Маълумотномаи кафедра

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

   Тибқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбии муассисаҳои олии таълимӣ» ва банди 4 Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи фармони ректори Донишкадаи молияи Тоҷикистон,  таҳти № 36/И аз  9-уми июли  соли 2010-ум кафедраи «Ҳисобдорӣ, таҳлил ва аудит» ҳамҷун кафедраи тахассусӣ таъсис ёфт. Бо фармони ректори ДМТ, таҳти № 38/И, аз 12 июли соли 2011 кафедраи мазкур ба ду кафедраи мустақил: «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит», «Омор ва таҳлил» ҷудо карда шуд.

          Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 227 аз 11 майи соли 2012 дар заминаи Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъсис дода шуд. Инчунин Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро соҳиб шуд, ки кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ бо ҳамин ном дар зерсохтори факултети ҳисобдорӣ ва омор нигоҳ дошта шуд.

 Бо қарори ШО ДМИТ, таҳти № 1 аз 30 майи соли 2014 ва фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон № 39 аз 31 майи соли 2014 сохтори ДМИТ ва дар таркиби факултети ҳисобдорӣ ва омор кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит тасдиқ карда шудааст. Мудирии кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудитро  н.и.и., дотсент Раҳимов С.Ҳ. ба ӯҳда дошт.

Бо фармони ректори ДМИТ, таҳти № 114/И, аз 8 июли соли 2014 кафедраи мазкур ба ду кафедраи мустақил: «Баҳисобгирии муҳосибӣ» ва «Аудит ва ревизия» ҷудо карда шуд.

 Аз моҳи ноябри соли 2014 то моҳи январи соли 2019  н.и.и., дотсент Пираков Р.М. ва аз моҳи феврали соли 2019 то моҳи феврали 2022  н.и.и., дотсент Маъдиев С. вазифаи мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибиро  ба  ӯҳда доштанд. Тибқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 16.02.2022 сол  то инҷониб мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ  номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бобомуродов Б.Э. мебошад.

Дар солҳои 2009-2012 дар ташкил ва рушди фаъолияти кафедра устодони зерин саҳмгузор мебошанд:  Шарифов З.Р., Раҳимов С.Х., Раҳмонов А.М., Раҳимов З., Маъдиев С.,  Солиев Н.Н., Исматов А.Ҳ., Бобомуродов П.Х., Олимов Д.А., Султонова С.М., Шарифова Р.Н., Тилакмуродова С.Д., Раҳматов Б.Қ., Рахимова Д. З. ва ғайраҳо.

            Фаъолияти кафедра дар асоси стандартҳо ва барномаҳои таҳсилоти тахассусӣ, нақшаҳои таълимӣ, фармоишу қарорҳо ва дастурҳои ректор, роҳбарияти факултет, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Аз тарафи ҳайати профессорон ва дотсентони кафедра китобҳои дарсӣ, васоитҳои таълимӣ, дастурҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ (силлабус) аз фаннҳои тахассусии кафедра барои бахшҳои низоми таҳсилоти кредитӣ таҳия гардиданд.

            Кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ яке аз кафедраҳои тахассусии пешсафи донишгоҳ буда, мутахассисони соҳаи ҳисобдориро вобаста ба зинаи таҳсилот дар чунин самтҳо омода менамояд:

аз рӯи ихтисоси 1-250108-“Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит” - зинаҳои таҳсилоти бакалавр ва магистр дар шуъбаи рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ;

аз рӯи ихтисоси 1-25010801-“Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо” - зинаи таҳсилоти бакалавр дар шуъбаи рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ;

аз рӯи ихтисоси 1-25010803-“Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ” - зинаи таҳсилоти бакалавр дар шуъбаи рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ;

аз руи ихтисоси 6D050801- Баҳисобгирӣ ва аудит (6D050801- Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит)-зинаи таҳсилоти доктори фалсафа (PhD) дар шуъбаи рӯзона.


