Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Фанҳо

Такмили савод ва баланд бардоштани савияи забондонии донишҷӯён, бартараф намудани ғалатҳои имлоӣ ва услубӣ дар нутқи хаттию шифоҳии донишҷӯён.


Омӯзиши аломатҳои китобатӣ ва истифодаи дурусти онҳо. Тавассути мавзӯи «Калима аз ҷиҳати  баёни маъно», шинос намудани донишҷӯён бо боигарӣ ва захираи луғавии забони тоҷикӣ. Бартараф намудани нуқсонҳо дар қироати матн, такмили маҳорати суханварӣ ва сухандонии  донишҷӯён,  донистани мавқеи истифодаи воҳидҳои луғавии забон. Ғанӣ гардондани захираи луғавӣ ва рушди  нутқи хаттию шифоҳии донишҷӯён аз ҳисоби истилоҳоти  маъмули   байналмилалӣ ва истилоҳоти тахассусии мардуми кишварҳои ҳамзабон. Омӯзиши услубҳои илмӣ, бадеӣ, публитсистӣ ва расмӣ-коргузорӣ.


Ба донишҷӯён омӯхтани шеваи кор  бо луғату фарҳангҳо. Бедор намудани завқи луғатомӯзии донишҷӯён ва дар ин замина афзун намудани дараҷаи луғатдонии онҳо.


Фанҳои таълимии кафедра бо дарназардошти тахассусҳои донишкада тадрис мешаванд. Фанҳои  таълимии кафедра дар тарбияи маънавии мутахассисони оянда нақши муассир доранд. Ҷойгоҳи фанни забони тоҷикӣ дар шароити муосир ҷиҳати таъмини тафаккури луғавии тахассусӣ баланд аст. Бояд гуфт, ки дарунмояи барномаҳои таълимии забони тоҷикӣ ба табиати донишкадаи сирф, иқтисодӣ ҳамоҳанг карда шудаанд. Аз ин лиҳоз  кафедраи забони тоҷикӣ низ рисолати тайёр намудани мутахассисони ояндаро дорад.