорати суханварӣ ва равшану возеҳ баён карда тавонистани фикр, бехато навиштан, риоя намудани меъёрҳои забони адабӣ, мукаммал намудани дарки аниқи ҷиҳатҳои хоси забони тоҷикӣ ҳамчун воситаи муошират ва интиқоли иттилоот, донистани истилоҳоти соҳаи тахассус, бо услуби хоси илмӣ баён намудани фикр ва таҳрир карда тавонистани матнҳои илмии соҳаи тахассус, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ ва рушди нутқи хаттию шифоҳии донишҷӯён аз ҳисоби истилоҳоти маъмули байналмилалӣ ва истилоҳоти тахассусии мардуми кишварҳои ҳамзабон мебошад. Кафедра барои дарсҳои амалӣ ва иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯён китоби дарсӣ, китобу маводҳои таълимии электронӣ таҳия намудааст, ки онҳо дастраси донишҷӯён мебошад.

Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён «Забони миллат-ҳастии миллат» амал мекунад, ки роҳбарии онро муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ Муҳаммадиева С.О., ба зимма дорад.

Кафедраро солҳои гуногун устодони зерин ба монанди д.и.ф., профессор Асозода Х. (1999-2005), д.и.ф., профессор Аслонова Н.Н. (2005-2006) роҳбарӣ кардаанд, н.и.ф., дотсент Раҳмонов М.М. аз соли (2006 -2024) масъулияти мудири кафедраро ба уҳда доштанд.