Маълумотномаи кафедра

Таърихи кафедра

Кафедраи иқтисодиёти сабз ва захираҳои табиӣ дар асоси Фармоиши Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани кафедраҳо дар зерсохторҳои таркибии факултетҳо ва мансуб намудани равияю ихтисосҳо ба онҳо» соли 2026 дар сохтори факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ таъсис дода шудааст. Дар асоси фармоиш ба кафедраи мазкур ихтисосҳои 1-25010734 - иқтисодиёти сабз ва 1-250102 - иқтисодиёт вобаста карда шудаанд.

Дар шароити муосир рушди иқтисоди миллӣ ба равандҳои ҷаҳонии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ, тағйирёбии иқлим, афзоиши талабот ба захираҳои табиӣ, рушди босуръати технологияҳо ва зарурати гузариш ба модели рушди устувор вобастагии бештар пайдо намуда истодааст. Дар чунин вазъият зарурати омодасозии мутахассисонеро ба миён меорад, ки дорои донишҳои муосири иқтисодӣ, қобилияти таҳлил ва арзёбии равандҳои иқтисодӣ, малакаи қабули қарорҳои асоснок ва дарки масъулияти иҷтимоиву экологӣ бошанд.

Зарурати таъсиси кафедраи иқтисодиёти сабз ва захираҳои табиӣ аз талаботи рӯзафзуни бозори меҳнат ба мутахассисони дорои донишҳои муосири иқтисодӣ ва малакаҳои байнисоҳавӣ бармеояд. Чунин мутахассисон бояд тавонанд равандҳои иқтисодиро дар робита бо истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди технологияҳои инноватсионӣ ва таъмини рушди устувор таҳлил ва арзёбӣ намуда, барои ҳалли масъалаҳои муосири иқтисодӣ қарорҳои асоснок пешниҳод намоянд.

Аз ин лиҳоз, таъсиси кафедраи мазкур дар шароити ҳозира аҳаммияти муҳим пайдо намуда, барои таҳкими иқтидори таълимӣ, методӣ ва илмӣ, баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон, инчунин ташаккули заминаи кадрӣ барои рушди иқтисодиёти рақобатпазир, инноватсионӣ ва устувор мусоидат менамояд.


Фанҳои таълимӣ

ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ ВА ЗАХИРАҲОИ ТАБИӢ

1. Муқаддимаи ихтисос

Муқаддимаи ихтисос - фанни шиносоӣ буда, ба ташаккули тасаввуроти ибтидоӣ ва системавии донишҷӯ дар бораи ихтисоси «иқтисодиёти сабз», мазмуну моҳияти он, самтҳои асосии фаъолияти касбӣ ва нақши мутахассиси соҳаи иқтисодиёти сабз равона карда мешавад. Дар доираи фанни мазкур мафҳумҳои асосии иқтисодиёти сабз, рушди устувор, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, технологияҳои сабз ва гузариш ба иқтисодиёти камкарбон дар сатҳи умумӣ баррасӣ мешаванд. Ҳамчунин сохтор ва самтҳои фаъолияти иқтисодиёти сабз, касбҳои марбут ба ин соҳа, талаботи муосир ба мутахассисон, имкониятҳои фаъолияти касбӣ ва нақши иқтисодчии дорои тахассуси иқтисодиёти сабз дар рушди устувори иқтисоди миллӣ омӯхта мешаванд.

2. Иқтисодиёти сабз

Фанни «Иқтисодиёти сабз» принсипҳо, механизмҳо ва самтҳои асосии ташаккул ва рушди низоми иқтисодиро меомӯзад, ки ба истифодаи самараноки захираҳо, коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист ва таъмини некӯаҳволии аҳолӣ равона гардидааст. Дар раванди омӯзиш мафҳумҳои рушди устувор, истеҳсолот ва истеъмоли масъулиятнок, сармоягузориҳои сабз, технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва сиёсати иқтисодию экологии давлат баррасӣ мешаванд. Омӯзиши фан барои омода намудани мутахассисоне, ки қобилияти таҳлили равандҳои иқтисодӣ ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли масъалаҳои экологию иқтисодиро доранд, аҳаммияти муҳим дорад.

 

3. Иқтисодиёти истифодаи сарватҳои табиӣ

Фанни «Иқтисодиёти истифодаи сарватҳои табиӣ» қонуниятҳои иқтисодии истифода, ҳифз ва барқарорсозии сарватҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои замин, об, ҷангал, сарватҳои зеризаминӣ ва дигар унсурҳои муҳити табииро меомӯзад. Диққати асосӣ ба арзёбии иқтисодии захираҳо, муайян намудани самаранокии истифодаи онҳо, идоракунии оқилонаи сарватҳои табиӣ ва пешгирии талафоти иқтисодию экологӣ равона карда мешавад. Фан ба ташаккули дониш ва малакаҳои зарурӣ барои қабули қарорҳои асоснок дар соҳаи истифодаи сарватҳои табиӣ ва таъмини рушди устувор мусоидат менамояд.

 

4. Иқтисод ва идораи сарфаи захираҳо

Фанни «Иқтисод ва идораи сарфаи захираҳо» усулҳои иқтисодӣ ва идоракуниро оид ба истифодаи самараноки захираҳои моддӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, энергетикӣ ва табиӣ меомӯзад. Дар доираи он масъалаҳои банақшагирии эҳтиёҷот ба захираҳо, кам кардани хароҷот, пешгирии талафот, баланд бардоштани ҳосилнокии захираҳо ва татбиқи технологияҳои сарфакунанда баррасӣ мешаванд. Омӯзиши фан барои ташаккули қобилияти таҳлил ва идоракунии захираҳо, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳо ва истифодаи оқилонаи имкониятҳои иқтисодӣ мусоидат мекунад.

 

5. Иқтисодиёти партовҳо ва коркарди дубора

Фанни «Иқтисодиёти партовҳо ва коркарди дубора» асосҳои иқтисодии ҷамъоварӣ, ҷудокунии аввалия, интиқол, коркард, безараргардонӣ ва истифодаи такрории партовҳоро меомӯзад. Дар раванди омӯзиш арзёбии хароҷот ва манфиатҳои иқтисодии коркарди партовҳо, ташаккули бозори ашёи хоми дуюмдараҷа, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф ва механизмҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти экологӣ баррасӣ мегарданд. Фан ба рушди малакаҳои таҳияи роҳҳои самараноки идоракунии партовҳо, кам кардани ифлосшавии муҳити зист ва истифодаи дубораи мавод мусоидат менамояд.

 

6. Сармоягузориҳои сабз

Фанни «Сармоягузориҳои сабз» моҳият, принсипҳо, шаклҳо ва механизмҳои ҷалби сармояро ба лоиҳаҳое меомӯзад, ки ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳо ва рушди технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза равона шудаанд. Мавзӯъҳои асосӣ арзёбии самаранокии иқтисодӣ ва экологии лоиҳаҳо, манбаъҳои маблағгузорӣ, маблағгузории лоиҳаҳои энергетикаи барқароршаванда, идоракунии хавфҳои сармоягузорӣ ва нақши давлату бахши хусусиро дар рушди иқтисодиёти сабз дар бар мегиранд. Омӯзиши фан барои ташаккули малакаҳои таҳия, арзёбӣ ва интихоби лоиҳаҳои сармоягузории устувор ва аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок замина фароҳам меорад.

 

7. Идоракунии хавфҳои экологӣ ва иқлимӣ

Фанни «Идоракунии хавфҳои экологӣ ва иқлимӣ» усулҳои муайянкунӣ, таҳлил, арзёбӣ ва идоракунии хавфҳоеро меомӯзад, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ, ифлосшавии муҳити зист ва фаъолияти истеҳсолӣ ба вуҷуд меоянд. Дар доираи фан масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳо, арзёбии зарари эҳтимолии иқтисодӣ ва таҳияи чораҳои мутобиқшавию пешгирикунанда баррасӣ мешаванд. Фан барои омода намудани мутахассисоне мусоидат мекунад, ки тавонанд хавфҳои экологию иқлимиро арзёбӣ намуда, барои ҳифзи захираҳо, устувории фаъолияти иқтисодӣ ва таъмини амнияти экологӣ қарорҳои асоснок пешниҳод намоянд.

