Department Information

HISTORY OF THE DEPARTMENT OF “CUSTOMS ACTIVITY”

In order to train highly qualified specialists for the customs authorities, the Department of “Customs Affairs” was established in 1998 within the Faculty of Law at the Institute of Taxation and Law. The department was headed by Colonel of the Customs Service Nasriddinov F. B., who was the principal initiator of its establishment.

In 2004, on the basis of this department, the Faculty of “Customs Affairs” was created, and the former department was divided into the Department of “Customs Control Organization” (Head — Associate Professor Nasriddinov F. B.) and the Department of “Customs Payments and Currency Control” (Head — Mirzoev I. K.).

In 2008, due to structural changes within the Institute, these two departments were merged into a new department — “Economic Support of Customs Activity.”

In 2010, the department was again reorganized into the Department of “Customs Payments and Control” (Head — Associate Professor Nasriddinov F. B.) and the Department of “Customs Expertise and Law” (Head — Major General of the Customs Service, PhD in Law, Khasanov K. K.).

From September 1, 2011, the Department of “Customs Payments and Control” was headed by PhD in Economics, Associate Professor Rahimov Nuriddin Naimovich.

In September 2012, based on the two departments, a new department — “Customs Activity and Logistics” — was established. From 2012 to August 2014 it was headed by Associate Professor Rahimov N. N. Since August 2014, the acting head of the department has been Associate Professor Mirakov Q. M. In September 2018, Associate Professor Muminov A. B. became the head of the department.

Currently, the department employs experienced and highly qualified instructors who have made a significant contribution to training top-level customs professionals. Among them: PhD in Technical Sciences, Associate Professor Mirakov Q. M.; PhD in Economics, Associate Professor Nematov I. U.; Excellent Employee of the Customs Service of the Republic of Tajikistan, Colonel of the Customs Service, Senior Lecturer Shomudinov O. D.; Senior Lecturers Imatchoev Z. Kh.; Assistants Davlatov F. H., Davlatov F. S., Abdulloev S. I., Halimkhonov Z. A., Mahmadbekova N., Saidiev A., Akbarov S., Davlatova T. S.; operator–document specialist Goibova F.; internal part-time lecturers PhD in Economics, Associate Professor Popov N. A.; PhD in Economics, Associate Professor Sodikov M. S.; external part-time lecturers PhD in Economics, Colonel of the Customs Service Mahmadzoda Haidar; Senior Inspector of the Institute for Advanced Training of the Customs Service, Senior Lieutenant of the Customs Service Nozimov A. Kh.

The instructors of the department teach more than 40 academic disciplines. One of the main priorities of the department is providing students with comprehensive educational and methodological materials.

For the academic programs taught under the specialties 1–960101 — “Customs Service” and 1–96010102 — “Economic Support of Customs Activity,” the department has developed and implemented educational programs, syllabi, credit-based course outlines, tests for assessment and examinations, presentation materials, topics for course and graduation papers, internship programs, five-year research plans for 2012–2018, as well as various educational and methodological resources.

The department maintains close cooperation with many scientific institutions and higher education establishments in the Republic of Tajikistan, including the Department of “Customs Service” at the Tajik State University of Law, Business and Politics; the Department of “Entrepreneurial Law and Customs” at the Institute of Entrepreneurship and Service (Head — PhD, Associate Professor Nodirov O. F.); and the Institute for Advanced Training of the Customs Service under the Government of the Republic of Tajikistan. The department also collaborates with several international programs to exchange experience and enhance the professional skills of its faculty.

The transition to market relations and the rapid development of customs authorities have significantly increased the demand for highly qualified specialists in the field. Therefore, the department prioritizes improving the quality of education and ensuring that students' knowledge meets modern requirements. The department conducts research under a five-year plan on the topic: “The Customs System of the Republic of Tajikistan and its Role in Ensuring the Economic Security of the Country.”