Фанҳои таълимӣ

РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Аз ҷониби кафедра дар гурӯҳҳои академии донишгоҳ: зинаи бакалавр тадриси 18 фан, зинаи магистр тадриси 7 фан ва дар зинаи доктори фалсафа (PhD) аз рӯи ихтисос тадриси 3 фан ба роҳ монда шуда аст, ки бо барномаи таҳсилот, нақшаи таълимӣ, барномаи таълимӣ, силлабус, матни лексия ва дастурҳои таълимӣ таъмин мебошад.

 ЗИНАИ БАКАЛАВР

Ҳуҷҷатгузории муҳосибӣ;

Назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ;

Баҳисобгирии муҳосибӣ;

Баҳисобгирии  муҳосибӣ  ва аудит;

Баҳисобгирии муҳосибии молиявӣ;

Баҳисобгирии   муҳосибии идоракунӣ;

Баҳисобгирии муҳосибӣ  дар бонкҳо;

Баҳисобгирии муҳосибӣ   дар  муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ;

Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ

Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар бахши давлатӣ

1-С муҳосибот

Моделҳои баҳисобгирии муҳосибӣ

Ҳисоботи молиявӣ

Амалияи муҳосибӣ

Ташхиси муҳосибӣ судӣ

Баҳисобгири муҳосибӣ дар саноат

Баҳисобгирии муҳосибии  андоз

Фаъолияти муҳосибӣ

ЗИНАИ МАГИСТР

Масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ дар кишоварзӣ

Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (омӯзиши васеъ)

Масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ дар саноат

Баҳисобгирии муҳосибии идоракунӣ (омӯзиши васеъ)

Моделҳои баҳисобгирии муҳосибӣ

Баҳисобгирии муҳосибии молиявӣ ( омӯзиши  васеъ)

Фаъолияти муҳосибӣ ( омӯзиши  васеъ)

 

ЗИНАИ ДОКТОРИ ФАЛСАФА (PhD)

Масъалаҳои муҳими баҳисобгирии  муҳосибӣ  ва аудит;

Ташкили коргузории муҳосибӣ;

Баҳисобгирии муҳосибии молиявӣ ( омӯзиши  васеъ).

             Кафедра бо истифода аз технологияҳо ва усулҳои муосири таълимӣ, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқанд, мутахассисони соҳаи ҳисобдориро дар зинаҳои бакалавр, магистр ва доктор (PhD)  тайёр менамояд.

 


Ихтисосҳо

Ҳоло кафедра яке аз кафедраҳои пешсафи донишгоҳ ба ҳисоб рафта, мутахассисони соҳаҳои зеринро омода менамояд:

 

Фаъолияти кафедра айни замон аз руйи чор ихтисос 1-250108-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, 1-25010801-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонк, 1-25010803-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ, 1-25010805-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат дар зинаҳои бакалавариат ва (рӯзона ва фосилавӣ), магистратура ба роҳ монда шудааст.  

1– 250108 – Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, мутахассисонро дар самти баҳисобгирии муҳосибӣ (молиявӣ ва идоракунӣ), таҳлили молиявию иқтисодии фаъолияти ташкилотҳо, аудити дохилӣ ва беруна, баҳисобгирии андоз ва ҳисоботдиҳӣ, банақшагирӣ ва назорати молиявӣ, назорати риояи қонунгузории молиявӣ ва андозӣ тайёр мекунад. Хатмкунандагони ихтисоси "Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит" метавонанд вазифаҳои гуногунро  аз муҳосиб, сармуҳосиб, иқтисодчӣ, таҳлилгари молиявӣ, аудитор, мутахассиси андоз ва ҳисоботдиҳӣ то роҳбарии сатҳи олӣ дар ташкилотҳои хусусӣ ва давлатиро ишғол кунанд. Онҳо метавонанд дар муассисаю корхонаҳои бахши давлатӣ, ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, корхонаҳои тиҷоратию итеҳсолӣ, корхонаҳои саноатӣ, ширкатҳои аудиторию машваратӣ, муассисаҳои молиявӣ ва сармоягузорӣ кору фаъолият намоянд. 

