Рӯзи 12-уми декабри соли равон як гурӯҳ намояндагони Ҷумҳурии Ҷопон - Сафири фавқулода ва мухтори ин кишвар дар Тоҷикистон Фурута Кэйко, роҳбари намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон Имайи Сейҷу ва профессор Курракава Киёото ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф оварданд.

Меҳмононро дар саҳни муассиса ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ва ҳайати профессориву омӯзгорӣ истиқбол гирифтанд.

Сипас, дар толори Шурои олимон мулоқоти ректори донишгоҳ бо ҳайати намояндагони Ҷопон доир гардид.

Нахуст, Сатторзода Бобоҷон ташрифи намояндагони ин кишвари дӯстро хайрамақдам гуфта, аз тақвияти ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо изҳори умедворӣ намуд.

Ҳамчунин, таъкид кард, ки имрӯз оғози марҳилаи нави ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) фаро расидааст. Бояд ин фурсадро самаранок ва ба фоидаи ҳарду ҷониб истифода намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.

Ректори донишгоҳ зимни суханронии худ иброз дошт, ки “Боварӣ дорем, ки мулоқоти имрӯзаи мо заминаи муҳиме дар рушду ташаккули ҳамкориҳои минбаъдаамон хоҳад шуд. Зеро кишвари дӯсту бародари Ҷопон яке аз кишварҳои ёрирасон ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои муосир дар бахшҳои мухталифи хоҷагии халқи Тоҷикистон мебошад”.

Лозим ба қайд аст, ки бахши меҳварии ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопонро ин ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм, ташаккули неруи инсонӣ, рушди иқтидорҳои инноватсионӣ фаро мегирад.

Дар идомаи мулоқот Сатторзода Бобоҷон бобати имконияту шароитҳои мавҷудаи таълимии муассиса ба меҳмонон иттилоъ дод. Зикр гардид, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои омода намудани мутахассисони дорои донишу малакаи замонавӣ дар бозори меҳнат яке аз муассисаҳои пешрафтаи таҳсилоти олии кишвар ба ҳисоб меравад. Феълан, дар донишгоҳ бештар аз 8500 нафар донишҷӯ аз рӯи 51 ихтисос, ки дар бозори меҳнат талабот доранд, дар 7 факултет ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Таҳсил дар донишгоҳ дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва зинаи омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ба роҳ монда шудааст.

Барои омода намудани мутахассисони дорои донишу малакаи муосири касбӣ айни замон дар донишгоҳ 21 доктори илм, 145 номзади илм, 84 муаллими калон ва 153 ассистент фаъолияти илмӣ-таълимӣ доранд. Донишгоҳ дорои технологияи муосири таълимӣ, озмоишгоҳо, бонкҳои таълимӣ, лабораторияҳои муосир мебошад.

- Ин имкон медиҳад, ки мо ҳамкориҳоямонро ба сатҳи сифатан нав бароварда, дар роҳи расидан ба ҳадафҳоямон дастовардҳои назаррасро соҳиб шавем. Мо боварӣ дорем, ки ҷониби Шумо низ ба рушду тавсеаи ҳамкориҳоямон ҳавасманд буда, дар оянда бо ҳадафҳои наву самарабахш ин ҳамкориҳоро густариш медиҳед, - гуфт Сатторзода Бобоҷон.

Сипас, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон Фурута Кэйко сухан намуда, баҳри пазироии гарму самимии роҳбарият ва ҳайати профессориву омӯзгории Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард. Фурута Кэйко омодагии ҳамаҷонибаи сафоратро барои ҳамкорӣ бо донишгоҳ иброз намуда, таъкид дошт, ки мо метавонем дар татбиқи мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён ва омода намудани кадрҳои илмӣ ҳиссагузорӣ намоем.

- Тули 30 сол мешавад, ки Тоҷикистон бо Ҷопон ҳамкориҳои дӯстонаро ба роҳ мондааст. Пеш аз ҳама, марҳилаи муҳим дар ин равобит рушди инсонӣ ба ҳисоб меравад. Барои амалисозии неруи инсонӣ мехоҳем бо таҳкими мубодилаи донишҷӯён, ки то тавонанд аз таҳсили якдигар бархурдор гардида, ҷаҳонбинии хешро васеъ намоянд, дар ин самт муваффақ гардем. Зеро дар Ҷопон мардумони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд дар бораи Тоҷикистон, таҳсил ва тарзи зиндагонии ин кишвар маълумот пайдо намоянд. Дар муддати 11 моҳе, ки ман ҳамчун сафир баҳри пеш бурдани ҳамкориҳои фарҳангию иқтисодӣ фаъолият дорам, Тоҷикистонро чун кишвари дӯсту бародар дарёфтам, - афзуд сафир.

Роҳбари намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон Имайи Сейҷу низ дар ибтидо хушнудии худро аз пазироиш дар донишгоҳ баён кард. Ҳамчунин, ӯ зарурати густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар заминаи имкониятҳои таълимиву илмӣ, омодасозии мутахассисони ҷавони дорои донишу малакаи хуби касбӣ, фароҳам овардани имкониятҳои худташаккулдиҳии донишҷӯён, равона намудани мутахассисони ҷавон ба истеҳсолот ҳамчун неруи фаъоли иқтисодӣ таъкид дошт.

Номбуда аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Акиҳико Танакар, ки 31 августи соли 2023 сурат гирифтааст, ёдовар шуд. Зеро маҳз дар ҷараёни ин мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории ҷонибҳо дар бахшҳои гуногун, хусусан барои мусоидат дар бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ изҳори қаноатмандӣ карда буданд.

- Мо низ барои идомаи ҳамкорӣ дар самтҳои дигари афзалиятнок ва амалисозии ҳадафҳои стратегии давлати мо дар доираи Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) тасмим гирифтем, ки дар моҳи феврали соли 2026 11 нафар олимони тоҷикро, ки дар ин миён устодони ДДМИТ низ ҳастанд барои мубодила ба Ҷопон равона намоем.

Ба андешаи баромадкунанда, Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) бо Тоҷикистон дар самтҳои татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ, логистикӣ, саноатӣ, муҳити зист, илму маориф, гуманитарӣ ва тақвияти зарфияти инсонӣ робитаро ба роҳ мондааст. Инчунин, аз ҳамкорӣ дар бахшҳои таълим, илм ва технология сухан ронда шуд.

Дар интиҳои мулоқот аз ҷониби ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар идома меҳмонон аз озмоишгоҳҳо, лабораторияҳо, синфхонаҳои таълимӣ, китобхонаи илмиву электронӣ ва дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ дидан карда, вобаста ба шароитҳои мавҷудаи муассиса маълумоти дақиқ пайдо намуданд.

Наврӯз ҶОБИРОВ