Today, the Department of “Customs Activity” is one of the key specialized departments of the Faculty of International Economic Relations and contributes significantly to the training of specialists for the customs authorities. The faculty members are authors of 8 monographs, 14 textbooks, and more than 210 scientific articles. Their research focuses on the role of customs institutions in ensuring the economic security of Tajikistan and improving the organizational and economic mechanisms of customs administration using modern customs practices.

The department hosts student scientific clubs and subject-based groups. It possesses strong intellectual, material-technical, and human resources and trains highly competitive specialists for the labor market.

Academic subjects

ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ «ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ»

  • Этикаи касбӣ – фанни таълимиест, ки ба донишҷӯён принсипҳои этикаи кории кормандони мақомоти гумрукро меомӯзонад. Дар ин фан омӯхтани тарзи муносибати мардон ва занони корчалон, этикаи муоширати кори хатӣ, этикети роҳбар, техникаи гузаронидани суҳбатҳои корӣ хеле муҳим мебошад.

  • Иқтисодиёти умури гумрук – яке аз шохаҳои илмҳои иқтисодӣ буда, омӯзиши он зарурияти хосае дорад, чунки фаъолияти гумрукӣ – қисми асосии фаъолиятнокии иқтисоди хориҷӣ ва таъиноти он дар рушди хоҷагии халқ, сиёсати гумрукӣ ва усулҳои танзими ФИХ мебошад. Омӯзиши ин фан ба донишҷӯён маълумот оиди барномаҳои проблемавии мақсаднок дар фаъолияти гумрук, заминаҳои моддӣ-техникӣ ва кадрӣ, фондҳои асосӣ, сохтмонҳои асосӣ ва таъминоти моддӣ-техникии дар фаъолияти гумрукӣ, музди меҳнат ва таъмини иҷтимоии кормандони мақомоти гумрукро медиҳад, ки дар шароити муосир бисёр муҳим аст.

  • Андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ – фанни таълимие мебошад, ки мақсади омӯзиши он шинос намудани донишҷӯён бо асосҳои назариявии андозҳо, принсипҳои асосии он, аз ҷумла ба шакли муайян даровардани системаи андоз, андози даромад аз шахсони воқеӣ, андоз аз даромади муассисаҳо, аксизҳо, андози замин ва намудҳои дигари андозҳо, пардохтҳои гумрукӣ, таснифоти умумӣ ва таъиноти онҳо, боҷҳои гумрукии содиротӣ ва воридотӣ, хироҷҳои гумрукӣ барои ба расмиятдарории гумрукӣ, истифодабарии AAUS ҳангми барасмиятдарории гумрукӣ мебошад. Фанни мазкур имкон медиҳад, ки онҳо дониши назариявии худро дар амалия оид ба истифодабарии пардохтҳои гумрукӣ оиди молҳое, ки тавассути сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ интиқол дода мешаванд ба амал бароранд.

  • Таърихи фаъолияти гумрукӣ ва сиёсати гумрукӣ - фанни таълимие мебошад, ки донишҷӯёнро бо фаъолият ва сиёсати гумрукӣ, ташаккулёбии онҳо шинос менамояд. Омӯзиши ин фан ба донишҷӯён оиди фаъолияти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муосир, проблемаҳои актуалӣ ва меёркунонии сиёсати гумрукӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва самтҳои асосии ҳамкории байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрук маълумот медиҳад.

  • Ташкили назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт – фанни таълимиест, ки дар қатори асосҳои назариявии омӯзиши принсипҳои умумии танзими мол ва воситаҳои нақлиёт, шакл ва вазифаҳои назорати гумрукӣ, хусусиятҳои хоси амалисозии амалҳои пешакӣ, пур намудани ҳуҷҷати назорату интиқол (ДКД) ва китобчаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути роҳҳо (МДМ), назорати гумрукии молу воситаҳои нақлиёт ҳангоми боркашонии нақлиёти ҳавоии байналмилалиро меомӯзад. Фанни ташкили назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт ҳамчун фанни тахассусӣ технологияи барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт бо истифода аз ЭБГ, тартиби пуркардани эъломияи бори гумрукӣ (ГТД) ва тартиби назорату барасмиятдарории гумрукии воситаҳои нақлиётиро низ меомӯзонад.

