Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Таҳлили иқтисодӣ ва омор

Шодиев Кухзод Курбанбаевич

мудири кафедра

Шодиев Куҳзод Қурбонбоевич

Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент


Кабинет: 301

E-mail: k.shodiev@tgfeu.tj

Маълумот: Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон

Фанҳои таълимӣ: Таҳлили иқтисодӣ, Таҳлили молиявӣ, Таҳлили системавӣ, Таҳлили идоравӣ.

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Асосҳои ташкилию иқтисодии рушди соҳибкории хурду миёна дар хоҷагии қишлоқ (дар заминаи маводҳои вилояти Суғд)

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Ташаккулёбӣ ва тараққиёти бозори гӯшт дар минтақаҳои комплекси агро-саноатӣ

Нашрияҳои асосӣ: Монография: Асосҳои ташкилию иқтисодии рушди соҳибкории хурду миёна дар хоҷагии қишлоқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон/бо қарори Шурои илмӣ-методии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодии Тоҷикистон аз 25 12 2020 с. Протокол № 6/5 1. Китоби дарсӣ: «Таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ», Душанбе 2020с. саҳ. 400 2. Васоити таълимӣ: «Назарияи таҳлили иқтисодӣ» Душанбе 2012с. саҳ. 221 3. Дастури методӣ: «Таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ» Қарори ШИМ-и ДМИТ аз 22.06.2017с. Душанбе 2017с. Мақолаи илмӣ: 1. Омилҳои саноатикунонии рушди соҳибкории хурд ва миёна дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Донишгоҳи давлатии Ош Ҷумҳурии Қирғисистон, №3, Қирғизистон 2018с. 2. Имтиёзҳои андозӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар рушди соҳибкории хурд ва миёна, Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бахши илмҳои иқтисодӣ, № 10, саҳ. 71-76., Душанбе 2018 3. Имтиёзҳои андоз ва рушди соҳибкории хурду миёна дар комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон., Известия Бюллетени Форуми муҳосибон ва аудиторони кишварҳои Осиёи Марказӣ No 3 (22) 2018 Ҷумҳурии Қирғизистон. 4. Нақши фаъолияти соҳибкорӣ дар рушди индустриализатсияи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷаллаи назариявӣ ва илмӣ -амалии кишоварз № 2 - Душанбе 2018с. 5. Инкишофи корхонаҳои саноатӣ ҳамчун омили асосии тадбиқи сиёсати воридотивазкунанда, Паёми Донишгоҳи милии Тоҷикистон, бахши илмҳои иқтисодӣ №3, ст. 127-134, Душанбе 2019с. 6. Шаклҳои дастгирии молиявии рушди соҳибкории хурду миёна дар хоҷагии қишлоқ: Ҷанбаи минтақавӣ // Кишоварз, (Фермер). Душанбе. 2019.- No 3. (83). - С. 137-141

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ТАҲЛИЛИ ИҚТИСОДӢ ВА ОМОР

Кафедраи таҳлили иқтисодӣ (ҳозира кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор) бо қарори Шӯрои олимон ва фармоиши ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 27.08.2012с таҳти рақами №44-д/н «Дар бораи таъсис ва сохтори кафедраҳо» дар заминаи кафедраҳои иқтисодиёти соҳибкорӣ (2006-2009), иқтисодиёти таҳлилӣ (2009-2010), бозори меҳнат ва таҳлили иқтисодӣ (2010-2012) дар асоси мутаҳидшавии ду донишкада, яъне Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Тоҷикистон, бо номи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар зерсохтори факултети ҳисобдорӣ ва омор таъсис дода шудааст. Инчунин Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро соҳиб шуд, ки кафедраи таҳлили иқтисодӣ бо ҳамин ном дар зерсохтори факултети ҳисобдорӣ ва омор нигоҳ дошта шуд.

Дар заминаи кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит (1997), баҳисобгирии муҳосибӣ ва омор (2009), соли 2012 кафедраи омор (ҳоло кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор) ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети ҳисобдорӣ ва омор ташкил карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки бо фармоиши ректори донишгоҳ дар бораи мутаҳид намудани кафедраҳо аз 4.09.2023 № 196/Ш кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва кафедраи омор мутаҳид карда шуда, бо номи кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор фаъолият менамояд.