1-25010801 – Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонк, мутахассисонро дар самтҳои  баҳисобгирии бухгалтерӣ дар бонкҳо,  таҳлили молиявӣ ва иқтисодии фаъолияти бонкӣ, аудити дохилӣ ва берунаи бонкҳо, баҳисобгирӣ ва таҳлили хавфҳои бонкӣ, баҳисобгирии андоз дар соҳаи бонкдорӣ, назорати риояи қонунгузорӣ ва меъёрҳои бонкӣ омода менамояд. Хатмкунандагони ихтисоси "Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонк" метавонанд вазифаҳои гуногунро аз муҳосиб дар бонк, мутахассиси баҳисобгирии бонкӣ, иқтисодчии бонк, таҳлилгари молиявӣ, аудитори дохилии бонк, мутахассиси назорати дохилӣ ва ҳисоботдиҳӣ то роҳбарии сатҳи олӣ дар ташкилотҳои қарзиро ишғол кунанд. Онҳо метавонанд дар бонкҳои тиҷоратӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, ширкатҳои аудиторию машваратӣ, муассисаҳои молиявӣ ва сармоягузорӣ кор кунанд. 

1-25010803 – Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ, мутахассисонро дар самтҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва буҷетӣ, баҳисобгирии иҷрои буҷет, таҳлили молиявию иқтисодии фаъолияти муассисаҳо, аудити дохилӣ ва назорати молиявӣ, баҳисобгирии андоз ва омори молиявӣ ва  назорати риояи қонунгузории молиявӣ ва буҷетӣ омода менамояд. Хатмкунандагони ихтисоси "Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ" метавонанд вазифаҳои гуногунро аз муҳосиб дар муассисаи буҷетӣ ё илмӣ, сармуҳосиб, иқтисодчии муассисаи давлатӣ, мутахассиси шуъбаи молия ва иқтисод, аудитори дохилӣ, ревизор, мутахассиси назорати молиявию буҷетӣ то роҳбарии сатҳи олӣ дар муассисаҳо ва корхонаҳои бахши давлатиро ишғол кунанд. Онҳо метавонанд дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, муассисаҳои буҷетӣ, раёсати молияҳо, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ,  мақомоти назорати молиявӣ ва ҳисоботӣ, фондҳо ва хадамотҳои агентии давлатӣ фаъолият намоянд. 

1-25010805 – Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат, мутахассисонро дар самтҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва идоракунӣ дар корхонаҳои саноатӣ,  баҳисобгирии хароҷот ва ҳисоби арзиши аслии маҳсулот, таҳлили молиявию иқтисодии фаъолияти истеҳсолӣ, аудити дохилӣ ва берунаи корхонаҳои саноатӣ, баҳисобгирии андоз ва ҳисоботдиҳӣ, назорати риояи қонунгузории молиявӣ ва андозӣ омода менамояд. Хатмкунандагони ихтисоси "Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар дар саноат" метавонанд вазифаҳои гуногунро аз муҳосиб дар корхонаи саноатӣ,  сармуҳосиб, иқтисодчӣ оид ба истеҳсолот,  таҳлилгари молиявӣ, аудитори дохилӣ, мутахассиси банақшагирии молиявӣ то роҳбарии сатҳи олӣ дар ширкатҳо ва корхонаҳои саноатиро ишғол кунанд. Онҳо метавонанд дар корхонаҳои саноатӣ (давлатӣ ва хусусӣ), ширкатҳои истеҳсолӣ ва холдингҳо, ширкатҳои аудиторӣ ва машваратӣ, ташкилотҳои сармоягузорӣ, мақомоти молиявӣ ва андозӣ  кор кунанд. 


Ҳайати кормандони кафедра