Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Фанҳо

ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРА

  • Психологияи фаъолияти касбӣ - Психологяии фаъолияти касбӣ яке аз соҳаҳои муҳими психологияи умумӣ ба шумормеравад, ки омӯзиши он дар замони кунунии инкишофи ҷамъиятва соҳаҳои мухталифи он талаботи давр ба шумормеравад. Маҳз бо омӯзиши психологияи фаъолияти касбӣ, ки қонуниятҳои зоҳиршавии ҳодисаҳои психикӣ аз ҷумлаи равандҳои маърифатӣ, ҳолатҳои равонӣ ва ҳусусиятҳои фардӣ-психологии шахсро дар раванди касбу кори гуногун меомӯзад, ҷавонон ва муттахасисони хубро ба камол расонидан мумкинаст. Давраи кунунии ташаккули ҷомеа дар истеҳсолоти моддӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ, маданияти маънавӣ ва соҳаи мактабу маориф дигар гуниҳои куллӣ ворид намуда, водорсохт, ки фаъолияти макотиби олӣ ба зинаи сифатан баланд бардошта шавад, то ба шароиту талаботи ҷомеа мувофиқ бошад. Психологияи фаъолияти касбӣ ҳамчун фанни таълимии нисбатан ҷадид маҳз барои тадбиқи мақсаду маромҳои дар боло зикршуда саҳмгир шуда метавонад, ки донишҷӯёни ихтисосҳои ғайри педагогиро бо асосҳои психологӣ ва ахлоқии фаъолияти касбҳои гуногун ошно мегардонад.
  • Таърихи халқи тоҷик - Мундариҷаи асосӣ ва аҳамияти фанни мазкур; ватани таърихии тоҷикон; ташаккули халқи тоҷик ва давлати он; халқи тоҷик дар давраи устуворшавӣ ва рушди ҷомеаи феодалӣ; халқи тоҷик дар давраи истилои Осиҳи Миҳна аз тарафи Руссия; пайдоиши муносибатҳои сармоядорӣ; ғалабаи Инқилоби Октябр; барқароршавӣ ва устуворшавии Ҳукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистон (1917-1924); Тоҷикистон дар давраи барқароркунӣ ва оғози бозсозии хоҷагии халқ (1924-1946); Тоҷикистон дар давраи барқароркунии баъдиҷангӣ ва тараққиҳти минбаъдаи хоҷагии халқ (1946-1970); Тоҷикистон дар солҳои 70-.м ва оғози солҳои 80-ӯми асри 20; Тоҷикистон дар роҳи бозсозӣ; ташкили истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Тоҷикистон дар шароити сохтори давлати демократӣ.
  • Фарҳангшиносӣ - Мақсади асосии омӯзиши фарҳангшиносӣ аз он иборат мебошад, ки донишҷӯён проблемаҳои методологии фанни мазкурро, қонуниятҳои инкишофи олами фарҳангӣ, вазифаҳои гуногун ва мақулаҳои ба ин фан хосро азхуд кунанд. Асосҳои назариявии фарҳангшиносӣ, таърихи инкишофи фарҳанги халқҳои ҷаҳон, проблемаҳои интиқоли фарҳанги умумибашарӣ низ яке аз вазифа ва мақсадҳои ин фан мебошад.
  • Этикаи муносибатҳои расмӣ - Мақсад ва вазифаҳои фанни «Этикаи муносибатҳои расмӣ» ба донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун омӯзонидани ҷаҳонбинии ҳозираи гуманитарӣ, ки дар асосӣ он дарки маърифати идеалҳои ахлоқӣ , асосҳои илми этика, одоби муошират ва арзишҳои ҳозиразамонаи ҷамиятӣ дар ҷараёни муносибатҳои расмии одамон қарор мегирад. Дар натиҷаи дарки донишҳои назарявию амалии соҳавии ахлоқӣ ва шинохти этикет муносибатҳои солими одамонро дар ҳаёти иҷтимоӣ, алалхусус: робитаи солим бо ҳамкорон, самаранок гардонидани равандҳои робитавии гуногунмақсад, инчунин дар оянда неруи фаъолиятҳои касбии худро ба сифатҳои идоракунанда ё итоаткунанда, дуруст мусоидсозанда мебошад.
  • Сиёсатшиносӣ - Объект, предмет ва методи илми сиёсатшиносӣ. Вазифаҳои сиёсатшиносӣ. Ҳаёти сиёсӣ ва муносибатҳои ҳукуматӣ. Рол ва мавқеи сиёсат дар ҳаёти ҷамъиятҳои муосир. Вазифаҳои иҷтимоии сиёсат. Таърихи таълимотҳои сиёсӣ. Анъанаҳои сиёсии халқи тоҷик, сарчашма ва асосҳои иҷтимоӣ – фарҳангии он. Мактабҳои сиёсатшиносии муосир. Пайдоиш ва хусусиятҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ. Хусусиятҳои ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷиҳатҳои ташкилотии сиёсат. Ҳокимияти сиёсӣ. Системаи сиёсӣ. Режимҳои сиёсӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, системаҳои электоралӣ. Мунсибатҳои сиёсӣ ва равандҳо. Моҷароҳои сиёсӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо. Ба ҳамин хотир фанни сиёсатшиносӣ на танҳо ба асосҳои назариявии сиёсӣ, балки бо роҳҳои татбиқи амалии онҳо дар ин ё он ҷомеа ошно месозад. Ҳаёти сиёсии ҷомеа аз раванду ҳодисаҳо ва муносибатхои мухталифу баҳам зид ва муқовиматомез таркиб ёфтааст. Қарни XX дар таърихи ҷамъияти инсонӣ ба тағйирот ва дигаргуниҳои азими худ дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ ба дараҷае нақши муайян гузоштааст, ки аз қарнҳои пешина ба куллӣ фарқ карда, омӯхта мешавад.
  • Фалсафа - Фалсафа дар ҳаёти инсон ва ҷомеа; намудҳои таърихии фалсафа; инсон ва коинот; тавсифи фалсафӣ, динӣ ва илмии олам; ҳастӣ ва шаклҳои он; консепсияи монистӣ ва плюралистии ҳастӣ; мафҳуми модда ва рӯҳ; инкишоф диалектика, метафизика; детерминизм ва индетерминизм; ҳаракат, фазо, вақт; қонунҳо ва фаҳмиши фалсафии онҳо; табиати инсон ва моҳияти мавҷудияти он; дониш ва эътиқод; донишҳои ҳиссию ақлӣ, донишҳои таҷрибавию назариявӣ, ҳақиқат ва навъҳои он; низомҳои асосии фалсафа; таърихи фалсафаи Ғарб, Шарқ, Россия; афкори фалсафӣ, ҷамъиятӣ ва сиёсии халқи тоҷик дар асрҳои 8-19 ва замони муосир омӯхта мешавад.