Фанатизм ягона намуди ирода аст, ки метавонад ба афроди иродаашон заиф дода шавад.

Фридрих Нитсше

Фанатизм - яке аз амалҳои мураккаб ва дардовар дар таърихи инсоният аст, ки дар тули асрҳо боиси хунрезӣ, ҷангҳо ва тақсимоти амиқи ҷомеаҳо гардидааст. Фанатизм бемории равонӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар натиҷаи нотавон будан дар қабули гуногунӣ, тарс ва надоштани донишу маърифат ба вуҷуд меояд.

Вожаи “фанатизм” калимаи лотинии “fenum” - маъбад, қурбонгоҳ буда, дар аввал ба ибодаткунандагони аз ҳад зиёди як маъбади муайян ишора мекард. Вале бо гузашти вақт маънои васеъро дар бар гирифт, ки ифодакунандаи содиқӣ ва пайравии бечунучаро ба як идея, эътиқод, дин, шахсият ё ҳаракати муайян аст, ки бо нобиноӣ, розӣ нашудан ба ақидаҳои дигар ва омодагӣ ба истифодаи зӯроварӣ барои ҳимояи мавқеъ ва ақидаи худ ҳамроҳ шуд. Ин ҳолати равонии иҷтимоӣ бо паст шудани шуури одамон, афзалияти як идея ва ҷудо кардани ҷаҳон ба “дӯстон” ва “душманон” тавсиф мешавад.

Фанатизм шаклҳои гуногунро дар бар мегирад, аз ҷумла: фанатизми динӣ, фанатизми сиёсӣ ва фанатизми варзишӣ..

Фанатизми динӣ яке аз қадимтарин ва хатарноктарин шаклҳои фанатизм ба шумор меравад. Он бо боварии ҳақиқати динии худ ва радди ҳама эътиқодҳои дигар зоҳир мегардад. Таърих пур аз мисолҳои фанатизми ин соҳа мебошад. Яке аз чунин мисолҳо, ин “Ҷангҳои салибӣ” мебошанд, ки дар асрҳои гузашта ба вуқуъ омада, бо даъвои озод кардани “Замини муқаддас” боиси харобиҳои бузург ва қурбониёни зиёд байни мусулмонон ва масеҳиён гардид. Дар ин ҷангҳо ҳазорон одамон ба қатл расида, мероси бузурги фарҳангӣ аз байн рафт.

Ба мисли ин ҳодиса дар асри ХХ фанатизми нажодпарастии фашистон - Ҳолокост (1939-1945) дар Олмон ба амал омад, ки боиси марги тақрибан 6 миллион яҳудӣ ва миллионҳо нафар аз гурӯҳҳои этникӣ ва сиёсӣ гардид. Ин фоҷиаи бузургтарин далели он аст, ки фанатизм ҳатто дар замони муосир метавонад ба шаклҳои даҳшатноки нобудшавии оммавӣ, яъне геносид мубаддал гардад.

Фанатизм аксар вақт ҳамчун роҳкушои экстремизм ва терорризм амал мекунад. Дар асри ХХl он дар шакли терроризми байналмилалӣ зоҳир мегардад. Гузоришҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки амалҳои зиёди гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳон бо фанатизми динӣ ё сиёсӣ алоқаманд аст. Мақсади асосии ин гурӯҳҳо на танҳо несту нобуд кардани “душман”, балки ҷалби бештари пайравони нав тавассути тарғиби шадид мебошад. Мисоли ин, таърихи рӯйдоди 11-уми сентябри 2001 дар ИМА мебошад, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои террористии гурӯҳи фанатикии “Ал-Қоида” тақрибан 3000 нафар кушта шуд. Ин ҳодиса возеҳ нишон медиҳад, ки чӣ гуна эътиқоди тундравона метавонад боиси оқибатҳои фалокатбор гардад.

Фанатизми сиёсӣ ба пайравии як идеологияи сиёсӣ асос ёфтааст. Фанатики сиёсӣ бовар дорад, ки танҳо ӯ ҳақиқати дурустро медонад. Қарорҳои вай на дар асоси далелҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ё иҷтимоӣ, балки дар эҳсосоти қавӣ гирифта мешавад. Ҳар касе, ки бо ин гуна шахс мухолиф мебарояд, на танҳо “хатокор”, ҳатто “душман” ё “хиёнаткор” ҳам ҳисобида мешавад. Мисоли дар боло овардашуда “Ҳолокост” низ яке аз воқеаҳои таърихии фанатизми сиёсӣ-идеологӣ мебошад.

Фанатизми варзишӣ он қадар хатарнок нест, вале он низ метавонад ба зӯроварӣ ва оқибатҳои фалокатбор оварда расонад. Дар зӯроварии мухлисони варзишӣ ва муноқишаҳои онҳо аксар вақт ҳодисаҳои ҷароҳатбардорӣ ва ҳатто марг ба қайд гирифта мешавад. Ин далели он аст, ки фанатизм метавонад дар ҳама соҳаҳо зоҳир гардад.

Таъсири фанатизм дар ҷомеа хеле назаррас аст. Фанатикҳо одамонро ба дурӯғу рост, некию бадӣ, худию бегона ҷудо мекунанд, ки ин тақсимотҳо ба таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ҳар касе, ки фикру ақидаи дигар дорад, оварда мерасонад. Ин тақсимотҳо эътимоди байни гурӯҳҳои иҷтимоиро коҳиш дода, боиси ихтилофоти фарҳангӣ ва нажодпарастӣ мегардад. Дар натиҷа, фазои гуфтугӯи солим аз байн рафта, ҷои онро хусумату бадбинӣ мегирад, ки ин монеаи рушди маънавии ҷомеа мегардад. Чунин вазъият на танҳо суботи иҷтимоиро халалдор мекунад, балки метавонад заминаро барои пайдоиши низоъҳои шадид ва ҳолатҳои дар боло қайдшуда фароҳам оварад. Бинобар ин, роҳи муқовимат ба ин амали харобиовар тарғиби илму маърифат ва ташаккули тафаккур дар байни одамон, хусусан, насли ҷавон мебошад.

Фанатизм балои тамоми замонҳо аст, зеро он дар асл рад кардани инсоният ва ақли солим мебошад. То замоне ки инсон омода набошад, ҳақиқати дигаронро эҳтиром гузорад, ин амал ҳамчун хатари доимӣ ба сулҳу субот боқӣ хоҳад монд. Ягона роҳи пешгирӣ аз ин бало, рушди маърифат, тафаккур, илм ва фарҳанг мебошад. Танҳо дар ин ҳолат метавон аз ин беморӣ наҷот ёфт.

 

Нилгуна АБДУЛҲАҚОВА,

донишҷӯи курси 3-и ДДМИТ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат”