Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи ҷудонопазиру муҳимми ҷомеаи муосири Тоҷикистон буда, бо таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имконияти васеъ муҳайё месозад. Матбуот дар ҳама давру замонҳо яке аз қадимтарин воситаҳои ахбори оммаест, ки бо муассирӣ, боэътимодӣ ва дарозумрии худ аз дигар навъҳои ВАО фарқ мекунад.

Новобаста ба рушди воситаҳои электронии ахбор, пешрафти илму техника ва Интернету саҳифаҳои иҷтимоӣ ва дигар навъҳои нави иттилоърасонӣ матбуот ҳанӯз ҳам дар низоми ВАО ҷойгоҳи хос дорад. Матбуоти даврӣ ҳамчун воситаи классикии ахбори омма, аз нигоҳи сареияти пахши ахбор каме таъхир намояд ҳам, вале он воситаи муассирест барои муколама бо ҷомеа, музокираи мушкилоти мавҷуда, дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ва таъсир расонидан ба афкори хонанда.

Имрӯзҳо дар баробари дигар матбуоти ҷорӣ нашрияи донишгоҳии “Молия ва иқтисод” фаъолият менамояд. Шумораи аввалини он 7 марти соли 2013 бо теъдоди 3000 нусха рӯйи чоп омад. Маҳз дар арафаи Рӯзи Модар ва Рӯзи матбуот таъсис ёфтани рӯзнома ин рамзист, зеро дар фазои иттилоотии кишвар як нашрияи дигар афзуд.

Ҳайати эҷодии феълии нашрия аз рӯзноманигорони пуртаҷриба иборат буда, мекӯшанд, ки дар ҳар як шумораи он маводи хондание ба мухотабони худ расонанд.

Имрӯз нашрия рисолати худро ҳамчун инъикоскунандаи ҳаёту фаъолият ва меҳвари идеологии муассиси худ - Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бошарафона иҷро менамояд. Онро метавон бойгонӣ ва таърихи ҷовидонаю оинаи таълимгоҳ номид, зеро ҳамаи чорабиниҳо дар он мунъакис мегарданд. Бояд таъкид сохт, ки кормандони шуъбаи иттилоот ва нашрия, дар симои Очилдиев Маҳмадалӣ, Ҷобиров Наврӯз, Ҳакимова Раъно, Тағоймурод Эшзода, Асрор Ятимзода, Ҳусейни Саъдулло ҳамагӣ дар омодасозии рӯзнома, пурра сохтан ва пеш бурдани сомонаи донишгоҳ ва саҳифаҳои иҷтимоии таълимгоҳ саҳми беназир мегузоранд.

Дар чор шумораи аввалини он сармуҳаррир Ҳанифаи Муҳаммадохир буд, аз моҳи майи соли 2013 то моҳи октябри соли 2024 сармуҳарририи ин нашрия бар зиммаи номзади илмҳои филологӣ Машҳура Абдуллоева, аз моҳи ноябри соли 2024 то июни соли 2025 ба уҳдаи муаллима Давлатбӣ Сайдалиева вогузор карда шуда буд. Ҳоло сармуҳаррири рӯзномаи «Молия ва иқтисод» Наврӯз Ҷобиров мебошад.

Ҳайати эҷодии феълии нашрия низ аз рӯзноманигорони пуртаҷриба иборат буда, мекӯшанд, ки дар ҳар як шумораи он маводи хондание ба мухотабони худ расонанд.

Нашрия имрӯз рисолати хешро бомуваффақият иҷро карда истодааст, ки дар ин самт баробари заҳмати содиқонаи кормандонаш дастгириҳои ректорони собиқ Р. Мирбобоев, А. Солеҳзода, Қ. Давлатзода, Ш. Хайрзода, Ҳ. Абдуалимзода ва ҳоло Б. Сатторзода бузург аст.

Айни замон «Молия ва иқтисод» на танҳо байни рӯзномаҳои муассисаҳои таълимӣ, балки дар миёни дигар нашрияҳо, чи аз ҷиҳати сифату мазмун ва чи аз ҷиҳати чопи маводи ҷолиб ва хонданӣ нуфуз ва ҷойгоҳи устувор дорад.