ДАРСИ ПРОФЕССОРИ ҶОПОНӢ ДАР БОРАИ ИҚТИСОДИ МАҲАЛЛӢ ВА МУШКИЛОТИ ҶОМЕА
Рӯзи 12-уми декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар доираи «Барномаи ҷопоншиносӣ» бо иштироки сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон Фурута Кэйко, роҳбари намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон Имайи Сейҷу, профессори ҷопонӣ Курракава Киёото чорабинии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Иқтисоди маҳаллӣ ва мушкилот дар ҷомеаи пиршаванда. Барномаи эҳё ва тавсеаи маҳаллӣ дар Ҷопон» гузаронида шуд.
Нахуст, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор аз муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Ҷопон дар тули се даҳсола, ки ба сатҳи шарикии устувор ва эътимоднок расидааст, сухан ронда, илова кард, ки Ҷопон дар бахшҳои муҳими мавҷҳои рушду тағйироти иқтисодиву иҷтимоии мамлакати мо ҳамчун кишвари дӯсту шарик қарор дорад.
Раёсати донишгоҳ аз ташаккули ҳамкориҳо бо ширкатҳои ҷопонӣ, махсусан, Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) изҳори хушнудӣ намуда, дар оянда ҷиҳати густариши муносибатҳои илмиву таълимӣ, омӯзиши таҷрибаҳои ҳамдигарӣ, роҳандозии лоиҳаҳои рушд ҳамкориҳоро самаранок ба роҳ мемонад. Донишгоҳ дорои шароитҳои муосири илмиву таълимӣ буда, ҷиҳати самаранокии фаъолияти худ аз технологияҳои навтарини низоми таълим васеъ истифода менамояд.
Бо назардошти саҳми бузурги JICA, ҳузури мутахассисони ҷопонӣ ва рушди ҳамкориҳои илмӣ, Сатторзода Бобоҷон пешниҳод намуд, ки намояндагии Маркази ҷопоншиносӣ дар ДДМИТ таъсис дода шуда, самтҳои асосии фаъолияти он ба масъалаҳои зерин бояд равона карда шаванд.
- омӯзиши забони ҷопонӣ барои омӯзгорону донишҷӯён;
- ташкили маркази таҳқиқотии «Иқтисоди Ҷопон ва моделҳои муваффақи идоранамоии он»;
- ҳамоҳангсозии иштироки донишҷӯён дар барномаҳои Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA);
- дар доираи амалинамоии рушди ҳадафҳои энергияи энергияи сабз дар Тоҷикистон ҷиҳати самаранок истифода бурдани технологияи муосири таълимӣ таъмин намудани донишгоҳ ба панелҳои барқии офтобии истеҳсоли Ҷопон;
- дастрас намудани намунаҳои ёдгориҳои таърихиву сайёҳии ҷопон ба осорхонаи донишгоҳ;
- сафарбарии омӯзгорону донишҷӯёни ДДМИТ ба кишвари Ҷопон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи илмиву таълимӣ, инноватсиониву технологӣ ва иқтисодию истеҳсолии Ҷопон;
- инкубатори барномаҳои муштараки иқтисодӣ, рақамӣ ва инноватсионӣ.
Дар идома, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон Фурута Кэйко қайд кард, ки Ҷопон ҳамчун дӯсти хуби Тоҷикистон дар тули се даҳсола аз замони таъсисёбии муносибатҳои дипломатиро ба мардуми тоҷик ба роҳ монда, дар соҳаҳои гуногун кумак мерасонад. Cоҳаи маориф ва тандурустӣ аз муҳимтарин соҳаҳои ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ҷопон ба шумор мераванд.
Инчунин, роҳбари намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон Имайи Сейҷу иттилоъ дод, ки JICA як созмони давлатист ва ба рушди кишварҳои рӯ ба инкишоф тавассути ёрии техникӣ, маблағгузорӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар Тоҷикистон кумак мерасонад.
