ОДАМРАБОӢ ВА МУБОРИЗА БО ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Одамрабоӣ яке аз хатарноктарин ҷиноятҳои ба ҳисоб меравад, ки ҳуқуқи асосии инсон, ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ва ҳам суботи амнияти ҷамъиятиро халалдор месозад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷинояткории фаромиллӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, савдои инсон ва фаъолияти гурӯҳҳои созмонёфта густариш меёбанд, хатари содиршавии одамрабоӣ низ хусусияти мураккабро касб кардааст. Барои кишварҳое чун Тоҷикистон, ки дар чорроҳаи равандҳои геополитикӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва амниятӣ қарор доранд, таҳкими механизмҳои мубориза бо одамрабоӣ ва таъмини ҳимояи ҳуқуқи инсон аҳамияти махсус дорад.
Одамрабоӣ дар паҳнои илмҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳамчун яке аз хатарноктарин ҷиноятҳои зидди озодии шахсият шинохта мешавад, ки дар шароити иҷтимоию сиёсии кишварҳои дар ҳоли рушди Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти хосса касб намудааст. Бо назардошти сохтори иҷтимоӣ, сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ, шуғл ва вазъи иқтисодии қишрҳои муайян, ин ҷиноят на танҳо хусусияти ҷиноятии инфиродӣ дорад, балки метавонад бо омилҳои мураккаби иҷтимоӣ ва иқтисодӣ пайванд ёбад.
Аз нигоҳи илми ҳуқуқи ҷиноятӣ, одамрабоӣ чунин амале мебошад, ки дар он шахс аз иродаи худ новобаста дур нигоҳ дошта мешавад, ба ҷои дигар интиқол дода мешавад ё имкони озод ҳаракат кардан аз ӯ гирифта мешавад. Дар ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла дар Конвенсияи СММ бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ (2000) ва Протоколи иловагӣ оид ба пешгирӣ ва ҷазодиҳии савдои инсон, одамрабоӣ ҳамчун амали қасдан рабудан, интиқол, пинҳон кардан ё қабул намудани шахс бо истифода аз зӯроварӣ, таҳдид ё фоида тасниф мешавад.
Одамрабоӣ ҳамчун ҷинояти иҷтимоӣ-иқтисодӣ буда, ба он маҷмуи омилҳои дохилӣ ва беруна таъсир мерасонад. Гурӯҳҳои ҷиноятии созмонёфта одамрабоёнро ҳамчун воситаи фишор, талаб намудани маблағ, истифода дар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ва ё савдои инсон истифода мебаранд.
Дар Тоҷикистон, ки дар солҳои охир равандҳои ҷаҳонишавӣ, муҳоҷирати оммавӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятии фаромиллӣ таъсири мустақим доранд, одамрабоӣ ҳамчун амали иҷтимоӣ бештар бо ҳолатҳои истифодаи шахс ҳамчун гарав, маҷбурсозии ӯ ба иҷрои амалҳои ғайриқонунӣ ё ҷалби иҷборӣ ба шабакаҳои ҷинояткории муташаккил монеаҳои нав эҷод мекунад. Аз нигоҳи ҳуқуқи миллӣ, асоси танзими одамрабоӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шудааст, ки тибқи он одамрабоӣ ҳамчун рабудани шахс бо истифодаи зӯроварӣ, таҳдид, фиреб, сӯистифода аз ҳолати нотавонӣ ё бо дигар шаклҳои маҷбурӣ бо мақсади нигоҳ доштани ғайриқонунии ҷабрдида таъриф мешавад. Ин меъёр ба таври равшан нишон медиҳад, ки қонунгузори миллӣ бо назардошти воқеияти иҷтимоиву фарҳангии кишвар, аз ҷумла эҳтимоли фиребхӯрии муҳоҷирон, ноболиғон ва занон, мафҳумро дар шакли нисбатан фарогир муқаррар намудааст.
Ин раванд дар санадҳои давлатӣ, аз ҷумла дар Стратегияи миллии муқовимат ба савдои одамон то соли 2025 таҷассум ёфта, зарурати беҳтар намудани ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, ҳамкории байналмилалӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳавӣ ва густариши корҳои профилактикӣ таъкид мешавад.
Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон ба як қатор созишномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи СММ зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва Протоколи Палермо ҳамроҳ аст, татбиқи амалии ин механизмҳо то ҳол бо мушкилоти инфрасохторӣ ва одамрасонӣ рӯ ба рӯ мебошад. Таҳлили ҳолати имрӯза нишон медиҳад, ки мубориза бо одамрабоӣ дар Тоҷикистон на танҳо масъалаи ҳуқуқӣ, балки масъалаи иҷтимоӣ, институтсионӣ ва фарҳангӣ низ мебошад, ки барои ҳалли он равиши маҷмуӣ зарур аст: аз такмили базаи қонунгузорӣ ва таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, махсусан, муҳоҷирон ва гурӯҳҳои осебпазир.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар самти муқовимат ба одамрабоӣ такмил ёфта, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда мешавад. Вобаста ба ин, омӯзиши илмии категорияи «одамрабоӣ», таҳлили хусусиятҳои ҳуқуқии он, арзёбии саҳми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мушкилоти амалии мубориза бо ин ҷиноят аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дорад.
Мубориза бо одамрабоӣ дар Тоҷикистон дар чанд сатҳ - қонунгузорӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ сурат мегирад.
Одамрабоӣ дар Тоҷикистон ҳамчун ҷинояти вазнин ва дорои хусусияти иҷтимоӣ-хатарнок нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таҳдиди ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Гарчанде қонунгузории миллӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ ва механизмҳои мубориза бо ин ҷиноят тақвият дода шудаанд, ҳанӯз ҳам мубориза бо одамрабоӣ бояд бо рӯҳияи нав ва стратегияҳои мукаммал пеш бурда шавад. Пешгирии самаранок, ҳамоҳангии сохторҳои давлатӣ, дастгирии институти ҷомеаи шаҳрвандӣ, эҳтироми ҳуқуқи қурбониён ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии коҳиши ин ҷиноят мебошанд.
Давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон бо ҳамкории ниҳодҳои байналмилалӣ метавонанд тавассути таҳкими қонунгузорӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҷалби кадрҳои баландихтисос дар таҳқиқи ҷиноятҳо, сатҳи амнияти инсон ва суботи иҷтимоиро дар мамлакат таъмин намоянд. Мубориза бо одамрабоӣ бояд ҳамчун вазифаи миллии ҳар як шаҳрванди кишвар ва як унсури муҳими сиёсати давлатӣ боқӣ монад.
Раҳимова Азима Валиевна,
устоди ДДМИТ
Eng
Тоҷ
Рус