  • Коргузории гумрукӣ – фанни таълимие мебошад, ки донишҷӯёнро бо омӯзонидани ягонакунии системаи ҳуҷҷатгузорӣ, ҷори кардани системаи ягонаи коргузорӣ, ташкили гардиши ҳуҷҷатҳо, усулҳои ҳозиразамонии қабул ва фиристонидани ҳуҷҷатҳо, тартиб додани ҳуҷҷатҳои хизматӣ нигаронида шудааст.

  • Практикум оид ба декларатсиякунонии молу воситаҳои нақлиёт – фанни таълимӣ аст, ки ба донишҷӯён омӯзонидани шаклҳои деклоратсия кардани мол ва воситаҳои нақлиёт барои мақсадҳои гумрукӣ, тартиби махсуси декларатсияи мол ва воситаҳои нақлиёт, иҷозати мол, амалҳои шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳангоми қабул, назорат ва иҷозати ДГБ нигаронида шудааст. Бояд қайд кард, ки ҳангоми омӯзиши ин фан донишҷӯён бо қоидаҳои пур кардани сутунҳои ДГБ аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти гумрук, хусусиятҳои декларатсия кардани категорияҳои алоҳидаи молҳо вобаста ба хосият, таъинот ва кишварҳои истеҳсолкунандаи мол шинос мешаванд.

  • Бехатарии иқтисодӣ – омӯзиши фанни мазкур зарурияти хоса дорад, чунки он бо бехатарии иқтисодии давлат вобаста мебошад. Дар фанни мазкур ба донишҷӯён таснифи бехатарии иқтисодии мамлакат, мафҳуми “хатар” ва “бехатарӣ” дар замони муосир, бехатарии иқтисодӣ дар низоми амнияти миллии мамлакат, хатари иқтисодии дохилӣ ва беруна, самтҳои асосии таъмини бехатарӣ дар хоҷагии миллӣ омӯзонида мешаванд. Ғайр аз ин дар фанни мазкур таъмини бехатарии иқтисодӣ дар хоҷагии миллии Тоҷикистон таҳлил карда мешавад. Умуман азхуд намудани фанни бехатарии иқтисодӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти калонро пайдо мекунад.

  • Ташкили мубориза алайҳи вайронкуниҳои қоидаҳои гумрукӣ ва қочоқ – фанни таълимие мебошад, ки дар он моҳият ва намудҳои гуногуни вайронкуниҳои ҳуқуқи гумрукӣ, намудҳо ва субъектҳои қочоқ ва дигар ҷиноятҳо дар доираи фаъолияти гумрукӣ, иҷро намудани қарорҳо оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо омӯзонида мешаванд.

  • Танзими гумрукию тарифии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва арзиши гумрукӣ – моҳияти фанни мазкур дар он мебошад, ки донишҷӯён бо мақсад, самтҳои асосӣ ва усулҳои танзими гумрукию таърифии ФИХ, проблемаҳои ҳуқуқии таъмини танзими гумрукию тарифӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши гумрукии мол, боҷ ҳамчун олоти танзими гумрукию тарифӣ шинос мешаванд.

  • Асосҳои воситаҳои техникии назорати гумрукӣ – омӯзиши он барои донишҷӯёни ихтисосӣ хадамоти гумрук хеле зарур мебошад. Дар ин фан донишҷӯёнро бо нақшу мавқеи воситаҳои техникии назорати гумрукӣ дар фаъолияти мақомоти гумрук, воситаҳои техникие, ки барои ҳалли вазифаҳои оперативии назорати гумрукӣ истифода мешаванд, таснифоти воситаҳои техникии назорати гумрукӣ ва принсипҳои истифодабарии онҳо омӯзонида мешаванд.