 

8. Манбаъҳои барқароршавандаи энергия

Фанни «Манбаъҳои барқароршавандаи энергия» намудҳо, хусусиятҳо, имкониятҳои истифода ва самаранокии иқтисодии манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла энергияи офтоб, шамол, об, биомасса ва гармии дохилии Заминро меомӯзад. Дар раванди омӯзиш технологияҳои истеҳсоли энергияи тоза, арзёбии хароҷоти сармоягузорӣ, самаранокии энергетикӣ, имкониятҳои рушди энергетикаи барқароршаванда ва нақши он дар коҳиш додани вобастагӣ аз сӯзишвории истихроҷшаванда баррасӣ мешаванд. Омӯзиши фан барои ташаккули донишҳои иқтисодию техникӣ ва малакаҳои арзёбии имкониятҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо мақсади таъмини рушди устувори энергетикӣ мусоидат менамояд.

 

9. Кишоварзии сабз ва рушди устувор

Фанни «Кишоварзии сабз ва рушди устувор» принсипҳо ва усулҳои ташкили истеҳсолоти кишоварзиро меомӯзад, ки ба истифодаи оқилонаи замину об, ҳифзи ҳосилхезии хок, нигоҳдории гуногунии биологӣ ва коҳиш додани таъсири манфии фаъолияти кишоварзӣ ба муҳити зист равона шудаанд. Диққати асосӣ ба технологияҳои сарфакунандаи об, кишоварзии устувор, истифодаи оқилонаи нуриҳо ва воситаҳои ҳифзи растаниҳо, идоракунии устувори замин ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодии истеҳсолоти кишоварзӣ равона мегардад. Фан барои омода намудани мутахассисоне, ки метавонанд усулҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок ва экологӣ устувори пешбурди кишоварзиро таҳия ва татбиқ намоянд, аҳаммияти муҳим дорад.

 

10. Рушди технологияҳои сабз

Фанни «Рушди технологияҳои сабз» равандҳои таҳия, ҷорӣ намудан ва истифодаи технологияҳоеро меомӯзад, ки ба сарфаи захираҳо, коҳиш додани ифлосшавӣ, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва кам намудани таъсири манфии фаъолияти иқтисодӣ ба муҳити зист мусоидат мекунанд. Дар доираи фан масъалаҳои инноватсияҳои экологӣ, рақамикунонии равандҳои истеҳсолӣ, технологияҳои каммасраф, арзёбии самаранокии иқтисодӣ ва экологии навовариҳо ва механизмҳои дастгирии давлатии рушди технологияҳои сабз баррасӣ мешаванд. Омӯзиши фан барои ташаккули қобилияти арзёбӣ ва интихоби технологияҳои муосир, ҷорӣ намудани навовариҳо ва баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳо дар шароити иқтисодиёти сабз мусоидат менамояд.

 

11. Иқтисодиёти даврӣ ва истифодаи такрории захираҳо

Фанни «Иқтисодиёти даврӣ ва истифодаи такрории захираҳо» принсипҳо ва механизмҳои ташкили низоми иқтисодиеро меомӯзад, ки ба кам кардани партовҳо, дароз намудани муҳлати истифодаи маҳсулот, барқарорсозӣ, таъмир, коркарди дубора ва истифодаи такрории маводу захираҳо асос ёфтааст. Дар раванди омӯзиш моделҳои тиҷоратии иқтисодиёти даврӣ, самаранокии истифодаи ашёи хом, тарҳрезии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ устувор, занҷираҳои таъминоти даврӣ ва имкониятҳои иқтисодии истифодаи дубораи захираҳо баррасӣ мешаванд. Фан ба ташаккули малакаҳои таҳияи роҳҳои кам кардани талафоти захираҳо, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва мусоидат ба рушди низоми иқтисодии устувор ва каммасраф равона гардидааст.

