ТАМОШОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Санаи 16 декабри соли 2025 Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баргузор гардид.
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон тамошои дастҷамъонаи пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ дар толорҳои фарҳангӣ, таълимӣ ва толорҳои хониш иштирок намуданд.
Масъалаҳои дар Паём дарҷшуда дастуру роҳнамои кормандони донишгоҳ буда, баҳри беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти корӣ равона карда мешавад. Пешвои миллат дар қатори дигар масъалаҳо, инчунин таъкид намуданд, ки “ Бинобар ин, мо бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем.
Ба ин мақсад, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030- ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил диҳад.
Соли 2019 дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шуда буд, ки аз он замон шаш сол сипарӣ гардид”.
Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас муайян менамоянд.
Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ инъикосгари воқеии ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат буда, дар он вазъи ҷорӣ ва дурнамои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, имкониятҳои иқтисодиву молиявии давлат ҷиҳати иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда, фаъолияти бонизом ва муназзами мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идоракунӣ ва ҷамъиятӣ, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар мавриди таҳлили Сарвари давлат қарор дода шуданд.
Тавре зикр гардид, Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Кумитаи андоз вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати гузариши пурра ба раванди рақамии идораи молияи давлатӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ дар ҳамаи субъектҳои хоҷагидор, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, корбарӣ намоянд.
Аз ин хотир, дар Паёми имсолаи хеш Президенти кишвар доир ба самтҳои асосии фаъолияти маориф, қабули стратегия, афзоиши хонандагон, маоши омӯзгорон суханронӣ намуда, доир ба таъмини сулҳу субот ва оромии кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Eng
Тоҷ
Рус