  • Низоми танзими ғайритарифии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ – фанни таълимие мебошад, ки ба донишҷӯён омӯзонидани системаи чораҳои ғайритарифӣ дар тиҷорати хориҷӣ, литсензиякунонӣ ва квотакунонӣ дар соҳаи тиҷорати хориҷии молҳо, намудҳои литсензия ва квота, тартиби иҷозатномавии интиқоли категорияҳои алоҳидаи мол тавассути сарҳади гумрукии ҶТ, тартиби ба қаламрави гумрукии ҶТ ворид намудан ва аз ин қаламрав содир кардани маҳсулоти дорои таъиноти ҳарбӣ нигаронида шудааст.

  • Барасмиятдарории гумрукӣ ва назорат дар гардиши ғайрисавдо – фанни талимиест, ки донишҷӯёнро бо тартиби иҷозатномавии интиқолӣ намудҳои алоҳидаи мол тавассути сарҳати гумрукии ҶТ аз ҷониби шахсони воқеӣ, интиқоли мол аз тарафи категорияҳои алоҳидаи шахсони хориҷӣ, назорати гумрукии пул ва арзишҳои пулие, ки тавассути сарҳади гумрукии ҶТ аз ҷониби шахсони воқеӣ интиқол дода мешаванд, тартиби ба расмиятдарории гумрукии моли ба сифати кӯмаки башардӯстона ба ҳудуди гумрукии ҶТ воридшаванда омӯзонида мешаванд. Аз ҳамин сабаб омӯхтани фанни мазкур барои мутахассисони мақомоти гумрук зарур мебошад.

  • Инфраструктураи гумрукӣ – дар фанни «Инфраструктураи гумрукӣ» моҳият ва вазифаҳои инфраструктураи гумрукӣ, нақши он дар инкишофи фаъолияти гумрук, намудҳои инфрасохтори гумрукӣ, инфраструктураи истеҳсолӣ, техникӣ ва иҷтимоӣ, баҳодиҳии самаранокии объектҳои инфраструктураи гумрукӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода мешаванд.

  • Низомҳои гумрукӣ – фанни таълимиест, ки дар он ба донишҷӯён намудҳои низомҳои гумрукӣ, тартиби интихоб ва тағйир додани он, тартиби арзкунӣ ва анҷоми амали низоми гумрукӣ, низоми гумрукии содирот, низоми гумрукии иқтисодӣ, коркард барои муомилоти озод омӯхта мешавад. Фанни мазкур ва азхуднамоии он ба мутахассисони оянда имкон медиҳад, ки низомҳои гумрукии воридоти муваққатӣ, анбори гумрукӣ, минтақаи озоди гумрукӣ, хотимавӣ ва реэкспортро ба амал бароварда тавонанд.

  • Номгуи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ – фанни таълимие мебошад, ки ба донишҷӯён омӯзонидани таъинот ва соҳаи истифодабарии номгуи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё, сохтори номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии ИИАО, қоидаҳои асосии шарҳ додани номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии ИИАО нигаронида шудааст.

  • Ташкил ва идоракунӣ дар мақомоти гумрук – яке аз қисмҳои асосии илмҳои иқтисодӣ буда, ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки мафҳуми идоракунӣ, субъект ва объектҳои идоракунӣ, принсипҳо, вазифаҳо ва усулҳои идоракунӣ, ташкили раванди идоракунӣ дар системаи мақомоти гумрук, ташкили фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро омӯзанд ва таҳлил намоянд.

  • Таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ дар мақомоти гумрук – фанни таълимие мебошад, ки мақсади асосии омӯзиши он шинос намудани донишҷӯён бо аҳамият ва вазифаҳои таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти гумрук мебошад. Фанни мазкур усулу равишҳои таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, усулҳои ҳисобкунии таъсири омилҳо ба фаъолияти молиявию хоҷагидориро меомӯзад, ки он дар муайян намудани захираҳои оқилона истифода бурдани маблағҳои молиявӣ хеле зарур мебошад.

Department Staff