Маълумотномаи факултет

Тилабов Ёрибек Эмомназарович
Декани факултет
номзади илми иқтисод, дотсент
| +992 93 598 71 21 | |
Факултети ҳисобдорӣ ва омор, яке аз воҳидҳои асосии қисми таълимӣ-илмии сохтори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, аз рузи таъсисёбиаш фаъолияти таълимӣ, методӣ, илмӣ ва тарбиявии факултетро мутобиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда, Оинномаи ДДМИТ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ ба роҳ мондааст.
Факултети ҳисобдорӣ ва омори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо қарори Шурои олимони донишкада (ҳоло донишгоҳ) таҳти рақами № 1 аз 30 майи соли 2012 ва фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 39 аз 31 майи соли 2012 таъсис дода шудааст.
Қисмати асосии фаъолияти факултети ҳисобдорӣ ва омор аз тайёр намудани мутахасиси баландихтисос ба шумор рафта, ҷараёни таълиму тарбия аз рўи низоми таҳсили кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Низоми кредитӣ низоми аврупоии таҳсилот ба ҳисоб рафта, ин гуна шакли таълим дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон маъруф мебошад ва донишҷў метавонад дар тамоми донишгоҳу донишкадаҳои мамлакатҳои Аврупо аз рўи ин низом таҳсил намояд ва дар ҳолати интиқол шудани он ба макотиби олии дигар давлат бемамоният таҳсили худро идома диҳад.
Дар факултет се лабараторияи компютерии замонави арзи вуҷуд дорад, ки онҳо бо воситаҳои техникӣ ва компютерҳои муосири насли нав муҷаҳҳазанд. Дар факултет 100 адад компютер бо шабакаи байналмилалии Интернет пайваст буда, 5-то тахтаи электрони бо проектор, 1-то планшети деворӣ, 6-то панели сенсорӣ, 1-то экрани банерӣ, 21-то принтерҳои бисерфунксионалӣ, сканер ва дигар лавозимоти техникӣ дар ихтиёри донишҷӯёну устодон қарор доранд ва базаи моддию техникии онро ғани мегардонанд. Дар факултет ду лабараторияи “1С-муҳосибот” ва як адад лабараторияи информатика мавҷуд буда, муҳассилин аз рӯи барномаҳои махсусгардонидашуда ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Дар сохтори факултаи ҳисобдорӣ ва омор Шурои олимони факултет, Шурои илмӣ-методии факултет, декани факултет, эдвайзерон оид ба таълиму тарбия, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, кафедраҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлили иқтисодӣ ва омор, аудит ва ревизия ва оператор-ҳуҷҷатнигори факултет дохил мешаванд. Роҳбарии факултетро олими пуртаҷриба номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Тилабов Ёрибек Эмомназарович ба ӯҳда дорад.
Дар факултети ҳисобдорӣ ва омор се кафедраи тахассуси амал менамоянд:
кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ;
кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор;
кафедраи аудит ва ревизия.
Бояд қайд кард, ки дар факултети ҳисобдорӣ ва омор 3-кафедраи тахассусӣ: баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлили иқтисодӣ ва омор, аудит ва ревизия рост меояд. Боиси қаноатмандист, ки роҳбарии кафедраи баҳисобгирии муҳосибиро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, Бобомуродов Б.Э., кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва оморро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, Шодиев К.Қ. ва кафедраи аудит ва ревизияро номзади илмҳои иқтисодӣ, ассистент Барортов А.Х. ба уҳда дорад.
Дар факултети ҳисобдорӣ ва омор тайёр намудани мутахассисон аз рўи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудаанд:
- ихтисоси 1-25010800-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
- ихтисоси 1-25010801-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо
- ихтисоси 1-25010803 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ-илмӣ,
- ихтисоси 1-25010201 - иқтисодиёти таҳлилӣ
- ихтисоси 1-25010500 – омор
- ихтисоси 1-25011100- аудит ва ревизия
- ихтисоси 1-26010301 – танзими давлатии иқтисоди миллӣ
Дар факултет соли таҳсили 2024-2025 ҳамагӣ 824 нафар донишҷўён таҳсил менамоянд, ки нисбати соли таҳсилӣ 2023-2024, 24-нафар донишҷў кам мебошад, аз инҳо:
- 179 нафар-буҷавӣ
- 645 нафар –шартномавӣ мебошанд.
Аз рӯи ҷинсият:
- 704- нафар писарон
- 120 –нафар духтаронро ташкил менамоянд.
Дар соли таҳсили 2024-2025 ҳайати устодон ва кормандони факултет ҳамагӣ 67 нафар иборат мебошад, ки аз он 41 нафар устодони доимӣ 15 нафар ҳакори дохилӣ 7 нафар ҳамкори берунӣ ва 4 нафар оператор-ҳуҷҷатнигор кору фаъолият намуда истодаан. Дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ факультет 32 нафар устодони факултет ширкат меварзанд, ки корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро вобаста ба марҳилаҳои интихобкардаашон ба анҷом расонида истодаанд, ногуфта намонад, ки 50%-и онҳоро устодони унвондор ташкил менамоянд.
Ҷадвали дарсии факултет
Ҳайати кормандони факултет
_small.jpg)
Шарипов Вайсиддин
Муовини декна оид ба таълим
| +992 99 999 9999 | |

Абдураҳмони Баҳром
Муовини декан оид ба таълим
| +992 90 303 06 09 | |

Шарифзода Беҳруз
Муовини декан оид ба тарбия
| +992 9999999 | |

Ҷураева Заррина Бахтиёровна
Офис-бақайдгиранда
| +992 99 999 9999 | |

Азизова Баноз
Оператор-ҳуҷҷатнигор
| +992 99 999 9999 | |
Тоҷ
Рус
Eng 