Аз давраи фаъолият кафедраро устодони зерин роҳбари намуданд: Дар солҳои 2006 – 2009 номзади илмҳои физика, математика, дотсент М.К. Собиров, дар солҳои 2009 – 2010 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор С.И. Исломов, дар солҳои 2010-2012 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент А. Урунбоев, дар солҳои 2012-2015 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Р.Р. Қудратов, дар солҳои 2012-2015с номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Н.Н. Солиев, дар солҳои 2015-2018 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Б.С. Музаффаров, дар солҳои 2018-2021 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент И.С. Фасеҳзода, дар соҳои 2016-2020 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент М.Ч. Буриева дар солҳои 2021-2022 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент З.Х. Иматчоев ва аз соли 2022 то инҷониб н.и.и., дотсент К.Қ. Шодиев.

Аз аввали таъсисиёбӣ, кафедра фаъолияти худро дар асосии нақшаи таълимӣ қарорҳо ва дастурҳои ректор, қарорҳои Шурои олимони донишгоҳ, ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Аз ҷониби устодони кафедра барномаҳои таълимию методӣ ва силлабусҳо аз фаннҳои тахассусии кафедра таҳия гардиданд.

Ҳоло кафедра яке аз кафедраҳои пешсафи донишгоҳ ба ҳисоб рафта, мутахассисони соҳаҳои зеринро омода менамояд:

• 1– 25010201– Иқтисодиёти таҳлилӣ бояд дорои чунин қобилиятҳо бошад: гуруҳбандӣ ва банизомдарории маълумот барои таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодӣ – ичтимоии субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, тартиб додани моделҳои назариявӣ ва иқтисодӣ, инчунин шарҳ додани натиҷаи онҳо, истифодабарии барномаҳои муосир барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, таҳлил ва шарҳ додани маълумотҳои молиявӣ, муҳосибӣ дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, қабули қарори идоракунӣ дар асоси маълумотҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, гузаронидани таҳлили ҳисоботи молиявӣ ва асоснок кардани натиҷаи онҳо, муайянсозӣ ва баҳодиҳии хавфҳои корхона, гузаронидани методикаи санҷишҳо ва таҳлили натиҷаи фаъолияти молиявӣ дар субъектҳои хоҷагидорӣ.

• 1– 25010500 – Омор, бояд дорои чунин қобилиятҳо бошад: ҳалли масъалаҳои стандартии фаъолияти касбӣ дар асоси фарҳангӣ иттилоотӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ – комуникатсионӣ бо риояи талаботҳои бехатарӣ, истифодаи асосҳои мантиқӣ барои ташаккули ҷаҳонбинӣ, ҷамъовари намудани маълумотҳои оморӣ, гузаронидани мушоҳидаҳои оморӣ бо истифодаи методикаи стандартӣ, ташаккули интихобии воситаҳо, мустақилона гузаронидани масъалаҳои таҳлили оморӣ ва баҳодиҳии натиҷаҳо, таъмини махфӣ нигоҳдории маълумотҳои оморӣ, таҳияи ҷадвалҳои оморӣ ва пешниҳоди натиҷаҳои коркарди маълумот.

• 1-260010301 – Танзими давлатии иқтисодиёти миллӣ, бояд дорои чунин қобилиятҳо бошад: таҳлил ва арзёбии иттилоот дар асоси он қабули қарорҳои оптималӣ барои фаъолияти босамари хоҷагидорӣ, иштирок дар раванди коркард ва қабули қарорҳои идоракунӣ, асосноккунии интихоби онҳо бо дарназардошти ба инобатгирии критерияҳои самаранокии ичтимоиву иқтисодӣ, ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар ҳамаи сатҳҳои идоракунӣ (миллӣ, минтақавӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ) бо даранзардошти таваккал ва эҳтимоли хавфҳои ичтимоию иқтисодӣ, идораи фаврии коллективҳои меҳнатӣ дар самти амалисозии нақшаву дурнамоҳои стратегӣ ва барномаҳои мақсадноки давлатӣ барои таъмини афзалиятҳои умумимиллӣ, такмили механизми фаъолияти сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, низоми сохтору воҳидҳои маъмуриву ҳудудӣ, шаклҳои ташкиливу ҳуқуқӣ новобаста аз шаклҳои моликият бо дарназардошти маҳдудиятҳои муайяни ҳуқуқӣ, маъмурӣ.

