Сабти навори видео дар "facebook.com"

Рӯзи 27 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шурои олимон доир гардид, ки дар он ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.в

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, маърузаи ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДДМИТ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 шунида шуд, ки фарогири фаъолияти тамоми ҷабҳаҳои донишгоҳ дар муддати соли ҳисоботӣ буд.

Ректор дар бораи натиҷаҳои фаъолияти яксолаи таълимгоҳ муфассал суханронӣ карда, барои соли 2026 вазифаҳоро муқаррар ва масъулини соҳаҳои дахлдорро муваззаф кард.

Дар баромади Бобоҷон Сатторзода ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти сохторҳо ҳамаҷониба таҳлил ва нисбати беҳбудӣ бахшидан дар самти корҳои таълимию методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, робитаҳои байналмилалӣ, ташкилию тарбиявӣ ва маъмурию хоҷагӣ андешаҳои ҷолиб иброз гардид.

Нахуст, ректор дар бораи дастовардҳои соли сипаригардида иброз дошт, ки ДДМИТ дар соли 2025 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём, мулоқот бо кормандони соҳаи маориф ва аҳли эҷоди мамлакат, эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” фаъолияти худро ба роҳ монда, тавассути татбиқи сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои миллат ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ки эътибори донишгоҳро баланд менамояд.

Ба таъкиди ректор, нуқтаҳои зерин ҳамчун ҷузъе аз дастовардҳои ҳайати профессорон ва устодону кормандони донишгоҳ дар соли 2025 ба ҳисоб меравад:

- Раёсати ДДМИТ бо мақсади самаранок ба роҳ мондани фаъолияти минбаъдаи донишгоҳ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори идоракунии донишгоҳро таҷдиди назар намуда, дар шакли нав онро тасдиқ намуд;

- бо мақсади эътироф гардидани фаъолият ДДМИТ ба сифати муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 5 соли оянда соҳиби “Шаҳодатнома” дар бораи аккредитатсияи давлатӣ гардид;

таҳия ва тасдиқи «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030», ки дар он афзалият ва самтҳои асосии рушди донишгоҳ барои давраи миёнамуҳлат муайян карда шудааст;

ҷалби устодон ба курсҳои бозомузӣ, омӯзишӣ ва такмили ихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, тибқи нақшаи дурнамо 15 нафар устодон сафарбар карда шудаанд;

- боиси ифтихор аст, ки дар соли 2025 82 нафар донишҷӯён ва магистрантон донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуданд;

- бо мақсади ташкили раванди таълим ва таъмини методии ҷараёни таълим дар соли 2025 барои 15 ихтисоси бакалаври шакли таҳсили рӯзона, 7 ихтисоси таҳсилоти фосилавӣ, 5 ихтисоси магистратура ва 2 ихтисоси докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) нақшаи нави таълим ва барномаҳои нави таҳсилотии ба талаботҳои стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ таҳия гардида, аз оғози соли таҳсили 2026-2027 мавриди истифода қарор мегирад;

- дар соли 2025 донишгоҳ ташкилкунандаи озмуни ҷумҳуриявӣ “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Беҳтарин барномасоз” ва аввалин маротиба озмуни “Маърифат ва амнияти молиявӣ” миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат гардид, ки бешубҳа, барои боло бурдани сифати таълим бетаъсир намемонад.

Дар баробари пешравиҳои фаъолияти меҳнатӣ ректор, инчунин, аз баъзе камбудиҳое ёдовар шуд, ки барои рушди таълимгоҳ монеа эҷод менамоянд, ба мисли давомоти нокифояи баъзе аз устодону донишҷӯён, ташрифоварӣ ба машғулиятҳои ҳамдигар, раҳнамунсозӣ ба озмуну олимпиада ва гирифтани стипендия, камбудиҳо дар самти шогиртайёркунӣ, сифати пасти маҳорати илмию эҷодӣ ва норасоӣ дар фаъолияти кории бархе аз кураторон эрод гирифта шуд ва барои ислоҳи камбудиҳо масъулин муваззаф гардиданд.

Дар ҷамъбасти масъалаҳои мазкур Саидакмал Мирсаидов, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, София Темурбекова, декани факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, Хуршед Давлатов, мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва Нилуфар Ақдодова, ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ дар музокира иштирок ва фаъолияти яксолаи донишгоҳро қаноатбахш арзёбӣ намуда, аз корҳои анҷомдодаи раёсати таълимгоҳ ва дастгирии ҷавонон изҳори қаноатмандӣ намуданд ва дар ин баробар, барои пешравии фаъолияти минбаъда фикру мулоҳизаҳои мушаххас пешниҳод карданд.

Баъд аз ин ректори донишгоҳ Бобоҷон Сатторзода дар бораи қадрдонӣ ва сарфарознамоии устодону кормандон сухан карда, барои дастовардҳои бенуқсон дар фаъолияти корӣ дар самти таълим, илм, робитаҳои байналмилалӣ, тарбия, хоҷагӣ ва тиббӣ ба беҳтаринҳо - Д. Муродов, Э. Шералӣ, А. Ҳомидов, Н. Умарзода, Ф. Убайдуллоев, Ҷ. Ҷангиев, А. Мирзозода, П. Орзузода, Ш. Саломиён, М. Файзализода, Ҳ. Саъдиев, С. Раҷабов, И. Ҷумаев, Н. Нусратуллозода, М. Ҳакимова, С. Холиқов, Х. Холмуродов, М. Абдуллоев, Г. Хоҷахонова ва Ш. Мирзоева Сипосномаи Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи донишгоҳро тақдим намуд.

Дар ҷамъбаст ректори таълимгоҳ аҳли толорро бо арафаи Соли нави мелодӣ табрик ва ба ҳозирин саломатӣ, рӯзгори обод ва дастовардҳои навро таманно намуда, дар соли 2026 фаъолияти аз ин ҳам пурмаҳсул ва масъулиятшиносиро таманно кард.

 

Наврӯз ҶОБИРОВ