JICA ҳамкории техникии худро бо Тоҷикистон соли 1993 оғоз карда, дафтари худро дар Тоҷикистон соли 2006 кушод ва аз он вақт инҷониб, лоиҳаҳои гуногуни грантии кумаки молиявӣ ва ҳамкории техникӣ дар бахшҳои гуногунро амалӣ менамояд.
Аз рӯи маълумоти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA), аз соли 1993 то имрӯз беш аз 2550 нафар мутахассисони тоҷик дар курсҳои омӯзишии Ҷопон иштирок карда, дониш ва таҷрибаи худро ташаккул дода, дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат фаъолият намуда истодаанд. Танҳо дар соли 2022, 59 нафар дар барномаҳои омӯзишӣ ширкат варзиданд. Ин рақамҳо шаҳодати равшани онанд, ки ҳамкорӣ дар самтҳои илму маориф яке аз сутунҳои устувори муносибатҳои ду кишвар гардидааст.
JICA дар Тоҷикистон беш аз 49 лоиҳаи бузурги рушдро амалӣ намудааст, ки ҳаҷми умумии сармоягузорӣ зиёда аз 427 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳо бахшҳои калидиро ба монанди беҳсозии роҳҳо, системаҳои обтаъминкунӣ, тандурустӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ ва рушди кадрҳо дар бар мегирад.
Профессори Донишгоҳи Ритсумейкани Осиё ва Уқёнуси Ором Курракава Киёото ба устодону донишгоҳи ДДМИТ дар мавзуи «Иқтисоди маҳаллӣ ва мушкилот дар ҷомеаи пиршаванда. Барномаи эҳё ва тавсеаи маҳаллӣ дар Ҷопон» маъруза хонд.
Номбурда дар бораи эҳёи шаҳрҳои маҳаллӣ, саҳмгузории ширкатҳо ба рушди ҷомеа, рушди бахши хусусӣ, иқтисоди минтақавӣ ва банақшагирии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ибрози андеша кард.
Ба андешаи профессор, мушкилоти бузурге, ки волидон дар тарбияи фарзандон дучор меоянд: набудани вақт, ба кӯдакон омӯзонидани арзишҳои асосии ахлоқӣ, ҳаёти номутаносиб, беэътимод ва фаҳмиш, норасоии ғизо, истифодаи аз ҳад зиёди телефонҳо, рафтори хашмгинона, муносибати доварӣ, фишори аз ҳад зиёди таҳсил, ҳифзи кӯдакон аз зӯроварии дигар кӯдакон мебошад.
- Дар Ҷопон ҳар як ноҳия созмоне дорад, ки аз ҷониби сокинони маҳаллӣ Чонайкай ё Ҷичикай ном дорад (маънояш ассотсиатсияи ҳамсоягӣ ё ассотсиатсияи сокинон мебошад), ки машқҳои пешгирии офатҳои табиӣ ва барои беҳтар кардани ҳар як ҷомеаи маҳаллӣ чорабиниҳои гуногун мегузаронад.
Азбаски ассотсиатсияҳои маҳаллаҳо фаъолияти худидоракунанда мебошанд, аз ҷониби сокинони маҳаллӣ амалӣ мешаванд, фаъолияти онҳо вобаста ба минтақа фарқ мекунад.
Ба андешаи профессор, барои пиронсолон муҳим аст, ки саломатии худро ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам рӯҳӣ нигоҳ доранд. Онҳо танҳоиро дуруст мефаҳманд, сипас суҳбат мекунанд ва як мавзуъро мубодила мекунанд.
Афзоиши сарват, саломатӣ ва сатҳи зиндагӣ маънои онро дорад, ки шаҳрвандони он давлат метавонанд аз умри бознишастагӣ назар ба наслҳои пешин бархурдор шаванд.
Дар охири дарс саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт.
Наврӯз Ҷобиров
Eng
Тоҷ
Рус