ҲАЙАТИ КАФЕДРА


Ҳайати кафедраро 15 нафар омӯзгор доимӣ ташкил медиҳад, ки аз онҳо 1-нафар доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, 4-нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, 3– нафар муаллимони калон, 6 - нафар ассистент ва 1 нафар оператор-ҳуҷатнигор мебошанд.

1. Қудратов Р.Р. - доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор;

2. Шодиев К.Қ. - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

3. Урунбоев А. - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

4. Холов Р.Ш. - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

5. Ҳалимзода М.Ҳ. - доктори PhD муаллими калон;

6. Ҳакимов С.Н. – муаллими калон;

7. Эмомов М.Д. - муаллими калон;

8. Одинаев А.С. - муаллими калон;

9. Баротов А.А. – ассистент;

10. Саъдуллоев А.Ҷ. - ассистент;

11. Давлатова Н.И. - ассистент;

12. Давлатёрова Б.Ҷ. - ассистент;

13. Абдуллоева Ш.Ф. - ассистент;

14. Ҳамидова Н.М. – ассистент;

15. Сафарова С.Б. – оператор-ҳуҷҷатнигор.


tahlili_iqtisodi.jpg


ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ КАФЕДРА

Бояд қайд намуд, ки кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор кафедраи базавӣ буда бо Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2023 то соли 2030 шартномаи ҳамкорӣ баста шудааст. 

Самти корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедра «Таҳлили шароит ва омилҳои таъсирбахш ба таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ» (роҳбарии мавзӯъ н.и.и., дотсент Шодиев К.Қ.) ва “Таҳлили иқтисодӣ-омории таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ” (роҳбарии мавзӯъ н.и.и., Холов Р.Ш.) буда, муҳлати иҷрои он то соли 2027 мебошад. Дар иҷрои нақшаи корҳои илмӣ- таҳқиқотии кафедра 15 нафар устоди кафедра аз ҷумла 1 - нафар д.и.и., профессор ва 4 –нафар н.и.и., дотсент иштирок менамоянд. Кафедра дар соҳаи тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар самти соҳаи иқтисодиёти таҳлилӣ, танзими давлатии иқтисодиёти миллӣ ва омор саҳми калон дошта, донишҳои соҳавии фундаменталӣ ва амалиро дар самти фаъолияти хеш барассӣ менамояд. Дар назди кафедра таҳқиқотҳои илмии мутобиқ ба раванди инкишофи иқтисодиёти миллӣ, гузаронида мешавад. Устодони кафедра дар соҳаи иқтисодиёт ва дигар масъалаҳои алоқаманд бо иқтисодиёти миллӣ дараҷаи тахассусии олиро доро мебошанд. 

Устодони кафедра пайваста ба ҳайси муқаррази расмӣ ва кафедра ба сифати муассисаи пешбар аз рӯйи самтҳои 08.00.04.02 – Иқтисодиёти комплекси агросаноатӣ; 08.00.03 – Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ; 08.00.06.04 - Ташкил ва идоракунии корхонаҳо, низомҳо ва комплексҳо интихоб мегардад.

Дар муддати 5 соли охир кафедра 4 китоби дарсӣ ва зиёда аз 6 монография ва 10 васоити таълимӣ рӯйи чоп овардааст. 


