Маълумот барои довталабони хориҷӣ
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии пешрафтаи кишвар буда, дорои заминаи бойи таълимӣ мебошад. ДДМИТ дорои 6 бинои асосии таълимӣ, чор бинои ёрирасон, се толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ, китобхона, ду хобгоҳ, се ошхонаи муосир, ду майдончаи муосири варзишӣ ва дигар иншооти зарурӣ мебошад. ДДМИТ танҳо дар як баст 5200 ҷойи аудиторӣ таъмин карда шудааст, ки дар он зиёда аз 10000 донишҷӯ таҳсил мекунанд Дар донишгоҳ беш аз 402 профессор ва омӯзгорон бо корҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд, ки 20 нафари онҳо дараҷаи докторӣ ва 127 нафар номзади илмҳои гуногун мебошанд.
Муассиси ДДМИТ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
ДДМИТ мутахассисони касбиро аз рӯи се дараҷа ва сатҳи таҳсилот тайёр мекунад бакалавр (47 ихтисос), магистр (13 ихтисос), доктор аз рӯи ихтисос PhD (7 ихтисос). Дар Донишгоҳ таҳсил бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Дар донишгоҳ 7 факултет амал мекунад: Ҳисобдорӣ ва омор, Иқтисод ва идоракунии давлатӣ, Менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, Иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, Молия ва қарз, Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва Фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ.
Дар хобгоҳҳои Донишгоҳ 1100 ҷой барои донишҷӯён ва магистрҳо аз минтақаҳои дурдаст мавҷуд аст. Дар хобгоҳҳо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд, донишҷӯён бо дастрасӣ ба интернет, китобхона, китобхонаи электронӣ, оби гарм, телевизорҳо ва толори варзишӣ ва тамоми шароити манзил таъмин карда шудаанд. Дар Донишгоҳ инфрасохтори зарурӣ барои тарзи ҳаёти солим таъсис дода шудааст. Дар ҳамаи биноҳо ва толорҳои варзишӣ бахшҳои варзишӣ доимо фаъолият мекунанд.
Айни замон дар донишгоҳ 153 донишҷӯи хориҷӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии федеративии Олмон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Қазоуистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Авғонистон дар зинаҳои гуногун таҳсил менамоянд.
Тартиби қабул барои шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
- Ариза барои қабул
- Нусхаи шиносномаи миллӣ
- Шаҳодатнома, Диплом
- Расм 3x4 (6 дона)
- Тавсифнома аз муассисаи таълимӣ
- Маълумотномаи тиббӣ шакли - 038
- Маълумотномаи тиббӣ (ВИЧ/СПИД)
- Маълумотнома аз ҷои зист
Тоҷ
Рус
Eng 



