Маълумотнома
Маълумотнома
оид ба гузаронидани ихтисосҳои донишгоҳ аз Аккредитатсияи
байналмилалӣ
Дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
санаи 19-ум то 21-уми июни соли 2024 Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ то сол 2029 гузаронида шуд
Ёдовар мешавем, ки аккредитатсияи институтсионалӣ сифати муассисаи
таълимиро мувофиқи мақоми эълоншуда арзёбӣ ва фаъолияти илмии муассисаи таълимӣ
баҳогузорӣ карда мешавад. Аккредитатсия аз ҷониби Агентии мустақил оид ба таъмини
сифати таҳсилот (IQAA), ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойгир аст, гузаронида шуд. Ҳадафи
ин агентии мустақил мусоидат ба баланд бардоштани сифати фаъолияти муассисаҳои таълимӣ,
рақобатпазирии онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ тавассути рушди сифат мебошад.
IQAA фаъолияти худро барои қонеъ кардани ниёзҳои ҳамаи ҷонибҳои
манфиатдор - ҳам донишҷӯён, волидони онҳо, кормандони илмӣ ва ташкилотҳои таълимӣ,
мақомоти давлатӣ, ҷомеа ва умуман, корфармоён равона мекунад. Стандартҳои аккредитатсияи
IQAA мутобиқи «Стандартҳо ва дастурамал оид ба кафолати сифат дар минтақаи аврупоии
таҳсилоти олӣ (ESG)» таҳия шудаанд ва барои таъмини кафолати дохилии сифати муассисаҳои
таълимӣ пешбинӣ шудаанд. Тартиби аккредитатсия, инчунин меъёрҳои давлатӣ ва стандартҳои
байналмилалиро ба инобат мегирад.
Дар раванди аккредитатсия коршиносон раванди таълим, корҳои илмиву
тадқиқотӣ, тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ, вазъи моддиву техникии раванди таълим,
фаъолияти хоҷагидорӣ ва вазъи биноҳои таълимиву хобгоҳҳоро мавриди санҷиш қарор
дода, донишгоњ аз аккредитатсия инсттутсионалї ба муҳлати 5 соли оянда гузашт.

Тоҷ
Рус
Eng