Нашрҳои илмӣ:

Таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ. Китобӣ дарсӣ. / К.Қ. Шодиев, И.С. Фасеҳзода. // Душанбе, Балоғат – 2020 сол. С. 400

Таҳлили молиявӣ. Китобӣ дарсӣ. / К.Қ. Шодиев, И.С. Фасеҳзода, Ҳакимов С.Н., Урунбоева Н.А. // Душанбе, Ирфон – 2023 сол. С. 315

Омори гумрукӣ. Китобӣ дарсӣ. / Р.Ш. Холов, А.С. Одинаев ва дигарон// Душанбе, Ирфон – 2024 сол. С. 320

Омор. Китобӣ дарсӣ. / Р.Ш. Холов, Н.Н. Солиев ва дигарон // Душанбе, Ирфон – 2019 сол. С. 400

Таҳлили иқтисодии комплексии фаъолияти хоҷагидорӣ / Васоити таълимӣ. /К.Қ. Шодиев //. Душанбе -  Ирфон. 2024с. С. 140

Назарияи таҳлили иқтисодӣ / Васоити таълимӣ. /К.Қ. Шодиев //. Душанбе -  Ирфон. 2012с. С. 220

Организационно – экономические основы развития малого и среднего предпринимательства в сельском хозяйстве РТ / Монография // К.К. Шодиев Душанбе -  Ирфон. 2021с. С. 140

Таҳқиқоти иқтисодӣ – омории сатҳи монетизатсияи иқтисодиёти миллӣ / Монография// Р.Ш. Холов Душанбе -  Ирфон. 2023с. С. 140


Дар назди кафедра маҳфили илмӣ таҳти унвони «Таҳлилгарон ва оморчиёни ҷавон» фаъолият дорад, ки дар машваратҳои он масъалаҳои муосири иқтисодиёт, таҳлил ва омор баррасӣ ва муҳокима карда мешаванд.


РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Фанҳои тадрисшавандаи кафедра бисёре аз ихтисосҳои донишгоҳ омӯзонида мешаванд. Дар кафедра аз рӯйи 47 фанни таълимӣ дарсҳо гузаронида мешаванд. Аз рӯйи ҳамаи фанҳои таълимӣ барномаи таълимӣ ва барномаи корӣ (силлабус) таҳия ва тасдиқ гардидааст. 


Фанҳои таълимӣ:

1. Таҳлили иқтисодӣ;

2. Омор;

3. Идоракунии рушди иқтисоди сабз;

4. Асосҳои соҳибкорӣ ва банақшагирии бизнес;

5. Омори молия;

6. Омори сайёҳӣ;

7. Тавозуни пардохт ва системаи ҳисоби миллӣ;

8. Омори иқтисодӣ;

9. Усулҳои бисёрченакаи оморӣ;

10. Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ;

11. Таҳлили молиявӣ;

12. Банақшагирӣ ва ояндабинии иқтисодиёти миллӣ;

13. Иқтисодиёти амволи ғайримнқул;

14. Асосҳои бехатарӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ;

15. Омори бонкӣ;

16. Омори гумрукӣ;

17. Иқтисодиёти миллӣ;

18. Соҳибкории истеҳсолӣ;

19. Танзими давлатии иқтисодиёти КАС;

20. Таҳлили комплексии фаъолияти хоҷагидорӣ;

21. Омори неруи миллӣ;

22. Барномаи муосири оморӣ;

23. Омори андоз;

24. Банақшагирии молиявӣ ва назорати молиявӣ;

25. Таҳлили инвеститсионӣ;

26. Сиёсати даромад ва музди меҳнат;

27. Иқтисодиёт ва иҷтимоиёти меҳнат;

28. Ояндабинии иқтисодиёти миллӣ;

29. Таҳлили ҳисоботи молиявӣ;

30. Омори соҳибкорӣ.

31. Муқаддимаи ихтисос (1-25010500, 1-25010201, 1-25010301);

32. Назарияи таҳлили иқтисодӣ;

33. Назарияи умумии омор;

34. Танзими давлатии иқтисодиёти миллӣ;

35. Таҳлили бизнес-равандҳо;

36. Таҳлили бозори меҳнат;

37. Идоракунӣ ва банақшагирии минтақа;

38. Омори иҷтимоӣ;

39. Омори саноат;

40. Омори кишоварзӣ;

41. Усулҳои гузаронидани таҳқиқоти оморӣ;

42. Таҳлили идорави дар соҳаҳо;

43. Таҳлили системавӣ;

44.Омори фаъолияти иқтисоди-хориҷӣ;

45. Омори байналмиллалӣ;

46. Рушди босуботи иқтисодӣ;

47. Омори ҳуқуқӣ.