 

12. Идоракунии рушди иқтисодиёти сабз

Фанни «Идоракунии рушди иқтисодиёти сабз» асосҳои назариявӣ ва амалии идоракунии равандҳои гузариш ба иқтисодиёти сабз, механизмҳои таҳия ва татбиқи сиёсати иқтисодию экологӣ ва роҳҳои таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоиро меомӯзад. Дар доираи фан масъалаҳои банақшагирии стратегии рушди иқтисодиёти сабз, такмили низоми идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоягузориҳои сабз, рушди технологияҳои инноватсионӣ ва арзёбии нишондиҳандаҳои рушди устувор баррасӣ мегарданд. Омӯзиши фан ба ташаккули дониш ва малакаҳои касбии донишҷӯён дар самти таҳлил, банақшагирӣ, ташкил ва идоракунии барномаҳою лоиҳаҳои иқтисодиёти сабз мусоидат намуда, барои омода намудани мутахассисони қобилияти таҳия ва татбиқи қарорҳои самараноки идоракуниро дар шароити рушди устувор дошта замина фароҳам меорад.

 

13. Танзими давлатии иқтисодиёти комплекси агросаноатӣ КАС

Фанни «Танзими давлатии иқтисодиёти КАС» асосҳои назариявӣ ва амалии танзими давлатии комплекси агросаноатӣ (КАС), нақш ва вазифаҳои давлатро дар таъмини рушди устувори соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ меомӯзад. Дар доираи фан сиёсати аграрӣ, усулҳо ва воситаҳои танзими иқтисодӣ, дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони кишоварзӣ, андозбандӣ, қарздиҳӣ, сармоягузорӣ, танзими бозори маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ баррасӣ мегарданд. Ҳамзамон, масъалаҳои баланд бардоштани рақобатпазирии комплекси агросаноатӣ, истифодаи самараноки замину об ва дигар захираҳои табиӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва татбиқи принсипҳои иқтисодиёти сабз мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Фан ба ташаккули дониш ва малакаҳои касбии донишҷӯён дар самти таҳлил ва арзёбии сиёсати давлатии аграрӣ, таҳияи пешниҳодҳои иқтисодӣ ва муайян намудани роҳҳои такмили танзими давлатии комплекси агросаноатӣ мусоидат менамояд.

 

14. Иқтисоди аграрӣ

Фанни «Иқтисоди аграрӣ» қонуниятҳои иқтисодии истеҳсол, тақсимот, мубодила ва истеъмоли маҳсулоти кишоварзӣ, хусусиятҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидории аграрӣ ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзиро меомӯзад. Дар раванди омӯзиши фан масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, меҳнат ва сармоя, ташкили истеҳсолоти кишоварзӣ, хароҷот ва арзиши аслии маҳсулот, нархгузорӣ, даромаднокӣ, ҳосилнокӣ, муносибатҳои бозорӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ мешаванд. Диққати махсус ба истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, рушди соҳибкории аграрӣ, коҳиш додани талафоти истеҳсолӣ ва татбиқи усулҳои устувори пешбурди хоҷагидорӣ равона мегардад. Омӯзиши фан барои ташаккули қобилияти таҳлил ва банақшагирии фаъолияти иқтисодии корхонаҳои кишоварзӣ, арзёбии натиҷаҳои молиявию иқтисодӣ ва таҳияи роҳҳои баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти аграрӣ замина фароҳам меорад.

 

 

 

 


Ихтисосҳо

Ихтисосҳои кафедра

Ø ихтисоси 1-25010734 - иқтисодиёти сабз ба омодасозии мутахассисони баландихтисос дар самти иқтисодиёти сабз, идоракунии оқилона ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ равона гардидааст. Дар раванди таълим донишҷӯён асосҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии марбут ба иқтисодиёти сабз, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, идоракунии захираҳо ва татбиқи механизмҳои рушди устуворро меомӯзанд.

Ø ихтисоси 1-250102 - иқтисодиёт яке аз самтҳои муҳими омодасозии мутахассисони соҳаи иқтисод ба ҳисоб рафта, ба ташаккули донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии донишҷӯён дар самти таҳлил, банақшагирӣ, идоракунӣ ва арзёбии равандҳои иқтисодӣ равона шудааст. Дар доираи ин равия донишҷӯён дониш ва малакаҳои заруриро барои таҳлил ва идоракунии равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳияи қарорҳои самараноки иқтисодӣ ва татбиқи онҳо дар шароити муосир аз худ менамоянд.

 

Корҳои илми тадқиқоти

Ҳайати кормандони кафедра